Роҳи рушду комёбӣ

Дашти фароху зебои Тозак солҳои сол бекор мехобид. Аввали баҳор хеле зебову лолазор буд. Лолаҳои аҷоиби эндемикӣ мерўид, ки ҳайфо бебозгашт гум шуд. Аз охири нимаи аввали асри ХХ ин дашти васеи ҳамвор барои рушду равнақи хоҷагии қишлоқ шудгору аз худ карда шуд.

Ин мавзеъ барои фаъолияти кишоварзии байни се хоҷагии ҷамоавии ноҳияи кунунии Бобоҷон Ғафуров тақсим карда шуд. Ин дашти шудгоршуда аз оби Тагоб (Хоҷабоқирғон) ва як қисмаш аз Баҳри Тоҷик обёрӣ мешавад.

Замин аз худ шуда, обёрӣ гардид ва дашт минбаъд Навобод ном гирифт. Хоҷагиҳои ҷамоавии «Роҳи Ленин», «Фрунзе» ва «40-солагии Октябр» дар авҷи фаъолияташон ҷамъулҷамъ миқдори зиёди пахта, зироатҳои донагӣ ва хошок мерўёниданд.

Ба сабаби барҳам хўрдани давлати абарқудрати СССР ва сохти колхозӣ соҳаи кишоварзӣ дар Навобод таназзул ёфт. Ҳоло роҳҳо вайронаю заминҳои кишоварзӣ харобанд.

Баъди соҳибистиқлол гаштани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳи иқтисоди бозориро пеш гирифтани тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ, аз ҷумла дар соҳаи кишоварзӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҷагиҳо таҷдид шуда, барои сохтани хоҷагиҳои оилавӣ-инфиродӣ мусоидат намуданд. Дар ин замина барои рушду равнақи минбаъдаи Навобод низ ду муаммо бояд ҳалли худро ёбад: Муаммои аввал роҳ ва дигаре об!

Боиси қайд аст, ки роҳи Қотма – маркази Навобод дар масофаи 10 км аз давраи Шўравӣ то инҷониб таъмир ё азнавсозӣ нашудааст. Айни замон бо ин роҳ ягон навъи нақлиёт намегардад. Роҳкирои таксиҳо бо сабаби вайрона будани роҳ хеле гарон аст. Агар он барқарор шавад – роҳи стратегии аҳамияти вилоятро доро мешавад. Ва шоҳроҳи Душанбе – Бўстон – Конибодом бо роҳи кўтоҳу ободи Қотма – Маркази Навобод бо деҳаи Овчиқалъача ва деҳаҳои Тоҷикобод, Зарафшон ва Ўзбекқишлоқи ноҳияи Ҷаббор Расулов пайваст мегардад. Роҳ, ки обод шуд, хатсайрҳои нав бо роҳи наздик «Ёва–Фрунзе–Ғозиён-Қотма-маркази Навобод» бо роҳкирои арзон ба роҳ монда мешавад. Ин хатсайр саҳмдоронро аз Ёваю Ғозиён ба сари заминашон тез ва арзон мерасонад.

Айни ҳол рафтуомад бо ин роҳи вайрона ба самти Навобод барои ба сари заминаш рафтани деҳқон – 10 сомонӣ, ин ҳам бо сарфи вақти бисёр ва агар 2 ё 3 аъзои оила раванд – дар 1 рўз 30 сомонӣ, дар 1 моҳ 900-1000 сомонӣ маблағ сарфи роҳ мегардад.

Маблағи барои роҳ сарфгардида ба деҳқони навхоҷагидор хеле гарон аст. Деҳқон бо нархи арзон ба ҷои кор равад, бо нархи арзон маҳсулоти кишоварзиро ба бозор мебарад. Аҷаб не, бозор ҳам нисбатан арзон шавад.

Мушкилии дигар ин аз беобӣ азият кашидани деҳқонон мебошад. Ба қавле, об дар кўзаву мо ташналабон мегардем… Як баҳри калон об бошаду замин шодоб нагардад. Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ вақти мулоқоташон бо фаъолони соҳаи кишоварзӣ таъкид карданд, ки аз механизми тақсимоти об тақдири ҳосил ҳал мешавад: - «як сомонӣ барои об диҳед, ду сомонӣ мерўёнед»…

Қисми болои Навобод аз наҳри Тагоб (Хоҷабоқирғон) бо хеле мушкилӣ обёрӣ мешавад, қисми поёнаш аз Баҳри Тоҷик. Барқ ҳаст - об ҳаст. Барқ нест - об нест. Фарсудагӣ ва гаронии муҳаррикҳои обкаш сабаби дигари мушкилот аст. Маҳз, бо ҳамин муаммои об таҷдиди ҳоҷагии ҷамоавии ба номи Ҷаббор Расулов хеле тўл мекашад. Агар то давраи таҷдид як хоҷагӣ об мегирифт, ҳоло бояд садҳо хоҷагиҳои нави инфиродӣ аз об истифода баранд. Деҳқон боварӣ надорад, ки ба замини ў об мерасад ё не. Агар об ба миқдори кофӣ нарасад, ҳосили дилхоҳ намерўяд. Харҷи роҳу харҷи кишт ва харҷи андозро чӣ хел бояд пўшонд?!

Мутахассисон бар он ақидаанд, ки роҳи ҳалли ин муаммо ҳаст.

Чӣ мешуд, агар дар дарғоти баромади наҳри Тагоб аз Рухак як Сарбанд сохта мешуду ин оби пурқимати беҳуда талафшаванда дар обанбори нав захира мегардид ва вақти зарурӣ бемалол истифода мешуд.

Аз ин об тамоми Рухакро бо тарзи обёрии чакравӣ (қатравӣ) ба боғи пуршукўҳи серсоҳил табдил додан инмконпазир хоҳад шуд. Чӣ илоҷ? Дигар сарчашмаи об айни ҳол ба назар намерасад. Кофтани чоҳҳои чуқур, харидани муҳаррикҳои обкаш сарфи барқи дастнорас ба назари камина хеле гарон аз он, ки ин об захира шаваду ба манфиати кишоварзон истифода гардад.

Дар вилоят дар ҳалли ин масъала ду идораи бонуфуз – «Суғдобсохтмон» ва «Сарраёсати беҳдошти замин ва обёрӣ» метавонанд, саҳм гузоранд.

Таъмини кишоварз бо об ин доғи рўз аст. Мақолаи – «Шояд токзори Рухак эҳё шавад?!»-и Усмон Саид – аграном - олим, иқтисодчӣ, ки дар рўзномаи «Ҳақиқати Суғд», №130 аз 27 октябри соли 2015 чоп шуда буд, айнан ҳамин муаммо-норасогии об, беҳуда ҷорӣ шудани оби наҳри Тагоб «Хоҷабоқирғон»-ро фарогир буд.

Ҳалли муаммоҳои роҳ ва об – ин кафолати амнияти озуқаворӣ ва имкониятҳои бисёри содиротии вилоят ва давлат мебошад.

Толиб Усмон Исмоил,
иҷоракори хоҷагии ҷамоавии
ба номи Ҷаббор Расулови
ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh