Самараи азму субот

Коопертиви тиҷоратии ба номи Ҷаббор Расулови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров имсол дар майдони 601 гектар пунбадона кишт карда, дурнамо, ки 1090 тонна ҳосилро дар назар медошт, ба 1097 тонна расонида, иҷро намуд. Ин 100,6 фоизи нақша буда, ҳосилнокии пахта аз ҳар гектар 18,3 сентнериро ташкил менамояд.

Раиси Кооперативи мазкур Ҷаҳонгир Ҷабборов изҳор дошт, ки меҳнаткашон агротехникаи пешқадами парвариши пахтаро дар минтақаи Ёва дуруст истифода бурда, аз 61 гектар майдони кишти пунбадона 35 сентнерӣ «тиллои сафед» рўёнидаанд. Сариҷоракорони бригадаи №5 Абдуғаффор Зокиров, Абдулло Қушбоев ва Маъруф Абдуллоев дар минтақаи Навобод кишти пунбадонаи навъи хориҷӣ «Синзян-39»-ро ба роҳ монда, аз ҳар гектар аз 26 то 29 сентнерӣ ҳосил рўёниданд.

Барои ҳавасманд гардонидани чинакчиён ба ҳар  киллограмм пахтаи чидашуда хоҷагӣ 60-70 дирамӣ маблағгузорӣ намудааст. Муваффақиятҳои ба даст овардашуда, инчунин аз самараи меҳнати чинакчиёни пешқадами хоҷагӣ, механизаторони пуртаҷриба, обчиёни моҳир, мутахассисон ва ҳашарчиёни Ҷамоати деҳоти Ёва мебошад.

Меҳнаткашони кооперативи тиҷоратӣ бо назардошти захираҳои мавҷуда боз ҷамъоварии 200 тонна «тиллои сафед»-ро дар нақша доранд.

Улуғбек ХУДОЙБЕРДИЕВ,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh