Оби тоза асоси зиндагист!

Гузориш аз машварати кории Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров машварати кории Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ бо роҳбарияти як қатор ташкилоту идораҳои вилоятӣ, аз ҷумла Сарраёсати кишоварзӣ, Раёсати беҳдошти замин ва обёрии вилоят, раисони ҷамоатҳо ва миробҳои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баргузор гардид, ки дар он асосан масъалаи беҳбуд бахшидан ба фаъолияти обрасонӣ ба хоҷагиҳои кишоварзӣ ва мардуми минтақа тавассути каналҳои Унҷӣ – 1 ва Унҷӣ – 2 – и Канали калони Фарғона ва Сойи Хоҷа Боқирғон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

- Боиси зикр аст, ки беҳтар намудани таъмини оби каналҳо дар Ҷамоатҳои деҳоти Унҷӣ, Ҳайдар Усмонов ва Ғозиён ба беҳдошти ҳолати обёрии наздик 3 ҳазор гектар заминҳои кишоварзии ноҳия ва қитъаҳои замини наздиҳавлигии 8887 хонавода мусоидат менамояд, - зикр дошт Абдураҳмон Қодирӣ. - Амалӣ шудани ин иқдом имконият медиҳад, ки ин заминҳо пурсамар истифода гардида, бо бунёди гармхонаҳои мавсимӣ истеҳсоли сабзавоти барвақтӣ, аз ҷумла картошка ва помидор афзун гардад.

Ҳамзамон, Раиси вилоят изҳори таассуф намуд, ки дар натиҷаи бемасъулиятӣ баъзе ҳудуди каналҳои номбурда имрўз пурра корношоям гардида, аз ҷониби бархе шаҳрвандон худсарона иншооти ғайриқонунӣ сохта шудааст, ки маҷрои обро халалдор месозад. Беобӣ ҳолати экологии ин минтақаро халалдор сохта, баъзе мавзеъ макони сирояти бемориҳо гардидааст. Алъон вақти он расидааст, ки анъанаҳои неки гузаштагонамонро эҳё намуда, тариқи ҳашару корҳои фаҳмондадиҳӣ каналҳоро эҳё ва пуроб намуд.

Абдураҳмон Қодирӣ раисони кумитаи маҳаллаҳо, миробҳо ва масъулини ноҳияро вазифадор намуд, ки дар самти баргузории ҳашарҳои мардумӣ, тозаву озода намудани ҷўйборҳо, пардохти оби истифодашуда ва нерўи барқ тадбирҳои зарурӣ андешанд. – Бояд байни ин ҷамоатҳо ва маҳаллаҳо барои истифодабарии оқилонаи обу замин озмун эълон гардида, беҳтаринҳо ҳавасманд шаванд, - таъкид дошт Раиси вилоят.

Тибқи дастури Раиси вилоят каналҳои мазкур аз тавозуни хоҷагиҳои кишоварзӣ пурра ба тавозуни Раёсати беҳдошти замин ва обёрии вилоят гузаронида шуда, Ассотсиатсияи минтақавии истифодабарандагони об ташкил ва фаъолияти миробҳо тақвият хоҳанд ёфт.

- Солҳои қабл мардуми ин минтақа на танҳо мардуми вилоят, ҳатто берун аз онро бо маҳсулоти тару тоза, аз ҷумла помидор таъмин менамуданд. Аммо имрўз вазъ хеле нигаронкунанда буда, аксари заминҳои наздиҳавлигӣ, бахусус маҳаллаҳои навбунёд аз нарасидани оби полезӣ ва нўшокӣ танқисӣ мекашанд.

Абдураҳмон Қодирӣ ба роҳбарияи Раёсати беҳдошти замин ва обёрии вилоят, раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷиҳати ба эътидол овардани вазъи ҷойдошта дастуру супоришҳои мушаххас дода, зикр дошт, ки ба фаъолияти пурсамари миробҳо ва музди меҳнати онҳо эътибори зарурӣ дода шавад.

Ба хотири тақвияти фаъолияти минбаъда ба 6 мироби ин минтақа дучархаҳои нав тақдим гардиданд.

Амалӣ шудани ин тадбири нек дар Соли 2017 – Соли дастрасии аҳолӣ ба оби тозаи нўшокӣ кори хайру нек арзёбӣ мегардад. Чуноне, раиси маҳаллаи «Ҷавонон» - и Ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Сиддиқбой Юсуфов изҳор дошт, ин иқдом ва ташаббуси Раиси вилоят, мўҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ саривақтӣ ва боиси дастгирӣ буда, мо сокинони ин ҷамоатҳоро рўҳбаланд менамояд. Боварӣ дорем, ки дар каналҳои хушкида оби ҷонфизо лабрез мегардад ва мо анъанаи неки падарону бобоёни худ – кишти маҳсулоти кишоварзӣ, бахусус сабзавотро боз ҳам бо усули бобоӣ ба роҳ мемонем ва дар таъмини амнияти озуқавории кишвар саҳм мегузорем.

Мухтори Абдулло,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh