Боздиди Раиси вилоят аз майдонҳои кишти картошка дар ноҳияи Шаҳристон

Дар ҷараёни сафари корӣ ба ноҳияи Шаҳристон Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ аз майдонҳои картошкаи асосиатсияи истифодабарандагони оби «Хӯҷаи Дӯғ» боздид намуд.

Тибқи иттилои мутахассисон ҳоло нашъу намои картошка дар заминхои ин мавзеъ хуб ба назар мерасад. Деҳқонони ноҳия бо истифода аз тухмиҳои хушсифат ва коркарди саривақтии арготехникӣ умед доранд, ки аз коштаҳои хеш ҳосили фаровон ба даст меоваранд. Раиси вилоят зимни мулоқот бо кишоварзон минбаъд истифодаи таҷрибаи усули обёрии қатрагӣ дар самти парвариши картошкаро дар ноҳияи Шаҳристон  мувофиқи мақсад шуморид. Дастур дода шуд, ки дар ноҳияи Шаҳристон кишти картошка зиёд карда шавад. Зеро, дар сурати меҳнати хуб намудан, деҳқонон метавонанд аз картошкапарварӣ даромади зиёд ба даст оваранд.

Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ҳамзамон ба роҳбарияти ноҳия дастур дод, ки корҳои лоиҳакашии таъминоти оби полезии «Бургенсой»-ро оғоз намояд. Ин лоиҳа аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дастгирӣ карда мешавад. Дар сурати амалӣ гардидани лоиҳа 2 ҳазор гектар замин ба гардиши кишоварзӣ дароварда шуда, картошкарпарварӣ дар ноҳия рушд меёбад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh