Аввалин ғолиби нақшаи пахта

Ноҳияи Ҷаббор Расулов аз интизориҳо барзиёд ва дар вилоят аввалин шуда нақшаи ғунучини пахтаро иҷро намуд ва сазовори ҷои аввал гардид.

Сардори Раёсати кишоварзии ноҳияи Ҷаббор Расулов Илҳом Ахмедов иброз дошт, ки дар 4 ҳазору 266 гектар замин пахта кишт шуда буд. - Соли равон ҳосилнокии заминҳои пахта зиёд гардида, оиди рафти пахтасупорӣ мувофиқи ноҳияҳои вилояти Суғд 101, 32 фоиз аз нақша барзиёд ҳосил ҷамъ намудем, ки дар сатҳи вилоят ҷои якум ва дар миқёси ҷумҳурӣ сазовори ҷои сеюм ҳастем, - мегўяд мавсуф.

Аз гуфти масъулини соҳаи кишоварзии ноҳия бармеояд, ки имсол асосан ҳафт навъи пахта кишт гардидааст, ки ба иқлими ноҳияи номбурда мувофиқ мебошад.

Ба гуфти И.Ахмедов барои чинакчиён ба ҳисоби миёна барои ғунучини пахта ҳар рўз ба як килограми пахта 80 дирами пардохт намуда истодаанд.

- Аз обу ҳавои мусоид истифода бурда, панҷ ҳазор нафар саҳмдорон, инчунин занҳои хонашин ва хоҷагидорон саъй доранд, ки то пағаи охирин “тиллои сафед”-ро ғунучин намоянд. Хоҷагиҳои пешрафтаи ноҳия А.Самадов, Чашма-2014, Тоҷикистон, Нурафшон, Маданият, Деҳмой, Заркор ба ҳисоб мераванд, - илова намуд Илҳом Ахмедов.

Номбурда иброз дошт, ки алъон чиниши марҳалаи дуюм идома дошта, то охири мавсим атрофи якуним ҳазор тоннаи дигар ба хирмани Ватан рехта хоҳад шуд.

Шаҳноза Ҳомидова,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh