Мусоидат ба хушзотӣ ва фаровонии маҳсулоти чорво

Тибқи дастуру супоришҳои Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ аз 19 декабри соли 2014 дар ҳудуди ҷамоати деҳот ва шаҳ-ракҳои шаҳру навоҳии вилоят бояд комплексҳои хизматрасонии зообайторӣ (дорухона, клиникаи байторӣ ва нуқтаи хушзот намудани чорво) таъсис дода шаванд.

Зеро бо бунёду ташкили марказҳои зообайторӣ ва фаъолияти он ба таъсиси ҷойҳои корӣ ва гирифтани чорвои хушзот мусоидат намояд, аз тарафи дигар барои фаровонии маҳсулоти гўшту шир низ замина хоҳад гузошт.

Иҷрои ин дастури Раиси вилоят дар шаҳру навоҳӣ чи гуна амалӣ мешаванд? Мо ба сардори Раёсати назорати давлатии байтории вилоят Икром Абдураҳмонӣ муроҷиат намудем. Ў гуфт, ки бо дастгирии Раиси вилоят барои бунёди марказҳои зообайторӣ ба 140 нафар сокинони шаҳру навоҳии вилоят қитъаҳои замин ҷудо карда шуд ва то 1 декабри соли равон дар ҷамоати деҳоту шаҳракҳои шаҳру навоҳии вилоят 75 маркази зообайторӣ фаъолият намуда истодааст.

Тибқи маълумотномаи фаврии Раёсати назорати давлатии байтории вилоят дар миқёси вилоят 119 ҷамоати деҳот ва шаҳракҳо мавҷуд буда, барои ташкили чунин марказҳо ба мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру навоҳӣ 223 ариза ворид шуда, 121 қарори раисони шаҳру ноҳияҳо ба имзо расидааст. 102 ариза дар истеҳсолот мавриди баррасӣ қарор дошта, чи хеле, ки дар боло ишора рафт, то ин дам 75 маркази зообайторӣ сохта шуда, боз 22 -тоаш бо бино таъмин гардида, бунёди сохтмони 43 маркази дигар идома дорад.

Масалан, дар ноҳияи калонтарини вилоят Бобоҷон Ғафуров, ки дорои 14 ҷамоати деҳоту шаҳрак аст, барои ташкили маркази зообайторӣ ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ 30 ариза ворид гардида, аз он 19 ариза дар истеҳсолот қарор дошта, 11 қарори раиси ноҳия барои таъсиси марказҳо ба имзо расидааст. Барои бунёди 14 марказ қитъаи замин ҷудо гардида, 12 маркази зообайторӣ сохта шудааст.

Бояд гуфт, ки дар ноҳияи Спитамен моҳияти дастури роҳбарияти вилоятро хуб дарк намуда, дар ҳамаи ҷамоатҳо марказҳои зообайторӣ ташкил кардаанд. Тибқи маълумот ба мақомоти маҳаллии ин ноҳия бобати ташкили маркази зообайторӣ 7 ариза ворид шуда, 7 қарори раиси ноҳия ба имзо расида, 7 маркази зообайторӣ сохта шудааст. Чунин вазъро дар ноҳияи Ҷаббор Расулов низ дидан мумкин аст. Дар шаш ҷамоати деҳоту шаҳраки ноҳия ҳафт маркази зообайторӣ фаъолият намуда истодааст.

Ташкили чунин марказҳои зообайторӣ дар ноҳияҳои Кўҳистони Мастчоҳ, Шаҳристон, Деваштич, Исфара, Истаравшан, Конибодом низ хуб ба роҳ монда шуда, мардуми ин ноҳияҳо аз фаъолияти онҳо қаноатманд буда, барои манфиати хеш самаранок истифода бурда истодаанд.

Аммо дар шаҳру навоҳии Айнӣ, Ашт, Зафаробод, Мастчоҳ, Гулистон, Хуҷанд, Панҷакент, Истиқлол ва Бўстон то ҳол бобати амалӣ гардидани ин дастури Раиси вилоят саҳлангорӣ дида мешавад. Мақомотҳои маҳаллии ин шаҳру навоҳӣ ва сохторҳои дахлдори соҳаи ноҳияро зарур аст, ки баҳри амалӣ шудани ин тадбир чораҳои дахлдор андешанд.

Гуфтан ҷоиз аст, ки бахшида ба Соли фарди солим, ки соли равон бо пешниҳоди Раиси вилоят эълон гардид, дар байни кормандони соҳаи байтории вилоят озмун эълон шуд, дар он марказҳои зообайторӣ низ иштирок доштанд. Маркази зообайтории Ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров беҳтарин дониста шуда, бо мукофотпулӣ дар ҳаҷми чор ҳазор сомонӣ ва Диплом қадршиносӣ гардид.

Ҳамзамон, озмуни кормандони соҳаи байторӣ ҷамъбаст гардида, ба ғолибон дар маҷмўъ 50 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ тақдим шуд.

Стансияи мубориза алайҳи бемориҳои ҳайвоноти шаҳри Исфара беҳтарин дониста шуда, соҳиби 10000 сомонӣ ва Диплом гардид. Инчунин, Стансияҳои мубориза алайҳи бемориҳои ҳайвоноти шаҳрҳои Хуҷанд, Гулистону Конибодом ва ноҳияҳои Ҷаббор Расулову Айнӣ дар ҳаҷми аз ду то ҳафт ҳазор сомонӣ мукофотонида шуданд. Мукофотҳоро дар вазъияти тантанавӣ Изатулло Сатторӣ - 3Вазири кишоварзии ҷумҳурӣ ва Хоҷазода Ориф Ашўрӣ - муовини Раиси вилоят ба роҳбарони марказҳои зообайторӣ ва Стансияҳои мубориза алайҳи бемориҳои ҳайвоноти шаҳру ноҳияҳо супурданд.

Абдуғафур АМИНЗОДА,
“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh