Конибодом. Дурнамои истеҳсоли пахта 101,2 фоиз иҷро гардид

Пахтакорони шаҳри Конибодом нақшаи солонаи пахтасупориро сарбаландона иҷро намуданд. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр иттилоъ доданд.

Ба иттили манбаъ пахтакорони Конибодом имсол дар майдони 5 ҳазору 94 гектар пахта кишт намуда, уҳдадор шуда буданд, ки 10200 тонна пахта истеҳсол намуда, ба хирмани Ватан супоранд.

Санаи 15 октябр дар рӯзи таҷлили ҷашни Меҳргон кишоварзон аз иҷрои нақшаи пахтасупорӣ мужда расониданд. Зафармандон 10 ҳазору 320 тонна пахта истеҳсол намуданд, ки 101,2 %-и нақшаи солонаро ташкил дод.

Бояд қайд кард, ки дар иҷрои нақшаи пахтасупорӣ саҳми раёсати кишоварзӣ, ҷамоатҳои деҳоти ба номи Р.Ҳамробоев, Э.Шарипов ва Ғ.Ортиқов басо назаррас аст. Ҷамоатҳои мазкур нақшаи пахтасупориро барзиёд иҷро намуда, дар ғанигардонии хирмани пахтаи шаҳр ҳиссагузорӣ намуданд.

Айни ҳол нақша таъмин гардида бошад ҳам, дар пахтазор пахта фаровон аст. Бинобар он, кишоварзон ният доранд, ки бо истифода аз ҳавои мусоид пахтаи боқимондаро беталаф чида, илова ба  нақша боз зиёда аз ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ намоянд.

Хотирнишон бояд кард, ки то имрӯз ноҳияҳои Ҷаббор Расулов, Ашт ва Спитамен дурнамои истеҳсоли пахтаро иҷро намуда буданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh