Таҷрибаи ибратомўзи деҳқонони “ДАҲКАТ”

Чанде қабл ҳангоми сафари кории худ ба ноҳияи Зафаробод Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ баробари шиносоӣ бо рафти корҳои ободонию бунёдкорӣ, аз ташвишу тараддудҳои имрўзаи кишоварзон низ огоҳӣ ёфт. Аз ҷумла нашъунамои ниҳолҳои пахта дар Хоҷагии деҳқонии «Даҳкат» аз ҷониби Раиси вилоят баҳои баланд гирифт ва онро чун таҷрибаи омўзишӣ муаррифӣ кард. Зеро деҳқонони хоҷагӣ соли гузашта аз ҳар гектар 35 сентнерӣ ҳосил гирифта, имсол ин рақамро то 40 сентнерӣ расонданианд.

Сарварии хоҷагии «Даҳкат»-ро мутахассиси соҳаи кишоварзӣ, деҳқони чашмикордон Исматулло Холов ба ўҳда дорад. Гузаштагони ин марди шариф зодаи деҳаи Даҳкат, ноҳияи Деваштич буда, аз фотеҳони Мирзочўли тоҷик мебошанд. Саидҷон Холов нахустин шахсе, ки аз деҳаи Даҳкат ба чўли бегиёҳ хайма зада, касби пахтакориро пеша карда буд. Чанд сол сарварии бригадаи пахтакории Хоҷагии давлатии «Ленинобод»-ро дар ўҳда дошту барои баланд бардоштани ҳосилнокии пахта ва ташкили самараноки меҳнат сазовори унвони «Устоди пахтаи Тоҷикистон» гаштааст. Тамоми пайвандонаш бо нони пахтакорӣ, дар рўҳияи меҳр ба замин ба камол расиданд ва имрўз аз онҳо шаш нафарашон хоҷагии деҳқонӣ таъсис дода, мустақилона фаъолият мебаранд.

Аз онҳо Исматулло Холов солиёни зиёд дар Хоҷагии давлатии «Ленинобод» сармуҳандис, сардори минтақа буд. Соли 2004 ба хотири зодгоҳи бобоияш Хоҷагии деҳқонии «Даҳкат» таъсис дод ва бо пайвандонаш 71 гектар замини дар ихтиёри «Ленинобод» бударо бо 48 ҳазор доллари амрикоӣ қарзи қаблӣ ба зимма гирифт. 34 нафар саҳмдор хеле кор карданд, чун замини худ заҳмат кашиданд. Натиҷа ин шуд, ки дар ду-се соли аввали фаъолият қарзи қаблӣ пурра пардохт шуд ва хоҷагӣ ба фоида гузашт.

Пас аз таҷдиди соли 2014 дар заминаи «Даҳкат» боз шаш хоҷагии деҳқонӣ арзи вуҷуд кард ва ҳама маҳорати кишоварзиро аз Исматулло Холов омўхтаанд. Дар ихтиёри «Даҳкат» 17 гектар замин монд, ки аз он 15 гектараш пахтазор аст. Соли рафта бо заҳмати 9 нафар саҳмдор аз ҳар гектар 36 сентнерӣ ҳосил бардоштанд, дар ҳоле, ки вақти хоҷагии давлатии «Ленинобод» будан ба 20 сентнерӣ ҳам нарасида буд.

- Барои ба ин муваффақият соҳиб шудан аввало ғамхорию ҳавасмандкунӣ нисбат ба аҳли саҳро, ки аз субҳ то офтобшинам дар корзор аст, омили асосии пешравӣ шуд, - мегўяд Исматулло Холов.

 Саркор Исматулло Холов доир ба ғайрату матонати аъзои хоҷагӣ бисёр ҳарф мезанад, қаноатмандии хешро изҳор мекунад ва қайд менамояд, ки чунин меҳнатдўстӣ буд, ки аз ҷониби Раиси вилоят кишоварзон баҳои баланд гирифтанд…

Эгамназар СОҲИБНАЗАРОВ,
ноҳияи Деваштич

Add comment


Security code
Refresh