Коркарди шир масъулияти ҷиддиро меписандад

Корхонаи истеҳсолии «Сомон-Кӯлканд» тайи чанд соли охир бо тамғаҳои хоси маҳсулоти худ, аз ҷумла шир, шири ҷӯшонидашуда, кефир, қаймоқ, чакка, фалла, панир, равғани зард, айрони туркӣ натанҳо байни мардуми Исфара, балки тамоми ҷумҳурӣ ва берун аз он, аз ҷумла вилояти Бодканди Ҷумҳурии Қирғизистон маъруфият пайдо кардааст.

Шояд мароқ зоҳир мекунед, ки чаро имрӯз коргоҳҳои коркарди шир хеле бисёранду танҳо бренди ин коргоҳ бо сифати баланди худ харидори зиёд пайдо кардааст?

- Ин ҷо як сирру асрор ҳаст. - Ин ҳам бошад, худ хатмкардаи факултаи технологияи Донишкадаи политехникии шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон ва соҳиби ихтисоси муҳандис - технолог мебошам ва тамоми нозукиҳои тайёр кардани маҳсулоти шириро омӯхтаам. Сиву ду сол дар заводи шири шаҳри Исфара, ки низ бо навъу намудҳои маҳсулоти худ номдор буд, аз коргари оддӣ то ба дараҷаи ҷонишини директор фаъолият бурдаам. Албатта, ин коргоҳ низ баҳри азхудкунии технологияи тайёркунии маҳсулоти ширӣ барои ман заминаи асосӣ гузашт. Чун дар ҷодаи тарзу намуд ва технологияи коркарди шир маҳорату малака андӯхтам, маро ба Вазорати саноати гӯшту шири мамлакат даъват карданд. Вазифа гузошта шуд, ки фаъолияти заводи коркарди шири шаҳри Конибодом «Ассор»-ро, ки даҳ сол боз аз фаъолият бозмонда буд, аз нав ба роҳ монам, ҷойҳои нави корӣ таъсис диҳам. Ин соли 2011 буд. Фаъолияти коргоҳро барқарор намудем, бист нафар бо ҷои корӣ таъмин шуданд. Завод ба истеҳсоли навъ ва намудҳои гуногуни маҳсулоти ширӣ шурӯъ кард. Алҳол ин коргоҳ дар назди фермаи Хоҷагии деҳқонии ба номи Энаҷон Бойматова фаъолият бурда истодааст. Сипас дар зодгоҳи худам-деҳаи Кӯлканд бештар аз бист нафарро ба кор ҷалб намуда, коргоҳи коркарди шир ифтитоҳ намудам.

Бояд зикр намоям, ки ҳангоми фаъолият дар заводи шири Исфара доир ба мавзӯи технологияи тайёр кардани равғани зард бо туртааш, айрони туркӣ ва дигарҳо рисолаи илмӣ омода кардам. Вақт расад, онро ҳимоя менамоям. Чӣ хеле мегӯянд, кори амалӣ ҳаст, ман бо ГОСТ-и махсуси худ маҳсулот истеҳсол намудам. Ба маҳсулоти ширии коргоҳи мо ягон омехтаи кимиёвӣ ҳамроҳ карда намешавад, ки ин яке аз бартариятҳои азими маҳсулоти мо маҳсуб меёбад. Яъне, мӯҳлати истифодаи шири коргоҳи мо 2 рӯз, дигар маҳсулот 6 рӯз аст, на зиёда аз ин. Бинобар ҳамин ҳам харидори маҳсулоти мо рӯз ба рӯз афзун мегардад.

Дар бораи оилаам гӯям, модари ду писару як духтар мебошам ва туфайли ҷигарбандонам ду келину як домод дорам, ки ҳама соҳиби маълумоти олианду ҳуқуқшинос, омӯзгор мебошанд. Шавҳарам хатмкардаи факултаи кимиёвии Донишгоҳи давлатии Москваи Федератсияи Русия мебошанду дар заводи кимиёвии Исфара фаъолият доранд.

Имрӯз ризоманд аз онам, ки дар кишвари мо фаъолияти соҳибкории бонувон ҳамаҷониба дастгирӣ меёбаду барои васеъ ба роҳ мондани соҳаашон тамоми шароит муҳайёст.

Садия РАҲМАТОВА,
сарвари корхонаи маҳсулоти
ширии «Сомон-Кӯлканд»,
шаҳри Исфара

Add comment


Security code
Refresh