Боғпарварони Конибодом нақша доранд, ки 10 ҳазор тонна зардолу истеҳсол намоянд

Имрӯзҳо дар хоҷагиҳои кишоварзии Конибодом ҷамъоварии ҳосили зардолу бомаром идома дорад ва боғдорон дар як рӯз то 300 тонна зардолу ҷамъоварӣ менамоянд.

Саҳмдорону аъзои хоҷагиҳо ба ҷамъоварии ҳосили зардолу ва ба навъҳо ҷудо кардану хушконидани он машғуланд. Зардолуҳои чидашуда бо усули хоса қоқу баргак карда шуда, барои фурӯш ба бозори дохилӣ ва содирот омода карда мешаванд.

Боғбонҳои номӣ ва таҷрибадор барои зиёд кардани майдони боғоту ҳосилнокии дарахтони зардолу бо истифода аз таҷрибаҳо кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки дар шаҳри Конибодом 10 ҳазору 200 гектар боғоти зардолу мавҷуд аст, ки 6400 гектари онро боғи мевадиҳанда ташкил медиҳад. Дурнамои имсолаи ҳосили зардолу  10 ҳазор тонна муайян шудааст ва ба ҳисоби миёна дар як рӯз аз 200 то 300 тонна зардолу ҷамъоварӣ карда мешавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh