Ҷамъоварии дастранҷи деҳқон

То санаи 10 октябри соли ҷорӣ дар ҳафт навоҳии пахтакори вилояти Суғд 72 ҳазору 606 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки ин ба 76,4 фоизи дурнамо баробар буда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12139 тонна зиёд аст.

Тавре, ки намояндаи Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд Абдуазиз Маҳмудов иттилоъ дод, алҳол дар вилоят маъракаи чиниши пахта муташаккилона идома дошта, кишоварзони шаҳру ноҳияҳои Ҷаббор Расулов 97,5, Конибодом 87,6, Спитамен 84,5, Ашт 84, Бобоҷон Ғафуров 82, Зафаробод 69,5 ва Мастчоҳ 58,8 фоиз дурри гаронбаҳо ҷамъоварӣ намудаанд.

Дар ҷараёни босуръат ҷамъоварии дастранҷи марди деҳқон саҳми ҳашарчиён басо назаррас буда, ҳамарўза беш аз 4930 нафар дар майдонҳои пахтазор меҳнат менамоянд. Корхонаҳои коркарди пахтатозакунии шаҳру навоҳии вилоят низ дар як рўз 2088 тонна (2,2 фоиз), аз аввали мавсим ба миқдори 72 ҳазору 606 тонна (76,4 фоиз) пахта қабул намуданд, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 60 ҳазору 467 тонна, яъне 12 тонна зиёд аст.

Маъмурахон САМАДОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh