Кишоварзӣ: Сифати дастовардҳо қонеъкунанда аст!...

Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят таҳти раёсати Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ҷаласаи оид ба натиҷаҳои соҳаи кишоварзии вилоят дар соли 2014 баргузор гардид, ки дар муовинони Раиси вилоят, раисони як қатор шаҳру ноҳияҳо ва муовинони онҳо, сардорони идораҳои кишоварзӣ раисони ҷамоатҳои деҳот ва шаҳрак ва масъулини сохтори дахлдори вилоятӣ ширкат варзиданд.

 Ҷаласаро Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ифтитоҳ намуда, оид ба натиҷаҳои фаъолияти кормандони соҳаи кишоварзии вилоят дар соли 2014, бахусус роҷеъ ба амалишавии Қарори Раиси вилоят «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ оид ба таҷдиди хоҷагиҳои калонҳаҷми кишоварзии вилоят ба хоҷагиҳои деҳқонии инфиродию оилавӣ» аз 9 декабри соли 2013, №278, вазъи обрасонӣ дар соҳаи кишоварзӣ, истифодаи пурсамари қоидаҳои агротехникии пешқадам ва тухмиҳои хушсифат, ҳамзамон бобати идомаи минбаъдаи раванди ислоҳоти соҳа суханронӣ намуда, дар маҷмўъ, дастовардҳои кишоварзони вилоятро нек арзёбӣ намуд.

Раиси Кумитаи идораи замини вилоят Ориф Хоҷаев оид ба таъмини иҷрои Қарори Раиси вилоят «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ оид ба таҷдиди хоҷагиҳои калонҳаҷми кишоварзии вилоят ба хоҷагиҳои деҳқонии инфиродию оилавӣ» аз 9 декабри соли 2013, №278 маълумот дода, зикр дошт, ки ин тадбири муҳим ба таҳкиму густариши соҳа, бахусус истифодаи пурсамари замин, истеҳсоли маҳсулоти босифат, ғанӣ шудани бозори дохилӣ ва дастурхони мардум мусоидат намуд. Вале мутаассифона, роҳбарону масъулин на дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои кишоварзии вилоят моҳияти аслии ин қарори муҳим ва судмандро дарк намуда, ташаббускорӣ зоҳир намуданд. Чуноне, зикр гардид, раванди таҷдиди хоҷагиҳои калонҳаҷм дар шаҳру ноҳияҳои Ғончӣ, Айнӣ, Спитамен, Ҷаббор Расулов, Панҷакент, Кўҳистони Мастчоҳ суст ҷараён гирифта, дар натиҷа 144 хоҷагиҳои калонҳаҷм саривақт таҷдид нашуданд. Абдураҳмон Қодирӣ сабабҳои оқибмонӣ, роҳ додан ба камбудиҳо ва бемасъулиятии раисони кумитаҳои идораи замини шаҳру ноҳияҳои зикргардидаро таъкид дошта, бобати идомаи корҳои ислоҳоти замин дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Дар ҷаласа сардори Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилоят Зариф Вализода бобати пардохти ҳаққи обрасонӣ, таъсиси Ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об ва аз ҷараёни корҳои омодагӣ ба мавсими нав гузориш дод.

Зикр гардид, ки алҳол дар вилоят 227 Ассотсиатсияҳои истифодабарандагони оби полезӣ амал мекунанд, ки бештар аз 197 ҳазор гектар замини киштро дарбар мегиранд. Раиси вилоят ба масъулини соҳа бобати беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо дастур дода, набудани таҷҳизоти обченкуниро мушкилоти асосӣ дар соҳа арзёбӣ намуд. Вазъи пардохти ҳаққи хизмати обрасонӣ дар шаҳру ноҳияҳои Конибодом, Спитамен, Зафаробод, Мастчоҳ, бахусус дар Ҷамоатҳои деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод, Пўлотон ва Лоҳутии шаҳри Конибодом, Косатарош ва Саразми шаҳри Панҷакент, Унҷии Бобоҷон Ғафуров ташвишовар арзёбӣ гардид.

Дар ин самт Абдураҳмон Қодирӣ бобати фаъолияти пурсамари ситоди вилоятӣ, таъминоти пойгоҳҳои обкашӣ бо барқ, таъмири зеристгоҳҳои барқӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Дар ҷаласа, ҳамзамон сардори Сарраёсати кишоварзии вилоят Бобоҷон Домуллоев аз бурду бохти кишоварзони вилоят, нақшаву ниятҳо ва вусъати раванди ислоҳоти соҳа дар соли 2015 ҳарф зад. Мавсуф аз ҷумла зикр дошт, ки кишоварзони вилоят соли равон ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзиро ба андозаи 102,8 фоиз таъмин намудаанд, ки дар аксари соҳаҳо дастовардҳо назаррасанд.

Раиси вилоят роҳбарону масъулини соҳаро вазифадор намуд, ки дар мавсими нав ба кишту парвариши тухмиҳои хушсифат, риояи қоидаҳои агротехникӣ, таъсиси истгоҳҳои техника ва таҷҳизоти кишоварзӣ, рушди соҳаи чорводорӣ, ниҳолшинонӣ, кишти саривақтии зироатҳо эътибори ҷиддӣ зоҳир намоянд.

Абдураҳмон Қодирӣ зикр дошт, ки дар соли 2015 иҷрои Барномаи вилоятии роҳҳои обод, ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ идома ёфта, соли 2015 - соли рушди муассисаҳои фарҳангӣ эълон хоҳад гашт. Раиси вилоят ҳамзамон, роҳбарону масъулинро вазифадор намуд, ки ба истиқболи таҷлили ҷашни Наврўзи байналмилалӣ, ки соли равон бо ибтикори Сарвари давлат дар вилояти Суғд доир мегардад, дар сатҳи баланд омодагӣ бинанд ва дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ, осоишу ризоият ба ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ тавсеа бахшанд.

Хабарнигори «Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh