Гармхонаҳо ҷавобгўи талаботи сабзавотпарварӣ

Алҳол дар гармхонаҳо имконияти дар ҳама мавсими сол парвариш ва таъминоти аҳолӣ бо сабзавоти тару тоза мавҷуд мебошад, зеро, дар ин бобат таваҷҷуҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят хеле назаррас аст.

Зимни азназаргузаронии гармхонаҳои Ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аён гашт, ки нўҳ моҳ қабл, яъне моҳи декабри соли 2016 сеяки гармхонаҳо мавриди истифода қарор нагирифта буданд. Аммо дере нагузашта, ин ҳолат ислоҳ гардида, алҳол гармхонаҳо аз ҷониби ҶДММ «Абдурашид» (соҳибкор Қаҳҳор Раҷабов) ва ПМК - 115 (Т. Шарифов) қариб ба пуррагӣ истифода шуда истодаанд.

Ба гуфти муовини сардори Раёсати кишоварзии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Рустам Абдуҷалилов имсол дар гармхонаҳои ноҳия 174 тонна маҳсулот истеҳсол карда шуд, ки аз он 57 тонна помидор, 48 тонна бодиринг ва 69 тонна дигар намуди сабзавот мебошад. Ин нишондиҳанда нисбат ба соли гузашта 9 тонна зиёд аст.

Қобили зикр аст, ки дар ноҳия 143 гармхона дар масоҳати 13 гектар мавҷуд буда, майдони кишт 12 гектарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли пешин 1 гектар зиёд аст. Алҳол, 114 гармхона ба истеҳсоли сабзавот ва кабудӣ машғул мебошанд.

Дар вилоят, 433 гармхона мавҷуд буда, 362 адади он фаъолияти босамар доранд. Аз онҳо 153 гармхонаи навъи хитоӣ мебошад, ки дар онҳо маҳсулоти помидор, бодиринг, қаламфури булғорӣ, сирпиёз, кабудӣ, лимў кишт ва парвариш карда мешаванд.

Фаъолияти гармхонаҳо барои боз ҳам пурнозу неъмат гардонидани дастархони мардум, таъмини аҳолӣ бо сабзавот нигаронида шуда, яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти кишоварзӣ ва талаботи замони муосир ба шумор меравад.

Улуғбек ХУДОЙБЕРДИЕВ,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh