Машварати корӣ бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан

22 сентябри соли ҷорӣ дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан вобаста ба масъалаҳои гузаронидани кишти такрорӣ, ҷамоварии ҳосил ва захираи маҳсулот барои замистонгузаронӣ машварати корӣ баргузор гардид.

Дар машварат Зокирзода Маҳмадтоҳир Зоир, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Анвар Яъқубӣ, муовини Раиси вилояти Суғд, Баҳром Иноятзода, раиси шаҳри Истаравшан, инчунин масъулини раёсати кишоварзӣ, сохторҳои раёсат, кормандони кумитаи идораи замин, корхонаи фаръӣ-давлатии амволи ғайриманқул, раисони ҷамоатҳои деҳот ва дигар масъулин иштирок намуданд.

Дар ҷараёни машварат Абдусаттор Қодирӣ, муовини якуми раиси шаҳр, вобаста ба масъалаҳои гузаронидани кишти такрорӣ, ҷамоварии ҳосил ва захираи маҳсулот барои замистонгузаронӣ баромад намуда, иброз намуд, ки давоми ҳашт моҳи соли ҷорӣ истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 310 миллиону 601 ҳазор сомониро ташкил дод, ки аз он 242 миллону 750 ҳазор сомонӣ маҳсулоти зироаткорӣ, 67 миллиону 850 ҳазор сомониро маҳсулоти чорводорӣ ташкил дод.

Ҳамчунин Абдусаттор Қодирӣ зикр намуд, ки соли ҷорӣ дар майдонӣ 1030 гектар кишти такрории зироатҳо ба нақша гирифта шуда, 1215 гектари кишти такрории зироатҳо гузаронида шуд.

Дар поёни машварти корӣ Маҳмадтоҳир Зокирзода, муовини Сарвазири мамлакат, ба масъулини соҳаи кишоварзӣ ҷиҳати дар мӯҳлатҳои муайянгардида ва аз рӯи нақша гузаронидани кишти такрорӣ, ҷамоварии ҳосил ва захираи маҳсулот барои замистонгузаронӣ, ташкили ярмарка-фурӯши маҳсулоти хӯрокворӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh