Ҳосили деҳқонӣ фаровон, аммо нархҳо гарон…

Нархи маҳсулот ва меваҷот дар бозор ва мағозаҳои шаҳри Хуҷанд дар кадом ҳолат қарор доранд? Оё бо фаро расидани моҳи шарифи Рамазон аз ҷониби соҳибкорону фурўшандагон ягон тағйироте ба амал оварда шудааст? Баҳри посух гирифтан ба ин ва дигар саволҳо аз бозори марказии шаҳри Хуҷанд - «Панҷшанбе» ва мағозаҳои «Сабзина» (Оазис) ва «Фирдавс» дидан намудем.

Зимни таҳлил ва мушоҳидаҳо маълум гардид, ки нархи ҳама намуди маҳсулоти ниёзи мардум дар бозор ва мағозаҳо гарон аст. Чанд рўзи охир танҳо нархи бодиринг ва зардолу каме поён рафтаасту халос. Масалан, ҳафтаи гузашта як килограмм бодиринг аз 2,50 то 3 сомонӣ арзиш дошт. Имрўз бошад, ба як сомонӣ як килограмм бодиринг харидорӣ мешавад.

Ба фикри Шероз Аслиддинов бархе аз маҳсулот дар моҳи мубораки Рамазон гарон шудааст, ки ин барои харидорон вазнин аст. Лекин ҳаст маҳсулоте, ки нархи онҳо чӣ хеле пештар буд, ҳамон тавр боқӣ мондаанд.

Алҳол нархи як килограмм помидор дар бозори «Панҷшанбе» аз 6 то 8 сомонӣ аст. Сабаби инро фурўшандаҳо асосан аз дасти аввал бо нархи гарон гирифтан мебинанд. Ман фикр мекунам, ки шояд фурўшандаҳои бозор аз дасти деҳқон бо нархи арзон харидорӣ намуда, барои фоидаи зиёд ба даст овардан, нархашро гарон мекунанд, мегўяд - шаҳрванд Ш. Аслиддинов.

Ин дар ҳолест, ки дар мағозаҳои шаҳр нархи сабзавоту меваҷот назар ба бозор баландтар аст. Дар мағозаҳо аз ҷумла, «Сабзина» - и назди Универмаг ва «Фирдавс» нархи помидор то 11,5 сомонӣ, бодиринг 2 сомонӣ, зардолу 6 сомонӣ, олуча ва гелос 15 сомониро ташкил медиҳанд. Масъулини мағозаҳо сабаби чунин ҳолатро дар он мебинанд, ки маҳсулоти мавҷударо аз бозор ва ё шахсони алоҳида бо нархи нисбатан гарон харидорӣ менамоянд.

Сокини шаҳри Хуҷанд Алишер Шодиев ҳангоми сўҳбат зикр намуд, маҳсулоте, ки дар мағозаҳои шаҳр мавҷуданд, назар ба бозор хушсифат ва бовариноктаранд, зеро маҳсулоти бозор дар ҳавои гарм фурўхта мешаванд. Шояд ҳангоми ба пуррагӣ ба фурўш нарафтан чанд рўз дар зери гармии офтоб боқӣ монад. Аз ҳамин ҳисоб нархи бозор ва мағоза аз ҳамдигар фарқ мекунад, - қайд намуд мавсуф.

Нархи пиёз ва картошка бошад, монанди дигар маҳсулотҳо гарон буда, сокинонро ба ташвиш овардааст. Алҳол дар бозор нархи як килограмм картошка то 7 сомонӣ, сабзӣ 2,5 сомонӣ ва пиёз то ба 2 сомонӣ расидааст.

Ҳамчунин, дар ин маврид болоравии нархи маҳсулоти гўштиро низ гуфтан мумкин аст. Як килограмм гўшти лахм дар бозор 45 сомониро ташкил медиҳад, ки ин нисбат ба соли гузашта аз 10 то 15 сомонӣ боло рафтааст.

Алишер Тағоев, сокини ноҳияи Деваштич зикр дошт, ки ин нархҳо барои сокинони оддие, ки ягон даромад надоранд, гаронӣ мекунад. Дар моҳи Рамазон нарх бояд арзон бошад. ҳамасола бо омадани ин моҳ болоравии нарх ба назар мерасаду баъди он низ боқӣ мемонад.

Масъулинро мебояд бобати танзими нархи анвои маҳсулот чораҳои зарурӣ андешанд.

 Истамҷони НАҶМИДДИН,
"Ҳақиқати Суғд"

Add comment


Security code
Refresh