Меҳвари фаъолияти миробҳо

Миробҳои вилоят аз мавсими обрасонӣ дар соли равон натиҷабардорӣ карданд. Бо ин мақсад дар маҷлисгоҳи Раёсати беҳдошти замин ва обёрии вилоят бо иштироки роҳбарият ва сардорони идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳру навоҳӣ ҷаласаи васеъ баргузор шуд.

Сардори Раёсати беҳдошти замин ва обёрии вилоят Зафарбек Давлатзода ҷаласаро ҳусни оғоз бахшида гуфт, ки новобаста аз вазъияти душвори молиявӣ ба миробҳои вилоят муяссар гардид, мавсими обрасонии имсоларо бо нишондиҳандаҳои назаррас ҷамъбаст намоянд.

Муовини якуми сардори Раёсат Ҳалим Ҳоҷиев доир ба вазъи обрасонӣ ва нишондиҳандаҳои иқтисодии соҳа дар мавсими имсола сухан кард.

- Соли равон ба саривақт омода намудани пойгоҳҳои обкашӣ ба мавсими обрасонӣ дастгирии бевоситаи Раиси вилоят муҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ мусоидат кард. Аз ҳисоби буҷети вилоят барои корҳои таъмиру тармим 1 млн. 939,8 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шуд, ки ин маблағ ба ноҳияҳои осебпазир - Зафарободу Мастчоҳ, Ашту Муассисаи давлатии «Канали Хоҷабоқирғон» масраф гардид, - гуфт мавсуф.

Миробҳои вилоят соли равон ба истеъмолкунандагони об 1666,4 млн. мукаабметр об расониданд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2016-ум 21,6 млн. мукаабметр зиёд аст. Аммо пардохти ҳаққи хизмати обрасонӣ аз ҷониби кишоварзон бо вуҷуди нисбат ба порсола ба маблағи 1 млн. 424,2 ҳазор сомонӣ зиёд пардохт шуда бошад ҳам, вазъият беҳбудӣ металабад. Миробҳо маҷбур шуданд, ки бо мақсади рўёнидани ҳаққи хизматрасонӣ ба Суди иқтисодии вилоят ба маблағи 4,5 млн. сомонӣ иддао пешниҳод намоянд. Аз ин миқдор маблағ бо қарори Суди иқтисодӣ ҳамагӣ 1,6 млн. сомонӣ рўёнида шудаасту халос.

Новобаста бо ин мушкилиҳо соли дуюм аст, ки музди меҳнати ҷории кормандони соҳа саривақт пардохт карда мешавад. Лекин, бо сабаби саривақту пурра пардохт нашудани ҳаққи хизмати обрасонӣ аз тарафи истеъмолкунандагони соҳа ба миқдори муайян аз андозу фонди ҳифзи иҷтимоӣ ва истифодаи қувваи барқ қарздор аст.

Таъкид шуд, ки минбаъд фаъолияти ҳамаи пойгоҳҳои обкаширо пурра қатъ намуда, аз паи корҳои таъмиру тармим шаванд.

А.АМИНЗОДА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh