Мусоидат ба беҳдошти зиндагии мардум

Рўзи гузашта бахшида ба 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шафати Театри мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ ва Кохи матбуот ярмарка - фурўши маҳсулоти кишоварзӣ баргузор гардид, ки дар он деҳқонону кишоварзон аз шаҳру навоҳии вилоят маҳсули дастранҷи хешро ба фурўш бароварданд.

Бино ба маълумоти намояндаи Сарраёсати кишоварзии вилоят Алишер Дадобоев дар ярмаркаи мазкур аксари шаҳру навоҳии вилоят, аз ҷумла Спитамен, Исфара, Конибодом, Панҷакент, Шаҳристон, Ҷаббор Расулов, Мастчоҳ ва Кўҳистони Мастчоҳ иштирок намуда, маҳсулоти кишоварзии хешро ба мардум бо нархҳои аз бозор 20 то 30 фоиз арзонтар пешниҳод намуданд. Дар маҷмўъ, беш аз 437 тонна маҳсулот ва 46 ҳазор дона тухм барои сокинони маркази вилоят пешкаш гардид.

Муовини Раиси вилоят Ориф Хоҷазода аз ҷараёни ярмарка – фурўши маҳсулот боздид ба амал оварда, ба масъулин таъкид дошт, ки бобати арзиш ва сифати молу маҳсулот назорат намоянд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки бо дастуру супориши Роҳбарияти вилоят чунин ярмаркаҳо дар ҳар иду чорабиниҳои мухталиф баргузор мегарданд. Ҳадафи асосии ташкили ярмаркаҳо пеш аз ҳама, мусоидат намудан ба пастравии арзиши маҳсулот ва беҳдошти сатҳи зиндагии мардум мебошад.

Маъмурахон Самадова,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh