Такомули раванди коркарди абрешими хом

Имрўзҳо дар бозорҳо аксаран матоъҳои истеҳсоли хориҷиро дучор меоем, ки гароннарханду аммо сифатан пастанд. Солҳои пеш бо пиллаи истеҳсоли худамон матоъҳои бирешимии баландсифату бадошт тайёр карда мешуду аз он матоъҳо либос дўхта пўшидан ба солимии кас низ таъсири мусбӣ дошт.

Ҳоло бошад, пиллаи истеҳсолшуда дар ҳудуди кишвар хеле кам коркард мешавад ва ба хориҷ дар шакли ашёи хоми тайёр содирот мегардад.

Дар маҷлиси фаъолони вилоят оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои иқтисодию иҷтимоии вилоят дар давоми шаш моҳи соли 2017 Раиси вилоят, мўҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ ба масъулони соҳа таъкид намуданд, ки аз воситаву имкониятҳои мавҷуда истифода бурда шавад, то ки пилла баъди коркард аз ҳудуди вилоят бароварда шавад.

 Феълан дар вилоят кадом корхона бо коркарди пилла машғул аст ва то кадом дараҷа ин дастури Раиси вилоят таъмин гардида истодааст?

Бо ин суол мухбирамон ба масъулони соҳа муроҷиат кард. Иҷрокунандаи вазифаи директори Ҷамъияти саҳҳомии фаръии «Пиллаи Суғд» Муҳаббат Fаниева:

- Соли равон дар шаҳру навоҳии вилоят ҳарчанд нақшаи дурнамои тайёр кардани пилла таъмин нагардид, вале ҳосили ба даст овардашуда нисбат ба соли 2016-ум наздик 10 тонна зиёдтар аст, яъне ба миқдори 385,1 тонна пилла ба даст оварда шуд. Омили асосии таъмин нагаштани иҷрои нақша якбора гарм шудани ҳарорати ҳаво дар давраи пиллапечии кирмак буда, бо ин сабаб дар баъзе шаҳру ноҳияҳо вазни пилла нисбат ба назардошт камтар гардид ва ҳосили дилхоҳ ба даст наомад.

Дар қаламрави вилоят танҳо кирмакпарварони ноҳияи Деваштич нақшаи пешбинигардидаро сад фоиз таъмин намуда, 8,5 тонна ашёи хоми пурбаҳо тайёр карданд. Дар шаҳру навоҳии Конибодом 60,8 тонна, Панҷакент 21,8, Истаравшан 14,4, Бобоҷон Fафуров 95,2, Спитамен 70,5, Ҷаббор Расулов 48,2 тонна тайёр карда шуд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки солҳои охир роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба рушди соҳаи кирмакпарварӣ эътибори хоса дода, дар ҷодаи ба роҳ мондани парвариши тухмии хушсифати кирмак тадбирҳои муҳим андешида шуда истодааст. Аз ҷумла, соли равон дар хоҷагиҳои вилоят навъи чинии тухми кирмак парвариш карда шуд. Ҳосили пиллаи имсола дар сехи коркарди пиллаи Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Пиллаи Спитамен» коркард гардида истодааст.

Ризозода Инъомҷон Олимҷон - муовини раиси ноҳияи Спитамен:

- Имрўз Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Пиллаи Спитамен» дар ҳудуди вилоят бо коркарди пиллаи истеҳсолкардаи шаҳру навоҳии вилоят машғул аст. Истеҳсолоти ин коргоҳ бо дастгирии сармоягузор «ТоҷСилк» ба кор андохта шудааст. Ин коргоҳ ё ки сехи истеҳсолӣ давоми якуним-ду моҳ инҷониб фаъолият мебарад. Ҳоло дар ду баст 23 нафар кор мекунанд ва коркарди пилла давоми шабонарўз 2 тоннаро ташкил медиҳад. Яъне давоми як шабонарўз 180 метр матои хом истеҳсол карда мешавад. Тибқи дастурҳои Раиси вилоят, мўҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ дар маҷлиси фаъолон бахшида ба ҷамъбасти нимсолаи натиҷаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилоят имрўз дар ин коргоҳ баҳри он тадбирҳо андешида шуда истодаанд, ки пилла аз ҳудуди вилоят то ҳадди имкон баъди коркард содир гардад. Баҳри ин ҳадаф дар назар аст, ки ба қарибӣ дар ин коргоҳ сехи нави ресандагӣ ба кор андохта шавад.

Тавре сармутахассиси бахши иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Файзулло Каримов изҳор дошт, алҳол дар коргоҳ пиллаи истеҳсолкардаи навоҳии Деваштич ва Зафаробод коркард шуда истодааст ва бо иқдоми сармоягузор дастгоҳҳои нав оварда шудаанд ва баъди насб гардидан вазъи коркарди пилла боз беҳтар хоҳад гашт.

 Рафоат МЎЪМИНОВА,
“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh