Сафари кории Раиси вилоят ба ноҳияи Зафаробод

Санаи 7 июни соли 2017 Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ба ноҳияи Зафаробод сафари корӣ анҷом дод.

Ноҳияи Зафарбод аз минтақаҳои калони аграрии ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, рушди соҳаи кишоварзии вилояти Суғд аз он вобастагии калон дорад. Деҳқонони ноҳия асосан ба кишту парвариши пахтаю ғалладонагиҳо ва сабзавоту полезиҳо машғуланд. Хоҷагидорони Мирзочӯли тоҷик соли равон дар майдони зиёда аз 28 ҳазор гектар кишти зироатҳоро ба роҳ монда, ният доранд, ки ҳосили дилхоҳ ба даст оранд. Зимни сафар Абдураҳмон Қодирӣ нахуст дар хоҷагии деҳқонии “Мирзо” рафти дарави гандумро мушоҳида намуд. Хоҷагии мазкур соли 2013 ҳамчун хоҷагии оилавӣ таъсис ёфта, 11 гектар замин дорад, ки дар шаш гектари он гандум ва дар боқимонда пахта кишт шудааст. Дарави гандум нишон дод, ки ҳосилнокии он хуб буда, тибқи таҳлили мутахассисон 45-50 сентнерро аз ҳар гектар ташкил медиҳад.

Ҳосилнокии гандум ҳамзамон дар хоҷагиҳои деҳқонии “Зафар” ва “Бахт” хуб буда, беш аз 40 сентнериро аз ҳар гектар ташкил медиҳад. Хоҷагидорони ноҳия соли ҷорӣ умуман дар майдони беш аз ду ҳазор гектар кишти ғалладонагиҳоро ба роҳ мондаанд, ки 70 дарсади онро навъҳои хориҷии серҳосил, аз ҷумла навъи “Краснодар” ташкил медиҳад.

Раиси вилоят зимни боздид аз хоҷагиҳои деҳқонӣ ба масъулини соҳаи кишоварзӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ тавсия дод, ки ба масъалаи кишти такрории зироатҳо бо риояи қоидаҳои агротехникӣ диққати асосӣ диҳанд. Зеро дар шароити имрӯзаи Тоҷикистон маҳз истифодаи самараноки замин ва гирифтани ду-се ҳосил дар як мавсим омили асосии фаровонҳосилӣ ва серию пурии дастархони мардум аст. Дар ин замина, кишту парвариши мошу лубиё ва ҷуворимакка барои кишти такрорӣ дар ин минтақа мувофиқи мақсад дониста мешавад.

Нашъунамои пахта низ дар хоҷагиҳои ноҳия умедворкунандаи ҳосили дилхоҳ аст. Дар мисоли хоҷагиҳои деҳқонии “Дахкат”, ки дар зиёда аз шаст гектар пахта кишт кардаанд, Раиси вилоят нашъунамои онро қаноатбахш арзёбӣ намуд. Соли гузашта аҳли хоҷагӣ 32 сентнерӣ ҳосил гарифтаанд ва ният доранд имсол онро ба 35 сентнерӣ расонанд. Нашъунамои пахта дар хоҷагиҳои деҳқонии “Сувонқул”, “Зафар” ва “Ғоибназар” низ аз ҳосили хуби имсола дарак медиҳад. Бояд гуфт, ки майдони умумии кишти пахта дар Зафаробод соли равон 28275 гектарро дарбар гирифтааст, ки 255 гектар аз нақшаи дурнамо ва 3100 гектар аз соли гузашта зиёд мебошад. Дар мавсими гузашта пахтакорони Зафаробод 22 сентнерӣ ҳосил ба даст оварданд, ки нишондоди хуб дар чанд соли охир ба ҳисоб меравад. Имсол нақшаи ҷамъоварии пахтаи ноҳия 20 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Навъҳои асосии пахтаи киштшуда хориҷии серҳосил, аз ҷумла “ДП-5111”, “СД-406”, “Флеш”, “Флора”, “Харезма”, “Кармен” ва навъи чинӣ мебошанд.

Раиси вилоят дар хоҷагии деҳқонии “Солин” бо рафти нашъунамои полезиҳо, аз ҷумла харбуза шинос гардид. Ин хоҷагӣ аз 22 гектар замини дар ихтиёрдошта дар 4 гектари он хабузаи навъи “Мирзочӯл” коридааст. Майдонхои боқимондаи хоҷагиро пахтаю гандум ва хӯроки чорво фаро гирифтаанд.

Абдураҳмон Қодирӣ дар мисоли ин хоҷагӣ тавсия дод, ки парвариши харбузу тарбуз ва помидори тирамоҳиро низ ба роҳ монанд. Зеро деҳқононе, ки дар ин самт муваффақ мешаванд, ҳам дар таъмини бозор саҳм мегиранд ва ҳам соҳиби даромади хуб мегарданд, аз он ки ин намуди маҳсулот дар тирамоҳу зимистон арзиши баланд доранд. Харбузаю тарбузи Зафаробод миёнаи моҳи июл ва моҳи август коми сокинони вилоятро ширин хоҳад кард.

Дар ин сафар Раиси вилоят вазъи кишоварзии ноҳияро дар ҷамоати деҳоти Равшан мавриди назар қарор дод. Ҷамоати деҳоти Равшан аз ҷамоатҳои дурдасти ноҳияи Зафаробод ба ҳисоб рафта, мушкилоти асосии солҳои охири он хусусан дар мавзеи Дӯстӣ ин танқисии оби кишоварзӣ мебошад. Бо ин мақсад Раиси вилоят вазъи оборасониро аз наздик мушоҳида кард. Маълум гардид, ки яке аз сабабҳои норасоии об ин зиёда аз меъёр ва зарурат кушодани обгузарҳои иловагӣ дар каналҳо мебошад, ки боиси сарфаи ғайримақсадноки об ва нарасидани он то нуқтаҳои поёнӣ гардидааст. Бояд гуфт, ки соли равон илова бар маблағҳои ҷудошуда, боз 200 ҳазор сомонӣ аз буҷети вилоятӣ барои беҳтар намудани ҳолати пойгоҳҳои обкашии ноҳия ҷудо шудааст, ки аз таваҷҷӯҳи роҳбарияти вилоят ба соҳаи кишоварзӣ дарак медиҳад.

Дар ҳамин мавзеъ Раиси вилоят бо деҳқонону хоҷагидорон мулоқот кард. Заминдорон асосан аз норасоии об, назорати нокифояи тақсимоти он ва фаъолияти на он қадар хуби миробҳо изҳори ташвиш намуданд. Раиси вилоят дар ин замина роҳбарияти ноҳия ва масъулини соҳаро дастур дод, ки ҳамаи обгузарҳои иловагӣ ва ғайриқоидавиро дар каналҳо маҳкам карда, назорати қатъиро дар мавриди тақсимоти об ба роҳ монад. Аз ин рӯ таъкид гардид, ки бояд таъини сарварони Ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об дар хоҷагиҳо танҳо бо усули интихобкунӣ ба роҳ монда шавад. Ҷиҳати беҳтар намудани шароити обтаъминкунӣ бо ташаббуси роҳбарияти вилоят дар мавзеи мазкур 10 чоҳи амудӣ кофта, дар мавсими нави кишту кор мавриди истифода қарор дода хоҳанд шуд. Ҳамзамон, лоиҳаи Беҳтарсозии обрасонӣ дар ноҳия бо сохтани пойгоҳи нав ва кашидани қубурҳои қутрашон 1000 миллиметрӣ аз канали якум ба дуюм мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh