Идоракунии захираҳои об: ҳавзаи Сирдарё

Дар маҷлисгоҳи Маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон дар мавзўи муколамаи ҳавзаи Сирдарё оид ба идоракунии захираҳои об машварати ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Муовини якуми Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода иброз дошт, ки дар ҷумҳурӣ амалигардонии Барномаи ислоҳоти соҳаи об идома дорад. Машварати мазкур ҷаласаи панҷум доир ба ин масъала буда, дар ин давр як қатор тадбирҳо амалӣ карда шудаанд. Ислоҳоти соҳаи об дар мамлакат марҳала ба марҳала гузаронида шуда, таъсиси гурўҳҳои ҳавзавӣ, Шўрои ҳавзавӣ ва дигар сохторҳо дар ин раванд дар назар дошта шудаанд. Бояд гуфт, ки дар раванди ислоҳот дар самти идоракунии захираҳои об минтақаҳои кишвар ба ҳавзаҳои Сирдарё, Зарафшон, ҳавзаи Кофарниҳон, ҳавзаи дарёи Панҷ ҷудо карда шудаанд. Дар маҷмўъ ҳадафи асосии ислоҳоти соҳаи об ба истифодаи самараноки об нигаронида шуда, дар ин самт саҳми вилояти Суғд бо амалигардонии иқдомоти тоза ба тоза шоиста аст.

Муовини Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ аз номи Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ба иштирокдорони машварат дар амалӣ гаштани ҳадафҳои ҷамъомад барор хоста, изҳор дошт, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҷиҳати пешбурди амалигардонии ислоҳоти соҳаи об марҳала ба марҳала дар самти таъминоти аҳолӣ бо оби нўшокӣ, таъминоти об дар соҳаи кишоварзии вилоят, дар соҳаи хоҷагии коммуналӣ, саноат иқдомҳои тоза пеш гирифта, соли равон бо иқдоми Раиси вилоят «Соли дастрасии аҳолӣ ба оби тозаи нўшокӣ» эълон гардидааст ва дар ин самт ҷиҳати истифодаи самараноки об то имрўз як зумра тадбирҳо амалӣ гардонида шуданд. Ҳамзамон ҷиҳати амалигардонии Барнома дар ҳамкорӣ бо Вазорати энергетика ва захираҳои оби кишвар, хоҷагии оби вилоят як қатор корҳои назаррас дар самти ҷорикунии механизмҳои нави идоракунӣ, муносибатҳои байни обрасону истифодабарандагон анҷом дода шуданд.

Дар машварат ба эътибори иштирокчиён филми мустанад дар бораи ислоҳоти сохтори оби ҷумҳурӣ «Об барои рушди устувор: ҳавзаи дарёи Сир» намоиш дода шуд.

Ҳомидҷон Ҳасанзода, намояндаи Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт, ислоҳоти соҳаи об доимо таҳти таваҷҷўҳи Сарвари давлат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ҳарчанд захираҳои оби мамлакати мо фаровонанд, кишвари мо чаҳор маротиба дар сатҳи дунё бо пешниҳодҳои муфид оид ба истифодаи самаранок ва ҳифзи об баромад кардааст. Имрўз дар мамлакат амалигардонии ислоҳоти соҳаи об бомуваффақият ва дар сатҳи муайян идома ёфта истодааст. Аз ҷумла иқдомҳои дар ҳавзаи Сирдарё татбиқгашта нишон дода истодааст, ки ислоҳот манфиатҳои худро дорад ва ҳар як сарфаву сариштакорӣ бар нафъи худи мо аст. ҳадафи асосии ислоҳоти соҳа низ беҳтаргардонии таъминот бо об ва дар маҷмўъ ба таъмини амнияти озуқавории мамлакат равона гардидааст.

Дар машварат Иброҳим Саидов - роҳбари гурўҳи экспертони миллӣ, Раҳмонқул Раҳматуллоев - эксперти миллӣ оид ба нақшагирии захираҳои оби ҳавза, А.Холматов - координатори гурўҳи корӣ, Фаррух Камолиддинов - намояндаи Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ, Анвар Ҳасанов - муовини менеҷер оид ба лоиҳаи миллӣ оид ба идоракунии захираҳои об ва дигарон дар бораи ислоҳоти соҳаи об дар мамлакат, дар бораи Кодекси оби ҷумҳурӣ ва дигар масъалаҳо фикру ақидаҳои худро баён доштанд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2015-ум Барномаи ислоҳоти соҳаи об дар мамлакат амалӣ гардонида мешавад. Ҳадафи он идоракунии самараноки захираҳои оби кишвар буда, вобаста ба ин ҳавзаҳои идоракунӣ таъсис ёфтаанд. Татбиқи Барнома то соли 2025 дар назар дошта шудааст. Дар ин самт шарикони рушд аз мамлакати Швейтсария, ташкилоти байналмилалии Хелветас, Актед ва дигарҳо мебошанд.

Дар машварат доир ба муҳофизати захираҳои об, истифодаи босамари он ва дигар масъалаҳо суолу ҷавоб ва пешниҳоду мулоҳизарониҳо сурат гирифтанд.

Рафоат МЎЪМИНОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh