Иҷрои супориш дар кадом сатҳ аст?

Азхудкунии заминҳои нави Сексарӣ ва Қизилӣ ба беҳбудии рўзгори мардуми ин мавзеъ мусоидат хоҳад кард

Бо дастгирӣ ва пуштибонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи кишоварзӣ дар ҷумҳурӣ рў ба тараққӣ ниҳода, ҷиҳати пешрафти он як қатор барномаҳои давлатӣ қабул ва мавриди татбиқ қарор доранд. Ҳамчунин, дар яке аз сафарҳои кории хеш Пешвои миллат ҷиҳати обёрикунии 12 ҳазор гектар замини лалмӣ ва чарогоҳ дар ноҳияи Деваштич дастур дода буданд.

Зимни шиносоӣ бо лоиҳа ба масъулини соҳа барои иҷрои пурсамари корҳо ва истифодаи оқилонаи обу замин дастуру ҳидоятҳо дода, баён доштанд, ки обёрии заминҳо ва ба гардиши кишоварзӣ ворид кардани майдонҳои бекорхобида боиси таъсиси ҷойҳои нави корӣ барои сокинон мегардад. Аз ин рў, тадбири мазкур бояд аз мадди назар дур намонад.

- Воқеан бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон корҳои босамар дар самти истифодаи оқилонаи обу замин, обёрии заминҳо ва ба майдони кишоварзӣ табдил додани заминҳои бекорхобида асос гузошта шуда, иҷрои босифату саривақтии он яке аз ҳадафи асосии мо-масъулини соҳа ба шумор меравад,-изҳор дошт сардори Раёсати беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят Зафар Давлатзода.

Бояд қайд намуд, ки Лоиҳа аз тарафи филиали Корхонаи воҳиди давлатии институти лоиҳакашии «Тоҷикгипроводхоз» омода шудааст. Татбиқи марҳалаи аввали он бо маблағгузории 15 миллион сомонӣ аз буҷети Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Деваштич пешбинӣ шудааст.

Дар ду марҳала беш аз 12 ҳазор гектар заминҳои корами лалмӣ ва чарогоҳҳо дар Ҷамоатҳои деҳот обёрӣ карда, дар маҷмуъ 110 ҳазор нафар бо оби нўшокӣ таъмин мешаванд. То охири соли равон бошад, 5800 гектар заминҳои лалмӣ ва чарогоҳи хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Деваштич бо оби полезӣ таъмин карда мешаванд.

Дар давраи зимистон бошад, оби Даҳкатсой ба обанбори Даҳанасой партофта шуда, иқтидори лоиҳавии обҷамъкунӣ ва обнигаҳдории обанбор дар маҷмуъ 45 миллион мукаабро ташкил хоҳад дод.

Оиди ҳолати каналҳо ва пойгоҳҳои обкашии минтақаи Қизилӣ мавсуф афзуд, ки тибқи иҷрои Амри Раиси вилоят аз тарафи гурўҳи корӣ санҷиши ҳолати пойгоҳҳои обкашии Қизилӣ-1, Қизилӣ-2, Қизилӣ-3, Қизилӣ-4 ва каналҳои обрасони он гузаронида шуда буд.

Бо мақсади обёрии мавзеи Сексарӣ пойгоҳҳои обкашии мавзеи Қизилӣ таъмиру азнавсозӣ гардида, ҳамзамон насби дастгоҳҳои нав ба мақсади афзун намудани иқтидори обкашии онҳо ба нақша гирифта шудааст, ки барои ин кор 11 миллион сомонӣ аз буҷети вилоятӣ равона хоҳад гардид.

- Иҷрои Лоиҳаи мазкурро Раиси вилояти Суғд муҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ зери таваҷҷуҳи хосаи хеш қарор дода, баҳри шиносоӣ аз рафти корҳо ба ин мавзеъ борҳо боздид ба амал оварданд. Чунончӣ, моҳи майи соли равон ҳангоми сафари корӣ дар ноҳияи Деваштич нахуст бо нақшаи обёрии мавзеи Сексарӣ ошно гардида, ба мутахассисон маслиҳатҳои судманд доданд, - илова намуд номбурда.

Бояд гуфт, ки заминҳои корами ин мавзеъ замоне тавассути пойгоҳҳои обкашии ноҳияи Зафаробод бо оби полезӣ таъмин карда мешуд ва имрўз зарурати обёрии ин мавзеъ дубора ба миён омадааст. Ба қавли мутахассисон, мавзеъҳои Қизилӣ ва Сексарӣ маҷмуан 8781 гектар замин доранд, ки аз ин 5305 гектараш ба мавзеи Сексарии шаҳри Истаравшан ва 3700 гектараш ба ҳудуди ноҳияи Деваштич рост меояд. Тайи чанд соли охир 2600 гектар замин мавриди истифода қарор гирифта, беш аз 40 хоҷагии деҳқонӣ ташкил гардида, дар инҷо зироатҳо парвариш карда мешаванд.

Азхудкунии Сексарӣ имкон медиҳад, ки дар марҳалаи аввал беш аз 600 оила соҳиби саҳми замин гарданд ва ба кори кишоварзӣ машғул шаванд.

Бо пешниҳоди Раиси вилоят ба хотири тақсимоти дурусту саривақтии об силсилаи пойгоҳҳои обкашии Қизилӣ ва дигар иншооти обрасонии он ба мувозинаи Идораи хоҷагии оби вилоят гузаронида шуда, минбаъд ҳамчун корхонаи алоҳидаи вилоятӣ фаъолият мебарад. Иқдоми мазкур имкон медиҳад, ки вазъи таъминоти об дар худи ноҳияи Зафаробод низ хеле беҳтар гардад. Тибқи нақша то 1 марти соли 2018 пойгоҳҳои обкашии Қизилии минтақаи Сексарӣ пурра таъмир гардида, заминҳо обшор хоҳанд гашт.

Маъмурахон САМАДОВА,
“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh