Мичуринҳои тоҷик чӣ ҳол доранд?

Ё изҳори нигаронии Раиси вилоят аз фаъолияти институти боғпарварӣ.

Самти асосии филиали суғдии Институти боғпарварӣ, сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон аз бурдани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар соҳаи боғу токпарварӣ, ниҳолпарварӣ ва сабзавоткорӣ иборат мебошад. Бобати шиносои вазъи имрӯзаи Институти мазкур Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ дирӯз ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сафар корӣ анҷом дода аз филиали суғдии Институти боғпарварӣ, сабзавоткорӣ дидан кард.

Тавре аён гардид, Филиал дорои чор шўъба, ду озмоишгоҳ буда, шўъбаҳои мевапарварӣ, ниҳолпарварӣ, ангурпарварӣ, сабзавоткорӣ, озмоишгоҳи коркард ва нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ, озмоишгоҳи агрокимиёвӣ ва шўъбаи механизатсия мебошад.

Тибқи гуфтаи Абдуҳабиб Охунҷонов – ходими хурди илмии шўъбаи ниҳолпарварии филиали суғдии Институти боғпарварӣ, сабзавоткорӣ айни замон олимону мутахассисони ин муассиса барои зиёд кардани ниҳолҳои мевадиҳандаи қадпаст, ки ҳосили хуб ба бор меоваранд, кӯшиш ба харҷ дода истодаанд.

-Имсол дар масоҳати зиёда аз 35 сотих замин зиёда аз 50 ҳазор қаламча –тагпайвандҳои ниҳоли қадпаст шинонида шуда, бо риояи талаботи агротехникӣ парвариш ёфта истодааст.

Ногуфта намонад, ки афзалияти тагпайвандҳо аз он иборат мебошад, ки дар як га аз 1000 то 1025 бех ниҳоли зардолу ва шафтолу шинонида мешавад.

Аз сабаби паст будани қади дарахтон ҷамъоварии ҳосил ва гузаронидани чорабиниҳо бар зидди ҳашароту касалиҳо осон шуда, маҳсулнокии меҳнат ва самаранокии истифодаи замин баланд бардошта мешавад.

Зимни сӯҳбат Раиси вилоят бо олимон таъкид кард, ки коркард, озуқадиҳии саривақтӣ ва роҳандозии усулҳои нави парвариш имкон дорад, ки қаламчаҳо тез нашъунамо ёбанд. Дар натиҷа метавон пайвандсозиро на дар моҳи август, балки дар моҳи июн низ гузаронид ва як сол барвақтар ниҳол тайёр мешавад.

-Дар оянда дар мавсими тирамоҳ мо метавонем, ки ин қаламчаҳоро бо навъҳои нави маҳаллии худӣ пайванд намуда, дар оянда хоҷагиҳои деҳқониро бо ниҳолҳои қадпасти зардолую шафтолу ва олу таъмин намоем,-иброз дошт Абдуҳабиб Охунҷонов.

Тавре аз сӯҳбат бо Шукрулло Баҳодуров, доктори илмҳои техникӣ, муовини директор оид ба корҳои илмӣ, бармеояд, азиттилоъ дод, ки соли 2010 дар филиали суғдии Институти боғпарварӣ, сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон бори аввал тагпайвандҳои қадпастро аз давлати Полша дастрас кардааст.

-Дар филиали суғдӣ аз ин тагпайвандҳо мо ниҳолҳои қадпасти бо навъҳои маҳаллии худӣ ки дар он пайванд карда шудааст, истеҳсол намуда, соли 2011 боғи интенсивӣ, ки 1,2 гектарро ташкил медиҳад, бо мақсади омўзиш бунёд намудем. Дарахтони зардолуи қадпаст 5-6 сола буда, дар соли сеюм аз баъзе навъҳо аз ҳар як бех 10 кг ҳосил ҷамъоварӣ карда шуда буд.  Дар оянда боз омўзишродавом дода кўшиш мекунем, ки аз ин ҳам зиёдтар ҳосили дилхоҳ ба даст орем. Таҳлилҳои пешакии мо нишон дод, ки аз ҳар як гектар 100-150 сентнер ҳосил гирифтан мумкин аст.

Ҳамчунин, Раиси вилоят аз боғи навбунёди шафтолу боздид намуд. Бояд гуфт, ки дар масоҳати наздик 1 гектар боғи шафтолуи нав бунёд шудааст. Дар ин ҷо зиёда аз 20 навъи шавтолу аз қабили дилкушо, дилшод, лола ва дигар навъҳо шинонида шудаанд, ки онҳо сифаташон олӣ буда ба талаботи бозор ҷавобгў аст.

Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ дар сўҳбат бо мутахассисону кормандони ин муассиса зикр дошт, ки айни замон дар вилоят зиёда аз 64 ҳазор хоҷагии хурди инфиродиву оилавӣ ташкил карда шудааст ва олимону мутахассисони институти мазкур бояд ба ҳамаи деҳқонони шаҳру навоҳии вилоят роҳнамо бошанд. Яъне навъҳои муосири ниҳолҳо, сабзавоту полезиҳо ва дигар тухмиҳоро, ки ба иқлими ин ё онминтақаи вилоят мутобиқаст, коркард ва ихтироъ намуда, истифодаи онро бахоҷагидорон тавсия диҳанд. 

Дар шўъбаи сабзавоткорӣ ки ба омўзиши навъҳои гуногуни сабзавот аз қабили сабзӣ, помидор, қаланфури ширин, бодиринг, пиёз ва дигар навъҳо машғуланд.

Раиси вилоят тавсия дод, ки навъҳои нави серҳосили маҳаллӣ ва хориҷиро олимони филиал мавриди омўзиш ва парвариш қарор дода, ба хоҷагиҳои деҳқонӣ пешниҳод намоянд.

Як самти фаъолияти ходимони ин муассиса зиёд намудани навъҳои гуногуни дарахтони мевадиҳанда мебошад. Зимни боздид Раиси вилоят аз фаъолияти олимону мутахассисони Институти боғпарварӣизҳори нигаронӣ намуд. Зеро солҳои охир аз ҷониби ходимони илмии ин муассиса баҳри ихтирои навъҳои серҳосили ниҳолу сабзавот ва полезиҳо таҳқиқотҳои илмӣ кам ба назар мерасад. Раиси вилоят масъулинро вазифадор намуд, ки баҳри ҷоннок намудани фаъолияти хеш бештар кӯшиш намоянд.

Нодир ТУРСУНЗОДА

Add comment


Security code
Refresh