Кишти пахта дар зери плёнка – таҷрибаи наву самаранок дар Конибодом
- Details
- Published on Wednesday, 19 March 2025 10:35
Кишоварзони шаҳри Конибодом бо истифода аз обу ҳавои мусоид ва ҷиҳати татбиқи таҷрибаҳои илмии пешрафта дар истеҳсолот бори нахуст кишти пахтаро дар зери плёнка роҳандозӣ намуданд.
Маросими оғози кишти пахта дар зери плёнка дар ҳоҷагии деҳқонии "Аҳмадҷон" баргузор шуда, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо пошидани нахустин донаҳои умед ба кишти пахта оғоз бахшид.
Соли ҷорӣ кишоварзони шаҳри Конибодом дар майдони 5690 гектар пахта кишт мекунанд. Танҳо дар ҳоҷагии деҳқонии "Аҳмадҷон" дар 17 гектар кишти пахта ба роҳ монда мешавад.
Ба таъкиди мутахассисон кишти пахта дар зери плёнка аз чанд ҷиҳат бартарият дошта, барои гирифтани ҳосили фаровон ва баландсифат мусоидат мекунад.
Раиси вилоят зимни боздид аз намоиши тухмиҳои хушсифати пахта ва техникаҳои соҳаи кишоварзӣ ба кори семинар-машварат дар мавзӯи "Агротехникаи кишти пахта дар зери плёнка" низ ҳусни оғоз бахшид.
Зимни суҳбат бо кишоварзон таъкид шуд, ки тибқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд ба рушди соҳаи кишоварзӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад. Истифодаи таҷрибаҳои пешрафта, аз ҷумла кишти пахта дар зери плёнка, ба кам кардани хароҷоти истеҳсолӣ ва афзоиши ҳосилнокӣ мусоидат хоҳад кард.
Тазаккур дода шуд, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, инчунин саҳми кишоварзон соли гузашта дар пойгоҳҳои обкашии шаҳр якчанд агрегатҳои нав дастрас карда шуд ва вазъи таъминоти заминҳо бо об беҳтар карда шуд.
Кишоварзонро зарур аст, ки барои иҷрои нақшаҳои гузошташуда меҳнат намуда, бо риояи қоидаҳои агротехникӣ ҳосили дилхоҳ ба даст оваранд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд