Самти нави фаъолияти кишоварзӣ

Рушди соҳаи кишоварзӣ ва ҷавобгў будан ба талаботи замони муосир тақозо мекунад, ки кишоварзон барои нигоҳдорӣ ва пешкаши аҳолӣ намудани молҳои ниёзи мардум аз ҳамаи имкониятҳо истифода баранд.

Солҳои охир мавриди истифода қарор додани сардхонаҳо падидаи самарабахш арзёбӣ гардидааст. Барои кишоварзон вазифагузорӣ шудааст, ки баҳри зимистонгузаронии солҳои 2017-2018 аз ҳамаи имкониятҳои мавҷудаи сардхонаҳо истифода намоянд. Алҳол дар сардхонаҳои ҳудуди вилоят имконияти захира намудани беш аз 6000 тонна маҳсулоти кишоварзӣ мавҷуд мебошад.

Дар машварати кории Раиси вилоят қайд шуда буд, ки ба ташкил ва барқарорсозии яхдону сардхонаҳо барои нигаҳдории маҳсулоти кишоварзӣ чораҳои саривақтӣ андешида шаванд.

Барои аз наздик ошно гардидан бо фаъолияти сардхонаҳо мо сафаре доштем ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров.

Орифӣ Фаррух Абдуллозода - муовини аввали раиси ноҳия зикр кард, ки алҳол дар ноҳия 10 сардхона фаъолият бурда, ғунҷоиши маҳсулоти кишоварзӣ 4080 тоннаро ташкил медиҳад. Дар сардхонаи Ҷамъияти матлуботи ноҳия захираи 40 тонна картошка ба нақша гирифта шуда, 50 фисади он иҷро гардида, захираи 20 тоннаи дигар дар назар аст. Барои расидан ба ин мақсад, бо хоҷагиҳои деҳқонӣ ва соҳибкорони инфиродии ноҳияи Деваштич шартнома баста шудааст.

Сардори Сарраёсати кишоварзии ноҳия Ҳомидҷон Ҳакимбоев қайд намуд, ки мувофиқи нақша дар сардхонаҳои ноҳия бояд 830 тонна ангур захира шавад, ки алҳол баризофа, дар ҳаҷми 845 тонна иҷро шудааст. Себ мувофиқи дурнамо мебоист 260 тонна захира гардад, ин маҳсулот низ аз нақшаи пешбинишуда зиёд, 350 тонна захира шуд. Захираи сабзавот низ 130 тонна ба иҷро расонида шудааст. Дар сардхонаҳо захираи картошка ба андозаи 1000 тонна дар назар дошта шуда, корҳо идома доранд. То имрўз захираи пиёз низ 130 тонна, яъне барзиёд ба иҷро расидааст.

Ҳангоми боздид аз сардхонаи ҶСК «Баҳор» дар шаҳраки Ғафуров раиси он Ҷумъабой Раҳимов зикр намуд, ки аз маҳсулоти кишоварзӣ 100 тонна пиёз, 52 тонна себ, 36 тонна ангур захира карда шудааст, ки аз ноҳияҳои Деваштич, Шаҳристон ва Панҷакент оварда шудаанд.

Боз як сардхонаи дигар, ки ба Ҷамъияти матлуботи ноҳия мансуб аст, то имрўз захираи 6 тонна пиёз ва 20 тонна картошкаро таъмин намудааст ва роҳбариашро А.Ҳомидов ба ўҳда дорад.

Дар сардхонаи Ҷамоати деҳоти Дадобой Холматов бошад, 450 тонна ангури тоифӣ ва 200 тонна себ захира шуда, 5 иҷоракор фаъолият доранд.

Дар сардхонаи дигар бо роҳбарии Маҳкам Мўъминов, дар мавсими имсола 30 тонна ангур, 50 тонна себ захира гардида, боз иловатан захираи 30 тонна хурмо дар нақша аст.

Фаъолияти сардхонаҳои вилоят, ки яке аз самти афзалиятноки соҳаи кишоварзӣ ба ҳисоб меравад, барои дар фасли сармо бо мева ва маҳсулоти тару тоза таъмин намудани аҳолӣ равона карда шудаанд.

Улуғбек ХУДОЙБЕРДИЕВ,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh