Хизматрасонии зообайторӣ: ниёз ҳаст!

Афзун гардонидани саршумори чорвои калони шохдор алалхусус, ширдеҳ ва эмин доштани онҳо аз бемориҳо мавриди таваҷҷуҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ мебошад. Бо мақсади рушди соҳаи чорводорӣ барои ташкил намудани марказҳои хизматрасонии зообайторӣ эътибори ҷиддӣ дода мешавад.

Барои шинос шудан бо фаъолияти марказҳои хизматрасонии зообайторӣ ба ноҳияи Деваштич омадем ва бо шахсони масъул суҳбат намудем.

Аз гуфти М. Файзиев - сардори Стансияи мубориза алайҳи бемориҳои ҳайвоноти ноҳия дар асоси дастур ва супоришҳои Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ дар самти ташкил намудани марказҳои хизматрасонии зообайторӣ як қатор корҳои муайян ба анҷом расонида шудаанд. Зимнан, ў қайд намуд, ки дар Ҷамоатҳои деҳоти Ғазантарак, Яхтан, Ваҳдат, Росровут як ададӣ, дар маҷмуъ, чор маркази хизматрасонии зообайторӣ фаъолият доранд. Дар назди ин марказҳо инчунин дорухонаи байторӣ, нуқтаи хушзоткунӣ фаъолият карда истодаанд.

Мавсуф қайд намуд, ки дар Ҷамоатҳои деҳоти Муҷун 2 адад ва Исмоили Сомонӣ 1 адад сохтмони марказҳои хизматрасонии зообайторӣ дар арафаи анҷомёбист. Масъулон гуфтанд, ки ин марказҳо баъди омода шудан пурра ба фаъолият шурўъ менамоянд.

Инчунин, дар Ҷамоати шаҳраки Ғончӣ ва Ҷамоати деҳоти Исмоили Сомонӣ ба мутахассисон Фозил Икромов ва Саидамин Аҳмадов қитъаи замин барои сохтмони марказҳои хизматрасонии зообайторӣ ҷудо ва онҳо бо сертификати ҳуқуқи истифодабарии замин таъмин карда шудаанд. Пойдевори иншоот ба охир расид ва онҳо тасмим гирифтанд, ки ба зудӣ сохтмонро тамом карда, фаъолиятро оғоз намоянд.

Аз тарафи мутахассис Фозил Икромов то имрўз 43 сар чорвои аҳолии Ҷамоати шаҳраки Ғончӣ ва Ҷамоати деҳоти Ғазантарак хушзоткунии зоти сиёҳало ба роҳ монда шудааст.

Мо бо фаъолияти маркази хизматрасонии зообайтории Ҷамоати деҳоти Яхтан ошно гардидем. Дар Марказ мутахассис Шербек Нарзуллоев фаъолият дошта, ҳамарўза ба аҳолӣ хизмат мерасонад. Ў гуфт, ки эътибор ва ҳавасмандии аҳолӣ барои хушзот намудани зотҳои нави чорвои калон бештар гардидааст. Дар ин ҷо 40 сар моли калони шохдор бо зоти хушсифат ва ширдеҳ парвариш меёбанд.

Мутахассис Саидамин Аҳмадов барои бештар хушзот намудани 23 сар чорвои аҳолии ҷамоатҳои деҳоти Исмоили Сомонӣ ва Ваҳдат бо чорвои зоти олмонӣ тадбирҳоро роҳандозӣ менамояд.

Имрўз хушзотгардонии чорвои калони шохдор воситаи муҳими насловарӣ маҳсуб меёбад. Маркази хизматрасонии зообайтории Ҷамоати деҳоти Ваҳдат низ бо таҷҳизоти замонавии соҳа таъмин карда шудааст. Дар ин марказ чорвоҳои аҳолии деҳаҳои Басманда ва Қалъаи Дўст ба таври сунъӣ хушзот гардонида мешаванд.

Аз тарафи аҳолии ноҳия барои ташкил намудани Маркази хизматрасонии зообайторӣ таваҷҷўҳи хоса зоҳир шуда, то ин дам баҳри ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони марказ ба унвони раиси ноҳия 25 ариза ворид шудааст. Ба 11 ариза қарори дахлдори раиси ноҳия оид ба ҷудо намудани қитъаҳои замин ба имзо расида, шаҳрвандон бо сертификати ҳуқуқӣ истифодаи қитъаи замин таъмин шуданд.

Мардуми деҳот ба рушди хизматрасонии зообайторӣ ниёз ва таваҷҷўҳ доранд. Дар ҳалли ин масъала бояд марказҳои хизматрасонии зообайторӣ беҳтару бештар фаъол бошанд.

Улуғбек МАХФИРАЛИЗОДА,
Истамҷони НАҶМИДДИН,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh