Чаро нархи картошка гарон аст?

Рӯзҳои охир дар бозорҳо нархи пиёз ва сабзӣ низ тамоюли болоравӣ доранд

Имрӯзҳо арзиши як кило картошка дар нуқтаҳои фурӯши шаҳру навоҳии вилоят аз 3 то 4,5 – 5 сомониро ташкил медиҳад.

- Ҷамъиятҳои матлуботи шаҳру навоҳии вилоят ҷиҳати то андоза таъмин намудани талаботи бозорҳо ба картошка мусоидат карда метавонанд? - пурсидем аз Иброҳим Мутуллозода, раиси Раёсати иттифоқи ҷамъиятҳои матлуботи вилояти Суғд.

- Мутаассифона, миқдори захираи картошка, ки 122 тоннаро ташкил медод ва нисбат ба солҳои пеш то 200 тонна зиёд буд, бо доир кардани намоиш ва фурӯши маҳсулот ба охир расидааст ва имкони дигари захираву фурӯши онро надорем, - гуфт мавсуф.

Маҳмуд Исоев, сардори бахши карантини вилоят оид ба содироти картошка гуфт, ки то якуми августи соли ҷорӣ 2133 тонна, аз ин картошкаи транзитӣ 1720 тонна ба Ҷумҳурии Қазоқистон, 412 тонна ба Ҷумҳурии

Ӯзбекистон ва 400 тонна ба Федератсияи Русия содирот шудааст.

- Шояд содироти ғайрирасмӣ ҳам бошад? - суол додем ба масъулини Хадамоти гумрук дар вилояти Суғд.

- Расман дар 7 моҳи соли равон 43090 килограмм картошка содирот шудааст. Ҷиҳати пешгирии ҳолатҳои ғайриқонунии содироти маҳсулоти кишоварзӣ бошад, дар ҳамаи нуқтаҳои гумрукӣ гурӯҳҳои фаврӣ амал мекунанд.

- Пас, кадом омилҳо имрӯз сабаби болоравии нархи маҳсулоти кишоварзӣ гаштаанд?

Бино ба иттилои Абдуазиз Маҳмудзода, мудири шӯъбаи истеҳсолии Сарраёсати кишоварзии вилоят, дар ин бахш 9716 гектар кишти картошка гузаронида шуд, ки ин нишондод 108,7 фоизи дурнаморо ташкил дода, нисбат ба соли пешин 781 гектар зиёд мебошад. Боиси зикр аст, ки нисбат ба соли гузашта васеъ намудани масоҳати кишти картошка ба ғайр аз хоҷагиҳои шаҳри Конибодом дар боқимонда шаҳру ноҳияҳо таъмин карда шуда, афзуншавии масоҳати кишт дар шаҳру ноҳияҳои Исфара, Истаравшан, Панҷакент, Айнӣ, Ашт, Бобоҷон Ғафуров, Деваштич, Ҷаббор Расулов, Зафаробод, Кӯҳистони Мастчоҳ, Мастчоҳ, Спитамен, ва Шаҳристон амалӣ гардонида шуд, ки мувофиқи вилоят 781 гектарро ташкил мекунад.

Ба ҳолати 1-уми июли соли 2016 дар нимсолаи якум истеҳсоли картошка ба 9048 тонна расонида шуд, ки ин нишондод нисбати соли пешин 868 тонна зиёд мебошад.

Ҷамъоварии картошка асосан дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ ва кӯҳии вилоят боқӣ монда, имрӯзҳо дар шаҳру ноҳияҳои Деваштич, Истаравшан, Шаҳристон, Айнӣ, Исфара, Панҷакент, Кӯҳистони Мастчоҳ ва Исфара идома дорад.

То имрӯз аз майдони 9716 гектари кишти картошка 1622 тонна ҳосил ҷамъоварӣ шуд, ки ин 17 фоизро ташкил дода, боқимонда 83 фоизи он вобаста ба шароити маҳал ва навъҳои картошка ғунучин шуда истодааст.

Дар ноҳияи Деваштич, ки 27,2 фоизи майдони кишти картошкаи вилоятро ташкил медиҳад, ғунучини ҳосил оғоз наёфтааст.

То санаи 14 августи соли 2017 тибқи маълумоти фаврии шаҳру ноҳияҳои вилоят истеҳсоли картошка ба 23154 тонна расидааст.

Нодир ТУРСУНЗОДА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh