Хомток асоси ҳосили ангури хушсифат аст!

Токпарварӣ яке аз соҳаҳои асосии кишоварзӣ ба шумор рафта, шароити табиии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба пешрафти ин соҳа мусоидат мекунад. Аз ин лиҳоз, бояд олимон, хоҷагидорон барои зиёд намудани ҳосили ток донишу таҷрибаи худро дареғ надошта, саъю кўшиш намоянд. Барои беталаф ва босифат рўёнидани ҳосили фаровони ток чӣ гуна корҳоро бояд ба анҷом расонид?

Асосан токро ду маротиба хомток мекунанд. Хомтоки якум дар фасли баҳор аз моҳи апрел то 1-ум даҳрўзаи моҳи май, хомтоки дуюм дар фасли тобистон, баъди аз гул пурра фаромадани ангур гузаронида мешавад. Бо ҳамроҳии бастани навдаҳои сабз ба хавозаҳо гузаронидан айни муддаост. Аҳамияти хомтоки дуюм аз он иборат аст, ки хатогиҳои дар вақти токбурӣ ва хомтоки якум содиршударо ислоҳ кардан мумкин аст. Инро бо роҳи канда партофтани нартҳои зиёдатӣ, яъне дугоникҳо, беҳосили аз навдаҳои ҳосилдиҳанда сабзида ва нартҳое, ки аз танаю дастак сабзидаанд, анҷом бояд дод. Хомтокро аз қисми поёни занги ток оғоз мекунанд. Навдаҳои аз танаи занг ва сархонаи ток сабзидаро канда мепартоянд, вале 1 – 2 навдаи хубро барои пайдо шудани дастаҳои нав ва ҷавон кардани бехи ток намекананд. Дар вақти буридани навдаи ток ба ҳар буттаи он аз 3 то 4 дона навдаҳои ҷой-ивазшаванда гузошта мешаванд. Набояд нартҳои нави сабзидаи онҳоро канда партофт. Зеро он худаш барои ҷавон намудани буттаи ток хизмат мекунад ва ҳосил ҳам медиҳад.

Агар аз 1 буғум 2 – 3 навда афзоиш карда бошад, хуб нашъунамо ёфтаашро мемонанд. Боз шоху навдаҳои ток кам, ё ки онҳо дар натиҷаи шароити номусоиди зимистонгузаронӣ суст ривоҷ ёфта бошанд, навдаҳои беҳосилро танҳо қисман канда мепартоянд ё тамоман намекананд. Навдаҳои гузошташударо якҷоя дар вақти хомток тунук карда, як - дутогӣ ба хавоза (сим) бастан лозим аст.

Мўҳлати беҳтарини хомтоки дуюм вобаста ба минтақаҳои токпарварӣ аз 25-уми май оғоз гардида, то 15-уми июн идома меёбад. Барои он ки агар хомток дар мўҳлаташ иҷро нашавад, сарҳои хўшаи ангур тунук мешаванд, қабати буттаҳои ток анбўҳ шуда, занги ток ба касалӣ гирифтор шуданаш аз эҳтимол дур нест. Боз як таъбири асосӣ ин обёрӣ мебошад. Талаботи ток ба об дар фасли тобистон бештар гашта, дар ҳар 13 -15 рўз як маротиба об мондан ба манфиати кор аст.

Дар ин фасл токпарваронро касалӣ ва ҳашароти зараррасон ба ташвиш меоварад. Дар минтақаҳои токпарварии вилоят ҳашароти зараррасони ток ин - баргпечони хўшаи ангур аз касалиҳо бошад, чечаки ангур ва гарди ангур мебошанд.

Заҳрдоруҳоро ҳатман дар вақти салқинии ҳаво, яъне саҳарии барвақт ё бегоҳӣ пошидан манфиатовар аст.

Дар ҳолати саривақт гузаронидани корҳои агротехникӣ ва дорупошӣ токро эмин дошта, ҳосили хубу босифат ба даст овардан мумкин аст.

А.Тоҳиров,
мудири шўъбаи ангурпарварии
Институти боғдорӣ ва сабзавоткорӣ,
 ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh