Зардолу меваи маҳу хуршед аст!

Зардолупарварӣ яке аз машғулиятҳои маъмул дар шимоли кишварамон буда, ба парвариши ин намуди мева аҳамияти хоса дода мешавад. Боғҳои зардолуро бештар дар ноҳияҳои Бобоҷон Fафуров Ашт, Конибодом, Исфара ва дар маҳаллаҳои атрофи шаҳри Хуҷанд вохўрдан мумкин аст. Агар касе дар мавсими зардолупаз аз ин мавзеъҳо дидан намояд, албатта, бомҳои хонаҳоеро мебинад, ки ранги заъфаронӣ ба худ гирифтаанд. Ин ранги зардолуҳоест, ки мардум барои хушконидан дар болои бомҳо ва дар ҷойҳои офтобрас паҳн мекунанд.

Вақтҳои охир талаботи мамлакатҳои гуногуни хориҷӣ, махсусан Аврупо ва Федератсияи Россия ба ин навъи маҳсулот зиёд мегардад. Бинобар ин мардум зардолуҳои хушконидаи худро ба ин кишварҳо содирот менамоянд ва бар ивази меҳнаташон фоида ба даст меоранд. Дарвоқеъ, зардолу манбаи даромади бисёре аз хонаводаҳо дар шимоли Тоҷикистон будаву ҳаст. Парвариши анвои мухталифи зардолу ва тиҷорати меваи хушки он, агар даромади зиёд надиҳад ҳам, лоақал манбаи аслии таъмини рўзгори бисёре аз хонаводаҳо метавонад бошад.

Бо супоришу дастурҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии кишвари мо, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сол аз сол майдони дарахтони мевадиҳанда, махсусан зардолу васеъ шуда истодааст, чунки шароити экологии кишвари мо ба парвариши ин намуди мева хеле мусоид мебошад.

Ба иттилои Сарраёсати идораи кишоварзӣ алҳол дар вилоят 46 ҳазору 440 гектар боғи зардолу мавҷуд буда, аз он 29 ҳазору 935 гектараш ҳосилдеҳ мебошад. Инчунин, дар ҳудуди вилоят 14 сехи коркарди зардолу фаъолият дошта, то санаи 1 июли соли равон 2107 тонна меваи тар содирот шуд. Мавриди зикр аст, ки 750 гектар боғи зардолуи нав низ бунёд гардидааст.

Зардолу парвариши хеле қадима дошта, ҳар як гурўҳ дар навбати худ ба навъҳои хос ҷудо мешаванд. Мисол, ба гурўҳи фарғонагӣ навъҳои хурмоӣ, субҳонӣ, мирсанҷалӣ, бобоӣ, қандак, сафедак, ҷаннатӣ дохил мешаванд. Ба гурўҳи зарафшонӣ бошад, маҳтобӣ, хўҷаамирӣ, кошифӣ, искодарӣ, фалғарӣ мансубанд. Ин навъҳо аз ҷиҳати сифат ва таркиби кимиёвӣ ҳамто надоранд ва аз ҳамдигар фарқи ҷиддӣ дошта, ҳамчун навъҳои беҳтарин эътироф гардидаанд. Мардуми вилоят навъҳои беҳтарини зардолуро парвариш, коркард ва ҷамъоварии онро хеле хуб ба роҳ мондаанд.

Чанд сол қабл дар ҷамоати шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт Президенти кишвар, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти иншооти захира ва банду басти меваи тару тоза ва хушк барои содирот, ки бо номи «Зардолу ва компания» маъруф гардидааст, шинос шуда буданд. Иншооти мазкур соли 2012 бо харҷи 645 ҳазор сомонӣ маблағҳои 8 хоҷагии деҳқонии боғпарварии ноҳия ва 30 фоизи маблағҳои шарикони хориҷӣ сохта шуда, он аз 4 қисмат иборат ва масоҳати умумиаш 675 метри мураббаъ мебошад.

Қисмати якуми он барои қабули мева, қисмати дуюм барои ба навъҳо ҷудокунӣ, поксозӣ ва банду баст барои содирот, қисмати сеюм барои нигоҳдорӣ дар сардхона ва қисмати чорум барои бор кардан ба нақлиёти махсуси боркаши дорои яхдон пешбинӣ шудаанд. Иншоот дар як шабонарўз метавонад то 50 тонна меваи тару тозаро қабул ва ба содирот омода намояд. Дар сардхонаҳои иншоот дар як вақт то 200 тонна мева дар ҳарорати зарурӣ нигоҳ дошта мешавад. Соли равон аз корхонаи «Зардолу ва компания» зиёда аз 450 тонна меваи тар ва 85 тонна меваи хушк ба фурўш рафтааст. Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Зардолу ва компания» дорои 200 гектар боғи зардолуи ҳосилдеҳ буда, дар он 8 нафар саҳмдор кор мекунанд. Ба иттилои роҳбари ҷамъияти саҳҳомӣ Пўлод Ашўров, дар ин иншооти коркард ва ба содирот омодасозии меваи тару тоза то 50 нафар бо кор таъмин мебошанд.

Барои афзун намудани нишондоди истеҳсол, коркард ва содироти меваи тару хушк аз тамоми имкону захираҳои мавҷуда бояд васеъ истифода кард, зеро аз ҳисоби афзун намудани маҳсулот иқтидори содиротии кишвар имконпазир аст.

Гулҷаҳон ТУРСУНЗОДА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh