Роҳи обро бояд кушод!

Дар нишасти матбуотии Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ сухан аз бобати болоравии нархи маҳсулоти полезӣ дар бозорҳо рафт. Омилҳои асосии болоравии нарх зикр шуданд. Раиси вилоят чунин ибрози назар намуд:


- Аз қадимулайём бозори маркази вилоятро бо маҳсулоти полезӣ деҳаҳои атрофи шаҳри Хуҷанд - Рўмону Кулангир ва Унҷиву Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таъмин мекарданд. Лекин таи чанд соли охир бинобар норасоии об аҳолии ин деҳот аз корҳои деҳқонӣ дур гаштаанд. Об, ки наомад, каналу ҷўйборҳои обрасони ин деҳот бинобар беназорат мондан аз партову алафу таҳшинҳо ва хоку лой пур шудаанд. Ман ҷамоатҳои деҳоти ин минтақа ва Раёсати беҳдошти замин ва обёрии вилоятро супориш додам, то ки дар муддати кўтоҳтарин каналу ҷўйборҳоро тоза карда, ҷиҳати расонидани об ба деҳоти зикршуда чораҳои мушаххас андешанд. Бовар дорам, ки ин чораҷўии мо натиҷаи мусбат медиҳад».

Муаллифи мақола ин мавзўъро пайгирӣ намуда, рўзи шанбеи гузашта ба деҳаҳои Кулангир (мавзеи Ҷамоати деҳоти ба номи Ҳайдар Усмонов) ва Унҷӣ (Ҷамоати деҳоти Унҷӣ) омад. Гуфтаҳои Раиси вилоятро бо чашми худ дар ин ҷойҳо бори дигар дидам. Дар ҳақиқат каналу ҷўйборҳо ба андозае аз хоку лой ва партовҳо пур шуда буданд, ки дар баъзе аз қитъаҳо партову алафҳои бегона лаболаби канал расида буданд. Дурустии суханони маро Абдурозиқ Ғафуров - раиси Ҷамоати деҳоти ба номи Ҳайдар Усмонов низ тасдиқ карда гуфт:

- Тасаввур мекунед, ки аз 30 метр қадди канал 10 мошини «КамАз» партову хоку лой кашонидем. Аз 30 км канале, ки дар қаламрави ҷамоати мост, чӣ миқдор партову лой бароварданамон зарур аст…

Ҳамзамон, воқеан ҳам бинобар беназорат мондани канал аҳолӣ қоидаҳои амалкунандаро риоя накарда, иддае дар болои канал мошинсарову дар боми он ҳезумхона сохта буданд. Тибқи дастури Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ зарур аст, ки ин бесомониҳо бояд бартараф карда шаванд.

Ногуфта намонад, ки иқдоми Раиси вилоятро аҳолии деҳаҳои зикршуда бо тамоми ҳастӣ ҷонибдорӣ карда, дастаҷамъона ба ҳашар омада буданд. Дар минтақаи Қишлоқиҷони деҳа дидам, ки мардум бо ҳашар ба тозакунии канал машғyл буданд.

- Аз иқдоми Раиси вилоят мо, аҳолии деҳаи Кулангир басо хурсандем, - гуфт фаъоли маҳалла Бобоҷон Исмоилов, ки ба ҳашари халқӣ роҳбарӣ мекард, - Раиси вилоят дуруст мегўянд, ки бозори «Панҷшанбе»-ро бо маҳсулоти полезиву мева асосан мардуми деҳаҳои атрофи Хуҷанд таъмин мекарданд. Лекин солҳои охир аз камобӣ деҳотиён зимнан аз корҳои деҳқонӣ дур шудаанд. Бовар дорам, ки аҳолии мо аз нав рў ба деҳқонӣ меоранд.

- Мардуми деҳаҳои қаламрави ҷамоат ба андозае аз иқдоми Раиси вилоят хурсанд буданд, ки ҳамарўза то 300 нафар ба ҳашар баромаданд, - изҳор дошт Абдурозиқ Ғафуров. - Аз Раёсати беҳдошти замин ва обёрии вилоят миннатдорем, ки ба мо тавассути техника ва сўзишворӣ кўмак кард. Айни ҳол дар мо чаҳор мошини боркашону 2 экскаватор ва як автогрейдер кор карда истодааст.

Дар деҳаи Унҷӣ низ кор ҷўш мезад. Аҳолӣ яксар ба тоза кардани канал баромада буданд. Раиси ҷамоати деҳа Баҳромҷон Ҳоҷибоев ва сармутахассиси Идораи беҳдошти замин ва обёрии ноҳия Аҳрулло Қориҷумъаев ба тозакунии канали «Унҷӣ-1» ва «Унҷӣ-2» роҳбарӣ мекарданд. Бино ба гуфти А.Қориҷумъаев ин каналҳо охирон бор се ва баъзе қитъаҳо панҷ сол муқаддам бо қувваи худи аҳолӣ тоза карда шудаанд.

Риоя нашудани қоидаро мо дар ин ҷо низ мушоҳида кардем. Деворҳои ҳавлии мардум гоҳе болои каналро убур мекарданду баъзе ба лаби канал ҷафс бардошта шуда буданд. Ҳол он, ки тибқи қоидаи амалкунанда аз ду канори канал барои корҳои тозакунии канал масофаи муайян зарур аст.

- Дар деҳоти мо низ иқдоми Раиси вилоятро мардум хуш пазируфтанд, - гуфт Б.Ҳоҷибоев,- чанд рўзе, ки ҳашар давом кард, рўзе то 250-300 нафар одамон ба ҳашар баромада, дар тоза кардани канал саҳм гирифтанд. Дар ин кор мо 4 экскаватору 8 мошини боркашро истифода кардем.

Ногуфта намонад, ки иқдоми Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ на танҳо ба мардуми деҳот, балки кормандони дигар соҳа, аз ҷумла ба табибону омўзгорон, соҳибкорон маҷрои кору ташаббус бахшид.

Аз рўи гуфти раисони ҷамоатҳои деҳоти ба номи Ҳайдар Усмонову Унҷӣ таи чанд рўзе, ки ҳашари халқӣ идома ёфт, аз каналу ҷўйборҳои қаламрави ин ду ҷамоат 2,5 ҳазор мукаабметр хоку лой ва партов бароварда шуданд. Ҳашари халқии мардуми деҳаҳои Кулангиру Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба хотир кофтани Канали калони Фарғонаро меовард, ки солҳои 30-юми қарни гузашта чӣ тавр мардуми водии Фарғона дастаҷамъона ба ин ҳашари таърихӣ баромада буданд. ҳашарчиёнро аҳли зиё, шоирону адибон ва ҳунармандон он замон бо баромаду таронаҳояшон рўҳбаланд мекарданд. Ба васфи корнамоии халқ шеъру достонҳо эҷод шудаанд. Шоири халқии Тоҷикистон, устод Мирзо Турсунзода шеъре навиштаанд бо номи «Омад канал».

Мирзоаъзам Мақсудов,
узви Иттифоқи
журналистони Тоҷикистон

Add comment


Security code
Refresh