Малах: майдони паҳнгаштаи он 4470 гектар!...

Малах ҳашароти зараррасони майдонҳои кишт ва дарахтзору чарогоҳҳо буда, ҳамасола баҳри пешгирии он тадбирҳои амалӣ андешида мешаванд. Бо мақсади шиносо шудан аз фаъолияти мутахассисони соҳа ва чигунагии ин намуди ҳашарот сўҳбате доштем, бо сардори КВД «Мубориза бар зидди малах» Абдухолиқ Бобоҷонов.

Ба ҳамагон маълум аст, ки аз давраҳои қадим одамон малахро ҳамчун зараррасон ва офати асосии табиии зироатҳои кишоварзӣ ва чарогоҳҳо ҳисоб мекарданд. Паҳншавӣ ва зарароварии малах пеш аз солшумории мелодӣ дар Мисри қадим ва баъдтар дар Fарби наздику давлати Чин маълум гардидааст. Дар Тавроту Инҷил бошад, малах ҳамчун касалии вабо дарҷ шудааст. Дар асри ХIХ паҳншавии малах дар ҳудуди cалтанати рус, Қазоқистон ва Осиёи Марказӣ ҷой дошта, соли 1864 киштзору чарогоҳҳо дар ҷанубу шарқи Қазоқистон аз зарари малах ба нестӣ расида буданд.

- Малахҳо намудҳои гуногун доранд: ҷангалӣ, кўҳӣ ва регзорӣ. Малахҳо дар баробари зараровар будани худ дар табиат дар гардиши моддаҳои ғизоӣ нақши босазо мегузоранд. Онҳо растаниҳоро ҳамчун маводи хўрока истифода бурдаву майда карда, ба моддаҳои ғизоӣ табдил медиҳанд ва барои дигар организмҳо, занбўруғҳо ва бактерияҳо ғизо фароҳам мекунанд. Микроорганизмҳое, ки аз наҷосати малахҳо ба вуҷуд меоянд, дар табиат ба пайдоиши витаминҳои гурўҳи В мусоидат менамоянд. Аксар вақт аз омилҳои зиндагии одамон шаклу намуди сатҳи замин тағйир ёфта, боиси паҳншавии малах мегардад. Дар мавзеъҳои кўҳӣ паҳншавии малах аз хушксолӣ пеш меояд. Ҳангоми хушксолиҳо малахҳои галагӣ (парвозӣ) бисёр паҳн гашта, хусусияти морфолигию физиологии худро тағйир медиҳанд. Онҳо ҷамъ омада, ба масоҳатҳои хеле калон парвоз мекунанд. Малахҳои ғайригалагӣ бошанд, дар мавзеъҳои наздикўҳӣ, кўҳӣ, регзорӣ ва ҷангалзорҳо ҳаёт ба сар мебаранд. Миқдори онҳо дар баъзе ҳолатҳо зиёд гашта, метавонанд ба зироатҳои ғаллагӣ, хўроки чорво ва чарогоҳҳо зарар расонанд,- гуфт А.Бобоҷонов.

Бо назардошти хавфи паҳншавӣ ва зарароварии малахҳо ба зироатҳои кишоварзӣ, боғу токзор, ҷангалзору чарогоҳҳо дар кишвари мо соли 1932 Экспедитсияи махсуси мубориза бар зидди малах, ки аз буҷети давлатӣ маб-лағгузорӣ мешуд, ба фаъолият оғоз намуд. Баъди чанд давраи фаъолият экспедитсияи мубориза бар зидди малах барҳам хўрд. Соли 2004 дар ҳайати муассисаи давлатии муҳофизати растаниҳо ва химиконӣ шўъбаи мубориза бар зидди малах дар ҳайати се нафар мутахассис ташкил ёфт. Соли 2007 дар натиҷаи хушксолӣ ва хурўҷи малах дар ноҳияҳои Хуросон, Қубодиён, Шаҳритус, Панҷ ва Қумсангир дар майдони зиёда аз 35 ҳазор гектар зарари малах ба маблағи 18 миллион сомонӣ ба қайд гирифта шуд. Бо назардошти вазъияти якбора зиёдшавии он бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон корхонаи ҷумҳуриявии воҳиди давлатии «Мубориза бар зидди малах» таҳти № 595 аз 30-юми октябри соли 2007 таъсис ёфт.

Абдухолиқ Бобоҷонов иброз медорад, ки аз 290 намуди малахи дар Тоҷикистон маълумбуда зиёда аз 100 намуди он ба қайд гирифта шудааст, ки намудҳои марокашӣ, прусӣ, итолиёвӣ, атбасарка, конофима, сиёҳтасма, туркманӣ ва  калони саксаулӣ аз ҳама бештар зараровар мебошанд. Макони афзоиши малахҳои марокашӣ дар вилояти Суғд ноҳияҳои Истаравшан, Зафаробод, Мастчоҳ, Спитамен, Исфара, Ашт, Бобоҷон Fафуров, Ҷаббор Расулов, Деваштич ва Конибодом буда, малахи осиёиро каму беш дар баъзе майдонҳои қамишзори ноҳияҳои Ашт, Бобоҷон Fафуров, Конибодом ва гирду атрофи обанбори Қайроққум дучор шудан мумкин аст.

Дар семинар-машварате, ки ба наздикӣ бо иштироки сардори КҶВД «Мубориза бар зидди малах»-и ҷумҳуриявӣ Қ.Ш.Fаниев, муовинони раиси шаҳру ноҳияҳо оид ба кишоварзӣ, муовинони ҷамоати деҳоти шаҳру ноҳияҳо оид ба кишоварзӣ, сардорони Раёсати кишоварзии шаҳру ноҳияҳои вилоят, мутахассисони Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд ва КВД «Мубориза бар зидди малах», Муассисаи давлатии муҳофизати растаниҳо ва химикунонии кишоварзии вилояти Суғд, Бозрасии назорати давлатии тухми вилоят, сардори карантини вилоят, Бозрасии назорати давлатии техникаи кишоварзии вилоят, сардорони хоҷагиҳои деҳқонию инфиродӣ баргузор гардид, оид  ба биологияи малах ва роҳҳои мубориза бар зидди он, намудҳои техникаи заҳрпошӣ ва дигар масъалаҳои соҳа сухан рафт.

Қайд гардид, ки малахҳои марокашӣ ва прусие, ки дар Тоҷикистон зиёдтар ба чашм мерасанд, панҷ синро аз сар гузаронида, давраи кирминагиашон 40-50 рўз давом мекунад. Муайян шудааст, ки нахустин маротиба ба ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд аз ноҳияи Янгиободи вилояти Ҷиззахи Ҷумҳурии Ўзбекистон малахҳо парвоз карда омада, ба киштзорҳои мо тухм мондаанд ва боиси афзоиш гаштаанд.

Аз маълумотҳои фаврӣ оид ба мушоҳидаи баҳорӣ ва коркарди кимиёвӣ бар зидди малахҳо мувофиқи шаҳру ноҳияҳо бармеояд, ки ҳолатҳои ташвишовар дар заминҳои ҳудуди вилоят ба 4470 гектар расида, то кунун аз ҷониби мутахассисони соҳа дар майдони 1168 гектар коркарди кимиёвӣ гузаронида шудааст. Махсусан, мавзеъҳои Бахмал, Оқ-ёри Ҷамоати деҳоти Меҳробод, Ёпуғлӣ, Аппони Боло, Марҳамати Ҷамоати деҳоти Ошобаи ноҳияи Ашт, доманакўҳи «Пахтакор», мавзеи «Ниёзбек», «Лоҳутӣ», «Ҷигдалик», «Қарақчиқум»-и ноҳияи Конибодом, Ҷамоатҳои деҳоти Зарнисор, Дадобой Холматов, Палос, мавзеъҳои «Ҳамрообод», шаҳраки «Сайҳун», Боғи миллии «Ваҳдат»-и ноҳияи Бобоҷон Fафуров, Ҷамоатҳои деҳоти Меҳнатобод, Равшан, Дўстӣ, Ассотсиатсияи «Логин», «Обшор», «Ҷавонӣ»-и ноҳияи Зафаробод, Ҷамоатҳои деҳоти Суғдиён, Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ ва Ҷамоатҳои деҳоти Муҷун ва Яхтани ноҳияи Деваштич мавзеъҳои паҳншудатарини малах маҳсуб ёфта, то кунун тавассути тракторҳои дорупошӣ (ОВХ) ва дастгоҳи аэрозол чораҳои пешгирӣ андешида шуда истодаанд.

Усулҳои мубориза бар зидди малахро мутахассисон бо чанд усул ба роҳ мондаанд, ки овардани чанде аз онҳоро Абдухолиқ Бобоҷонов тавсия дод.

Усули кимиёвӣ. Ин усул дар нобуд намудани малахҳо самаранокии баланд дошта, зуд натиҷаи дилхоҳ медиҳад. Коркарди кимиёвӣ дар мавзеъҳои паҳнгаштаи малахҳо назди киштзорҳо ва боғу токзорҳо, новобаста аз зичии миқдори малахҳо, анҷом дода мешавад. Заҳрдоруҳо бо усулҳои гарду чанг кардан, пошидан ва ҷалбкунӣ истифода бурда мешаванд. Миқдори сарфи заҳрдору асосан ба ҳисоби миёна аз 70 то 400 гр ё миллилитр дар як га вобаста ба синни малахҳо муайян карда мешавад. Fайр аз ин, дар баъзе кишварҳо аз усули чангкунӣ тавассути ҳавопаймоҳо ва мошинолоти рўизаминӣ истифода мебаранд, ки ин кор асосан саҳарии барвақт анҷом дода мешавад. Усули доми фиреб дар ҷойҳои беалаф ва заминҳои алафҳояшон хушкшуда барои ҷалб ва ҷамъ кардани малахҳо юнучқаи тар, кунҷора, пору ва аррамайдаи чўб истифода мегардад. Тайёр намудани доми фиреб аз намудҳои хушк ва тар иборат буда, дар як гектар аз 40 то 60 кг мавод истифода бурда мешавад.

Усули агротехникӣ - обёрӣ ва азхуд кардани заминҳои бекорхобида дар айёми тирамоҳ ё аввали баҳор. Дар майдонҳои тухмгузоштаи малахҳо шудгор, сихмола ва нарм кардани қабати болоии замин тавсия дода мешавад.

Усули механикӣ - дар давраи аз тухм баромадан аз синни якуми малахҳо аз кофтани хандақҳо ва гўронидани онҳо дар хандақҳо иборат аст.

Усули биологӣ - моддаҳои биологие, ки онҳо дар ҷаҳон истеҳсол ва пешниҳод мешаванд, аз қабили метаризиум бо усули пошидан истифода мегардад. Барои муайян намудани таъсирбахшӣ ва самаранокии заҳрдоруҳо аввал дар 1 мураббаъметр малахҳоро пеш ва пас аз пошидани заҳрдоруҳо ба ҳисоб мегиранд. Заҳрдору дар мавриде самаранок ҳисобида мешавад, ки баъди коркард ба зироатҳои кишоварзӣ дигар хавфи зарароварии малахҳо набошад. Агар нобудшавии малахҳо ғайриқаноатбахш арзёбӣ шавад, он гоҳ коркарди кимёвиро такроран гузаронидан зарур аст.

-Бояд зикр кард, ки малах ҳашароти зараррасон буда, заҳрдоруҳое, ки бар зидди онҳо истифода бурда мешаванд, ба саломатии инсон таъсири манфӣ мерасонад. Аз ин рў, мутахассисони соҳаро мебояд, ки ба қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми истифодабарии заҳрдоруҳо риоя намоянд. Пеш аз ҳама, бояд донист, ки тайёр кардани заҳрдоруҳо дар назди обанбору ҷўйҳо ва каналҳо мумкин нест. Заҳрдоруҳоро дар ҷои махсуси қулфдор нигоҳ дошта, зарфҳои холишударо барои истифодаи хўрокаву нўшока набояд кор фармуд. Зарфҳоро бояд дар як ҷо ҷамъ карда сўзонд ва ё ба замин гўр кард. Заҳрдоруҳо бояд аз манзили истиқоматӣ ва махсусан маҳсулотҳои хўрока дур бошанд. Нафароне, ки бо ин намуди фаъолият машғуланд, тарзи дорупошӣ, истифодаи либосҳои муҳофизавӣ, қоидаҳои техникаи бехатариро хуб донанд ва ё омўзанд. Пеш аз иҷрои коркарди кимиёвӣ дар мавзеъҳои паҳнгаштаи малах аҳолиро огоҳ бояд кард, ки дар майдонҳои коркардшуда чаронидани чорво муддати 20-25 рўз манъ аст,- гуфт мутахассиси соҳа. Инчунин, мутахассисони соҳа дар ҷойҳои паҳнгаштаи малахҳо байрақчаҳои сурх ва дар ҷойҳое, ки коркарди кимиёвӣ гузаронида шудааст, байрақчаҳои сафед гузоштанро тавсия медиҳанд.

Имрўзҳо, ки давраи афзоиш ва тухммонии малахҳо дар авҷ аст, масъулинро мебояд сари вақт барои пешгирии он чораҳои амалиро ҷоннок намоянд.

Шоира САЛИМОВА

Add comment


Security code
Refresh