Машварати кории Раиси вилоят

Таъмини амнияти озуқаворӣ: дастгирии кишоварзон омили муҳим аст

Санаи 20 сентябри соли 2017 дар маҷлисгоҳи хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят машварати кории Раиси вилоят бо кормандони соҳаи комплекси агросаноатии вилоят баргузор гардид, ки дар он муовинони Раиси вилоят, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, раисони шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони хоҷагиҳои кишоварзӣ ва корхонаҳои коркарди маҳсулот, пахтатозакунӣ ва соҳибкорон иштирок намуданд.

Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ машваратро ифтитоҳ намуда, зикр дошт, ки чорабинии мазкур дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти густариши соҳаҳои саноату кишоварзӣ, аз ҷумла, татбиқи саривақтии яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - таъмини амнияти озуқаворӣ баргузор гардида, дар он масъалаҳои муҳими соҳа, аз ҷумла, вазъи ҷамъоварии пахта, захираи меваю сабзавот ва вусъати омодагӣ ба зимистонгузаронӣ, вазъи феълии фаъолияти корхонаҳои пахтатозакунӣ, ҳамзамон, ҳолати обрасонӣ, таъминот бо қувваи барқ, пардохти андоз ва ободонию тозакорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар машварат Фирдавс Абдуллозода – мудири бахши кишоварзии дастгоҳи Раиси вилоят маъруза намуда, роҷеъ ба дастовардҳои кишоварзони вилоят дар ин давра маълумот дод. Мавсуф зикр дошт, ки кишоварзони вилоят дар ин давра ба маблағи умумии 2 миллиарду 966 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 4,5 фоиз зиёд мебошад. Аз ҷумла, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар соҳаҳои растанипарварӣ дар ин давра 3,8 фоиз ва чорводорӣ 6,0 фоиз афзудааст.

Дар машварат зикр гардид, ки соли равон кишоварзони вилоят дар майдони 50765 гектар кишти пунбадона гузаронида, ҳосили фаровони «тиллои сафед» рӯёниданд, ки алҳол ҷамъоварии он дар вилоят муташаккилона сурат мегирад. Ҳосили интизории пахтакорони вилоят дар соли ҷашни 25 – солагии Иҷлосияи тақдирсози шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 99 ҳазор тонна пахтаи хушсифат мебошад.

Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ба раисони шаҳру ноҳияҳои пахтакори вилоят дастур дод, ки нақшаи ҷамъоварии ҳосилро то санаи 1 ноябр таъмин намоянд, зеро алҳол дар саҳро ҳосил шукуфтаву интизори ҷамъоварӣ аст. Раиси вилоят ҳолати номуташаккили ҷамъоварии пахтаро дар ноҳияҳои Зафарободу Ашт ва як қатор ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти вилоят зикр намуда, ба роҳбарияти ноҳияҳои пахтакори вилоят дастур дод, ки обу ҳавои мусоидро ғанимат дониста, дар самти ҷамъоварии ҳосил тадбирҳои саривақтӣ андешанд.

Яке аз тадбири муҳим ва анъанавӣ ин ҷалби ёрдамчиён дар ғунучини ҳосил, пардохти саривақтии маблағи чинакчиён аст.

- Аммо боиси таассуф аст, ки баъзе раисони шаҳру ноҳияҳо аз ин омили муҳим самаранок истифода накардаанд, - гуфт Абдураҳмон Қодирӣ.

Яке аз масъалаҳое, ки мавриди таваҷҷуҳи Раиси вилоят қарор гирифт, фаъолияти гармхонаҳо ва сардхонаҳо буд. Ҳарчанд имрӯзҳо дар вилоят 399 гармхона фаъолият доранд, натиҷаҳои кор дар онҳо табъи дил нест. Соли равон дар ин гармхонаҳо кишти 24,3 гектар зироатҳои кишоварзӣ дар назар дошта шудааст. Раиси вилоят масъулини соҳаро вазифадор намуд, ки минбаъд майдони кишти кабудиро кам намуда, бештар помидор ва бодиринг кишт намоянд, зеро, талабот ба ин навъи сабзавот дар вилоят зиёд аст. Вобаста ба ин масъала дар машварат пешниҳод гардид, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо бо ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ баҳри ташкили гармхонаҳои замонавӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Фирдавс Абдуллозода гуфт, ки то ин дам мувофиқи вилоят кишти пиёзи барвақтӣ 959 гектарро ташкил додааст, ки ин 52,5 фоизи дурнаморо ташкил медиҳад. Вазъ дар ноҳияҳои Зафаробод (40 фоиз), Спитамен (60 фоиз), Ҷаббор Расулов (56,6 фоиз) нигаронкунанда буда, кишоварзони шаҳри Панҷакент бошанд, то ҳол кишти пиёзи барвақтиро ба роҳ намондаанд.

Дар машварат зикр гардид, ки тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 декабри соли 2014, №727 «Дар бораи Барномаи ташкил ва барқарорсозии яхдону сардхонаҳо барои нигаҳдории маҳсулоти кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2019» дар вилоят ҷиҳати татбиқи барномаи мазкур чораҳои саривақтӣ андешида мешаванд.

Алҳол дар вилоят 21 адад сардхонаҳо бо ғунҷоиши умумии 6004 тонна фаъолият бурда истодаанд.

Барои давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017 дар ин сардхонаҳо 2335 тонна маҳсулот захира карда шуда буд, ки 36,5 фоизи ғунҷоиши умумиро ташкил медиҳад. Мутаассифона, 4 сардхона - ҶДММ “Баракати Исфара”, ҶДММ “Нодиров” - и шаҳри Истаравшан, соҳибкор Авезов аз ноҳияи Зафаробод, ҶДММ “Зуҳал” аз ноҳияи Спитамен умуман маҳсулот захира накардаанд.

Баҳри зимистонгузаронии солҳои 2017-2018 масъулин бояд бо пуррагӣ аз сардхонаҳои мавҷуда истифода намоянд. Ин имконият медиҳад, ки дар вилоят беш аз 6000 тонна маҳсулоти кишоварзӣ дар сардхонаҳо захира гардад.

Дар машварати корӣ мудири шуъбаи энергетика ва саноати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Озифхон Шарифзода роҷеъ ба вазъи корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, бахусус коргоҳҳои пахтатозакунӣ маълумот дод.

Мавсуф гуфт, ки қабл аз оғози мавсими чиниши пахта, аз ҷониби гурӯҳи корӣ вазъи омодагии ҳамаи 38 коргоҳи пахтатозакунӣ ба мавсими нав мавриди омӯзиш қарор дода шуда, як қатор камбудиҳо ошкор ва баҳри ислоҳи онҳо дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд. Аз ҷумла, дар коргоҳҳои «Ориё-Коттон»-и шаҳри Конибодом, «Парниён-2017»-и ноҳияи Мастчоҳ, «Деҳқон»-и ноҳияи Зафаробод камбудиҳо ошкор гардиданд. Ба ҳолати то 19 сентябр аз 38 корхонаи пахтатозакунӣ 36-тои он қабули пахтаро оғоз намуда, ба коркард шуруъ намудаанд.

Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ нисбати фаъолияти баъзе коргоҳҳои пахтатозакунӣ эроди ҷиддӣ гирифта, бобати беҳтар намудани нишондодҳои истеҳсолӣ ва дуруст ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо кишоварзон дастуру ҳидоятҳо дод.

- Бояд корхонаҳои пахтатозакунӣ дорои ташхисгоҳҳои замонавӣ ва ба талаботи хадамоти давлатии оташнишонӣ ҷавобгӯй бошанд, - таъкид намуд Раиси вилоят.

Дар машварат, ҳамзамон раисони ноҳияҳои Зафаробод Зиёзода Сулаймон Ризоӣ, Ашт Зариф Мирдадо, Бобоҷон Ғафуров Назирӣ Зариф Вализода, сардори Раёсати обёрӣ ва беҳдошти замини вилоят Зафарбек Давлатзода, сардори Раёсати сӯхторхомӯшкунии вилоят Шӯҳрат Анварзода ва дигарон баромад намуда, бобати беҳтар намудани фаъолият дар ин самт ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта фикру андешаҳои хешро баён доштанд.

Дар фарҷоми машварати корӣ Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ масъулинро вазифадор намуд, ки ба масъалаҳои баррасишуда таваҷҷуҳро боз ҳам пурзӯр намуда, ҷиҳати истеҳсоли маҳсулоти босифат ва рақобатпазир тадбирҳо андешида, фаъолияти сардхонаҳо ва гармхонаҳоро тибқи талабот ба роҳ монанд ва дар татбиқи ҳадафи стратегӣ – таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми амиқ гузоранд.

- Ҳамзамон, корҳои ободонӣ, аз ҷумла шинонидани гулҳои зимистонаро дар майдони назди идораву муассисаҳо, боғу гулгаштҳо вусъат бахшида, бо нишондиҳандаҳои хуби меҳнатӣ ҷашни бузурги давлатӣ – 25-солагии Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро истиқбол намоем, - зикр дошт Раиси вилоят.

Мухтори Абдулло,
“Ҳақиқати Суғд”

 

Add comment


Security code
Refresh