Таъминоти аҳолӣ бо маҳсулоти худӣ

Инак, фасли зимистон дар кишвар ҳукмронӣ дорад. Имрўзҳо дар мағозаву бозорҳои шаҳру навоҳии вилоят нархи сабзавоту маҳсулоти полезии тару тоза болотар шудааст. Оё дар фасли зимистон деҳқонони мо имконият доранд, ки фаъолияти гармхонаҳои худро устувортар намуда, ба мардум ин намуди маҳсулотҳои босифату нархаш дастрасро пешкаш намоянд? Оё фаъолияти имрўзаи гармхонаҳои дар шаҳру ноҳияҳои вилоятбуда имконияти таъминоти мардумро дар зимистон бо маҳсулоти тару тоза доранд?

Ба ин суолҳои мо Мухтор Тоҷиев - мутахассиси шўъбаи иттилоот ва машварати Сарраёсати кишоварзии вилоят чунин посух гуфт:

- Бо мақсади таъмини амнияти озуқаворӣ дар кишвар ва дастрасии ҳарчи бештари маҳсулоти ниёзи аввал дар тамоми фаслҳои сол аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят таваҷҷўҳи махсус зоҳир гардида, дар ин самт тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд. Имрўзҳо новобаста аз фасли сармо дар гармхонаҳо, хоҷагиҳои шаҳру навоҳии вилоят парвариши сабзавоти гуногун ва лимў ба роҳ монда шудааст, ки ҳадаф таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти худӣ ва нархҳои дастрас мебошад.

Алҳол дар шаҳру навоҳии вилоят аз 389 гармхона 328 ададаш фаъолият намуда истодааст, ки аз онҳо 138 - тоаш намуди хитоӣ буда, дар маҷмўъ масоҳати гармхонаҳо 23,1 гектарро ташкил медиҳад. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли сипарӣ зиёдтар аст.

Имрўзҳо дар гармхонаҳои вилоят деҳқонон дар масоҳати 5,7 гектар помидор, 5,6 гектар бодиринг, 0,4 гектар қаламфури булғорӣ, 0,5 гектар сирпиёз, 4,1 гектар кабудӣ ва 6,7 гектар лимў парвариш намуда истодаанд. То 14 декабр аз гармхонаҳо ба мағозаву бозорҳои кишвар 79,4 тонна маҳсулоти тару тоза, аз қабили помидор - 8,3 тонна, бодиринг 19,3 тонна, кабудӣ- 27,5 тонна, қаламфури булғорӣ - 0,4 тонна ва лимў - 24 тонна пешкаш намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ истеҳсоли маҳсулот без аз 20 тонна мебошад.

Дар ин самт заҳмати деҳқонони ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Мастчоҳ ва Ҷаббор Расулов назаррас аст. Масалан, дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров алҳол 100 гармхона фаъолият дошта, аз он 71 - тоаш сохти хитоӣ буда, дар маҷмўъ масоҳати умумии гармхонаҳо 9,91 гектар мебошад. Масоҳати гармхонаҳои имрўз киштшудаи ноҳия 9,56 гектарро ташкил медиҳад, ки дар онҳо аз қабили помидор дар - 2,08 га, бодиринг - 3,13 га, қаламфури булғорӣ - 0,03 га, кабудӣ - 1,59 га ва лимў - 2,73 га парвариш намуда истодаанд. Аллакай деҳқонони ноҳия аз гармхонаҳои худ ба сокинони вилоят ва берун аз он зиёда аз 28 тонна маҳсулот, аз ҷумла бодиринг – 7,5 тонна, помидор 0,8 тонна, кабудӣ -11,5 тонна, қаламфури булғорӣ - 0,3 тонна ва лимў- 8,1 тонна пешкаш намуданд, ки маҷмўи маҳсулоти истеҳсолшуда, нисбат ба ҳамин давраи соли сипарӣ 10 тонна зиёд мебошад.

 Инчунин, то ин дам дар гармхонаҳои ноҳияҳои Мастчоҳ, Ҷаббор Расулов ҳам нисбат ба ҳамин давраи соли сипарӣ деҳқонон бештар сабзавоту маҳсулоти полезӣ, аз қабили помидору бодиринг истеҳсол намуданд. Боварӣ дорам, ки дар дигар гармхонаҳои шаҳру навоҳии вилоят низ деҳқонон дар ин самт фаъолияташонро ҷоннок менамоянд, то бештар маҳсулоти ниёзи аввал ва сабзавоти тару тозаро рўёнда, пешкаши дастархони мардум дар Соли нав гардонанд,- иброз намуд Мухтор Тоҷиев.

Абдуғафур АМИНЗОДА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh