Конибодом: обтаъминкунӣ беҳтар мегардад?

Чанд соли охир бинобар кўҳнаву фарсуда шудани қубурҳои обгузар мардуми аксари минтақаҳои шаҳру навоҳии вилоят аз норасоиву танқисии оби нўшокӣ азият мекашиданд. Бо назардошти ин муаммо ва иқдоми Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ Соли 2017 – “Соли дастрасии аҳолӣ ба оби тозаи нўшокӣ” эълон гардид.

Таҳлили фаъолияти ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ҳалли масъалаҳои марбут ба об собит месозанд, ки Тоҷикистон ба туфайли ибтикорҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешбурди амалҳои фаъолона оид ба истифодаи самаранок ва идомаи муштараки захираҳои обӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ мақоми пешсафиро ишғол менамояд. Дар раванди татбиқи дастрасии аҳолӣ ба оби нўшокӣ, бо маблағҳои буҷетӣ, ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ва саҳми сокинону соҳибкорон тадбирҳои судманд амалӣ гашта истодаанд. Баҳри воқиф гардидан аз фаъолияти кунунии соҳаи обу ташноб, ҳолати таъминоти оби нўшокӣ, раванди иҷрои барномаи мазкур ба шаҳри Конибодом сафар намудем.

Масъулини соҳаро дар қади кўчаи асосии маркази шаҳр саргарми кор дарёфтем. Мурод Сатторов - сардори қитъаи обтаъминкунӣ ва канализатсияи шаҳр оид ба фаъолияти коргоҳ маълумот иброз намуд, ки хатҳои обтаъминкунӣ ҳанўз cолҳои 1960 мавриди истифода қарор дода шуда, дар натиҷаи истифодаи тўлонӣ фарсудаву 70 фисади он корношоям гаштааст.

Тибқи маълумотҳо оби нўшокӣ ба истеъмолкунандагон аз 16 чоҳи амудӣ ба ҳавзҳои обҷамъкунанда бо воситаи насосҳои уфуқӣ то иншооти № 3 ва аз он ҷо ба муштариён интиқол дода мешавад, ки имрўз наздики 40 фоизи аҳолӣ бо оби нўшокӣ таъмин мебошанд.

-Дар аввали соли равон бо дастгирии Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ Лоиҳаи «Беҳтаргардонии таъминоти оби нўшокии шаҳри Конибодом» бо маблағи беш аз 4 миллион доллари амрикоӣ, ки аз ҷониби Бонки Аврупоии Рушд ва таҷдид маблағгузорӣ гардидааст, дар ин самт корҳо оғоз шуданд,- мегўяд Мурод Сатторов.

Дар рафти азназаргузаронӣ шоҳид гаштем, ки то имрўз як силсила корҳо ба сомон расонида шудаанд. Аз ҷумла, дар ҳудуди идораи қитъа ҳавзи тоза бо ғунҷоиши 1000 м3 барқарор ва 4 насоси уфуқӣ бо таҷҳизоти барқӣ васл намуда, ба истифода дода шудааст. Ҳамчунин, дар мавзеи пойгоҳи обии «Пойменная» то пойгоҳи насоси № 2 қубури обгузар ба масофаи қариб 8 километр хобонида шуда, сохтмони пойгоҳи насосӣ идома дорад. Шоҳқубурҳои фарсудашудаи кўчаи ба номи Ленин бо қубури полиэтиленӣ ба масофаи беш аз 2 км иваз карда шуда, пойгоҳи насоси ташнобӣ пурра азнавсозӣ гардид.

Бояд зикр дошт, ки сокинони маҳаллаи «Ҷавонон»-и шаҳр чанд сол инҷониб аз танқисии обу корношоямии ташноб азият мекашиданд. Алҳол бино ба гуфти масъулин аз ҷониби ҶДММ «Оазис» дар 14 бинои баландошёнаи ин маҳал қубурҳои берунӣ ва дохилӣ иваз карда шуда, дар ҳар ҳуҷра ҳисобченкунакҳо васл карда шуда истодаанд.

- Тибқи лоиҳа барқарорсозии шоҳқубури кўчаи ба номи Садриддин Айнии маркази шаҳр корҳои сохтмонӣ аз тарафи пудратчиёни корхонаи фаръии мо идома дошта, то имрўз ба миқдори зиёда аз 5 км шоҳқубур хобонида шудааст, - гуфт сардори қитъаи обтаъминкунӣ ва канализатсияи шаҳр Мурод Сатторов.

Бобати вазъи таъминоти оби нўшокӣ ва муаммоҳои соҳа бо чанде аз сокинон ҳамсуҳбат гардидем. Мардум аз ҷараёни корҳои азнавсозиву сохтмонҳои пойгоҳҳои обкашӣ хушнудии худро изҳор дошта, дар ҳаққи роҳбарияти вилояту масъулини соҳа дуои нек менамуданд.

- Солҳои зиёд аст, ки дар биноҳои баландошёнаи маҳаллаи мо бинобар фарсудашавии қубурҳо об намеомад. Хурду бузурги маҳалла обро ба ошёнаҳои болоӣ мекашониданд. Борҳо масъулин ваъда медоданд, ки ин муамморо ҳал хоҳанд кард, вале ҳайҳот… Имрўзҳо марҳала ба марҳала ин орзуи деринаи мо, сокинон амалӣ шуда истодааст, - иброз дошт яке аз сокини куҳансоли ин маҳалла.

Аз рўи гуфти масъулин то охири соли равон ин мавзеъ пурра бо оби нўшокӣ таъмин гардида, то моҳи марти соли 2018 лоиҳа пурра амалӣ мегардад. Қайд кардан бамаврид аст, ки дар сурати пурра татбиқ гаштани ин барнома беш аз 40 ҳазор аҳолии шаҳри Конибодом ба таври шабонарўзӣ бо оби тозаи нўшокӣ дастрасӣ хоҳанд ёфт.

Маъмурахон САМАДОВА,
Нодир ТУРСУНЗОДА
Хуҷанд-Конибодом-Хуҷанд

Add comment


Security code
Refresh