Фаровонии об - афзунии ҳосил

Набудани оби полезӣ дар маҳаллаи Сомониёни шаҳри Исфара барои сокинони он дар баробари зарари молиявӣ расондан, инчунин ҳосилнокии меваю сабзавот ва дигар зироатҳоро паст карда, дарахтони сояафкан ва мевадиҳандаро ба хушкӣ оварда расонида буд.

Бо мақсади аз нав барқарор кардани корҳои обёрӣ Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид бо сокинони маҳаллаҳо оид ба масъалаи таъминот бо оби полезӣ якчанд мулоқот гузарониданд. Дар натиҷаи чорабиниҳо, ташкил намудани семинарҳо байни аҳолии деҳаи Хоҷаи Аъло ва маҳаллаи Сомониёни Ҷамоати деҳоти Чоркўҳ муаммои норасоии оби полезӣ дар маҳаллаи Сомониён аз байн рафт.

Маҳаллаи Сомониён бо деҳаи Кўктоши Ҷумҳурии Қирғизистон ҳамсарҳад буда, солҳои пеш онҳо обро аз канали Тортгули давлати ҳамсоя истифода мебурданд. Мутаассифона, пас аз соҳибистиқлол гардидани собиқ ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шўравӣ аз сабаби он, ки минтақаи номбурда дар поёноб ҷойгир аст, ҳангоми киштукор дар масъалаи таъминот бо оби полезӣ ба мушкилиҳо дучор мегаштанд. Норасоии ин манбаи ҳаёт бисёр вақт сабаби баҳсу муноқишаҳои мардуми ду халқи ҳамсояи ҳамсарҳад мегашт.

Дар шаҳри Исфара бо ҷонибдории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва дастгирии Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид дар чорчўбаи лоиҳаи “Ҳамкории фаромарзӣ баҳри рушди устувор ва сулҳ” ба ин минтақа хатти алоҳидаи оби полезӣ гузаронида шуд.

Дар асоси лоиҳаи мазкур муҳлати иҷрои барнома чоруним моҳ муқаррар гардида буд. Дар доираи “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” ва бо иқдоми Раиси вилоят оид ба “Соли дастрасии аҳолӣ ба оби ошомиданӣ” эълон шудани соли 2017 ва дастгирии аҳолӣ, хосатан занону мардони ҷамоати Чоркўҳ дар давоми ду моҳ аз деҳаи Хоҷаи Аъло дар масофаи 1 километру600 метр ба маҳаллаи Сомониён оби полезӣ омад. Дар корҳои барқароркунӣ занҳои маҳалла низ саҳми худро гузоштанд. Дар ҷое, ки барои кофтани замин техника ба мушкилӣ дучор мегардид, бонувон бо қувваи дастони худ роҳ кушоданд.

Дар бобати шодоб гардидани замин ва пухта расидани ҳосили фаровон сокини маҳаллаи Сомониён Оҳиста Шарифова иброз медорад: Минбаъд мо метавонем аз дастранҷи бардоштаамон вазъи иқтисодии бозорро низ беҳтар гардонем.

Воқеан, аҳолии маҳаллаи Сомониёни шаҳри Исфара дар пеш нақшаҳои дигарро низ тарҳрезӣ кардаанд. Ба наздикӣ дар ин ҷо бояд як майдончаи варзишӣ барои ҷавонони ин минтақа бо дастгирии намояндагони СММ сохта, ба истифода дода шавад.

Тавҳида ҶЎРАЕВА,
“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh