Малах – офати долу дарахт

Чӣ тавр онро маҳв кард?

Дар мавзеи шаҳраки бунёдшавандаи Сайҳун дар мавзӯи  мубориза бар зидди малах ва дигар ҳашароти зараррасони зироатҳои кишоварзӣ семинар- машварат баргузор гардид. 

Дар кори он муовини Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Мӯсоев, муовини Раиси вилояти Суғд Ориф Хоҷазода,  сардори Сарраёсати кишоварзии вилоят Хайрулло Бобозода,   сардори Муассисаи давлатии «Экспедитсияи мубориза бар зидди малахи Ҷумҳурии Тоҷикистон» Саидмурод Хайриддинов ва дигар намояндагони сохтори кишоварзӣ, деҳқонону хоҷагидорон иштирок доштанд.

Дар қисми амалии семинар сардори МД «Экспедитсияи мубориза бар зидди малах»-и вилоят Абдухолиқ Бобоҷонов иштирокдоронро бо техникаву таҷҳизоти марбутаи соҳа аз наздик шинос намуда, оид ба тарзи истифодаи техникаҳои заҳрпошӣ ва дастгоҳҳои муҳаррикӣ маълумот дод.

Мавсуф иброз дошт, ки дар Муассиса 17 трактор дар ҳолати корӣ қарор дорад.

Ҳамчунин, баҳри нобудсозии ҳашароти зараррасон ҳамасола ҳукумати ҷумҳурӣ ба муассиса кӯмакҳои зиёд мерасонад. Тасдиқи ин гуфтаҳо ин аст, ки ба наздикӣ ба коргоҳ боз 4 автомошинаи «Тайота Хайлюк»-и бо дорупошаки «Микронер», 1 автомошинаи УАЗ-3303 бо дорупошаки «УМО-81,15 дастрас  шуда,  10  мотосикл барои хизматрасонии мутахассисон дар ҷойҳо дастрас гардид.

Саидмурод Хайриддинов изҳор дошт, ки истифодаи техникаҳои мазкур метавонад, дар ҷойҳо баҳри бештару тезтар нобудсозии ҳашарот мусоидат намояд ва корбариро дар он ҷойҳое, ки малах ба мушоҳида мерасад, хубтар ба роҳ монанд. Бо ин таҷҳизоти дар автомошинаҳо васлгардида, рӯзе аз 150 то 200 гектар замине, ки дар он малах паҳн шудааст, коркарди кимёвӣ гузаронидан мумкин аст.

Дар қисми назариявии семинар Хайрулло Бобозода қайд намуд, ки мақсади асосӣ ин, пеш аз ҳама, нигоҳ доштани зироати кишоварзӣ, боғу токзорҳо ва чарогоҳҳо аз малах, баланд бардоштани сифат ва ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ, инчунин дар ин замина афзун намудани ҳаҷми маҳсулоти рақобатпазири ватанӣ мебошад.

Муовини Раиси вилоят Ориф Хоҷазода гуфт, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилоят мушоҳидаҳои баҳорӣ оғоз гардида, имрӯзҳо ин кор муташаккилона идома дорад.

Дар ҷамъбасти кори семинар-машварат дар самти  корҳои пешгирӣ ва ҳифзи  растаниву зироатҳо аз ҳашароти зараррасон ва паҳншавии малах ба мутасаддиён супоришҳои мушаххас дода шуд.

Улуғбек ХУДОЙБЕРДИЕВ,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh