Ганҷест зарзамин...

Замин моро ҳам мехӯронаду ҳам мепӯшонад. Банда аз зумраи деҳқонони ноҳия ҳастам, ки маҳз ризқу рӯзии худро паси меҳнати ҳалол бо аҳли оилаам дарёфтаам.

Ба фикри ман муваффақияти мо, пеш аз ҳама, дар иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Хуб дар ёд дорам, чанд сол муқаддам зимни ташрифашон Пешвои миллат дар деҳаи мо аз рафти корҳои кишоварзӣ шинос шуда, маслиҳат дода буданд, ки ҳарчӣ метавонем аз замин самаранок истифода барем. Дар ҳолати мақсаднок истифода бурдани замин имкон ҳаст, соле то 2-3 ҳосил гирем.

Минбаъд кулли кишоварзони ҷамоат пайи иҷрои ин дастури созанда гардиданд.

Масоҳати хоҷагии деҳқонии оилавии мо аз 0,84 гектар иборат аст. Тирамоҳ ба он гандум мекорему баъди дарави гандум зироати хӯроки чорво кишт мекунем. Моҳи август бошад, баъди дарави хошок маҳсулоти полезӣ-турбу шалғам мекорем. Ҳамин тариқ, дар як сол аз заминамон се ҳосили фаровон мегирем.

Зарзамини мо бо помидори худ машҳур аст. Ин аст, ки шахсан ман барои рӯёнидани ҳосили фаровону маҳсулоти хушсифат моҳи декабр заминагузориро ба ҳосили нави помидор оғоз мекунам. Дар ҳавлии худ дар гармхонаи масоҳаташ 0,2 гектар барои кӯчат тухми помидорро мекорам. Ҳамин тухмии кишт на танҳо барои заминҳои худӣ, балки барои дигарон низ басандагӣ мекунад.

Помидор зироати басо нозук аст ва парвариши махсусро талаб мекунад. Хусусан, ҳифзи он аз ҳашароти зараррасон кори басо мушкил аст. Барои пешгирии касалиҳои помидор аз фунгитсидҳои “Ридомил голд” ва “Ипрадион – корбендазим” бо навбат ниҳолҳои помидор коркард карда мешавад. Баъдан дигар агротехникаҳои парвариши онро риоя мекунем, вақти ҳосилғундорӣ аз ҳар гектари он аз 350 то 450 сентнер помидори хушсифат ба даст меорем. Шинонидани кӯчати он бошад, моҳи март оғоз мешавад. Яъне, мо мардуми деҳқон оғоз аз моҳи март дар сари замин пайи иҷрои корҳои кишоварзӣ мешавем.

Дар олам беҳтарин касб кори деҳқонӣ будааст. Замин бошад, ризқрасони мост. Агар аҳлонаву софдилона заҳмат кашем, ҳатман бар ивази он ҳосили хубу фаровон ба даст меорем.

Абдуҳаким Юсуфов,
сарвари Хоҷагии деҳқонии
«Абдусалом саркор-5», Ҷамоати деҳоти
 Зарзамини ноҳияи Бобоҷон Fафуров

Add comment


Security code
Refresh