Вазъ беҳбудӣ металабад

Ҷаласаи навбатии муовини Сарвазири кишвар ва Раиси вилоят бо намояндагони фаъоли вилоят якчанд масоили ҳалталаби соҳаи кишоварзиро ошкор намуд. Барои аз наздик ошно шудан бо ин масъалаҳои мубрам мо ба ноҳияи Зафаробод сафар намудем.

Барои огоҳ гардидан аз вазъи соҳаи кишоварзӣ бо сардори раёсати кишоварзии ноҳия Қурбон Шодиев ҳамсуҳбат шудем.

Тибқи иттилои мавсуф дар ноҳияи Зафаробод дар майдони 12433 гектар кишти пунбадона гузаронида шуда, айни ҳол мавсими ҷамъоварии ҳосил бо маром рафта истодааст. Имсол кишти тухми пахта нисбат ба соли гузашта 3108 гектар зиёд мебошад.

Дар ноҳия 3800 адад хоҷагии деҳқонӣ мавҷуд буда, 3180 адади он ба кишти тухмии пахта сару кор дорад. Кишоварзони ноҳия азм доранд, ки имсол ҳудуди 20 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ намоянд.

Мутобиқи маълумот то санаи 25 сентябри соли 2017 дар ҷамоатҳои пахтакори ноҳия 15979 нафар саҳмдор буда, чиниши пахта дар як рӯз 558 тоннаро ташкил медиҳад ва то кунун нақшаи чиниши пахта 42,3 фоиз ба иҷро расонида шудааст.

Пахтакорони ноҳияро зарур аст, ки аз боду ҳавои мусоид истифода бурда, ҳарчӣ бештар саҳмдоронро ба чиниши пахта ҷалб намоянд, зеро вазъ дар ин самт беҳбудӣ металабад.

Улуғбек Махфирализода,
Истамҷон Наҷмиддин,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh