Майдони кишти пахта дар ноҳияи Ашт нисбат ба соли гузашта 700 гектар зиёд шудааст

Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Ашт Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ бо вазъи нашъунамои пахта дар хоҷагии деҳқонии “Рахшона” шинос шуд.

ҶДММ “Рахшона” 414 гектар замин дошта, дар 302 гектари он пахта, дар 47 гектар ғалладонагӣ, дар 63 гектар юнучқа ва дар 2 гектар  полезӣ парвариш мекунад. Мушоҳидаҳо нишон доданд, ки нашъунамои имсолаи пахта дар ноҳия хуб аст. Ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ ва истифодаи тухмиҳои хориҷаи серҳосил бозгӯи он аст, ки хоҷагидорони ноҳия соли равон ҳосили фаровонро интизоранд.

Раиси вилоят ҳини сафар ҳамчунин дар мавзеи Ҳафттеппа бо раванди барқарорсозии шабакаҳои обрасонӣ ва азхудкунии заминҳои бекормонда шинос гардид. Бояд гуфт, ки дар мавзеи мазкур солҳои охир миқдори зиёди заминҳо бо сабаби танқисии об аз гардиши кишоварзӣ берун монда, имрӯз барои истифодаи дубораи онҳо дар доираи иҷрои Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда барои солҳои 2012 -2020 тадбирҳои амалӣ андешида мешаванд. Айни ҳол бо ташаббуси ҶДММ “Рахшона”, пойгоҳи обкашӣ барқарор карда шуда, бо кофтани канал оби мавзеи Урмонтол, ки ба дарё ҷорӣ мешуд, ба ин минтақа оварда шуд ва дар натиҷа 107 гектар замин дубора мавриди истифода қарор гирифт,ки аз ҷумла дар 60 гектари он кишти пахта ба роҳ монда шудааст. Соли гузашта 680 гектар заминҳои бекормонда дар ноҳия  мавҷуд буда, имсол миқдори онҳо ба 520 гектар расонда шуд. Раиси вилоят аз иқдоми азхудкунии заминҳо изҳори қаноатмандӣ кард ва барои рӯёнидани ҳосили баланди пахта ба хоҷагидорони ноҳия маслиҳатҳои муфид дод.

Дар маҷмӯъ, майдони умумии кишти баҳорӣ дар ноҳия соли равон 9800 гектарро фаро мегирад. Аз ҷумла дар 5400 гектари он пахта кишт карда шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 700 гектар зиёд мебошад. Хоҷагидорон ният доранд, ки бо риояи қоидаҳои агротехникӣ соли равон ҳосили дилхоҳ ба даст оранд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh