Истеҳсоли картошка афзуд, вале нарх гарон...

Умар Маҳмадёров - сардори Раёсати кишоварзии ноҳияи Деваштич зикр намуд, ки имсол хоҷагидорони кишоварзии ноҳия дар майдони 2638,5 гектар картошка кишт намуданд, ки нисбат ба ҳамин даври соли гузашта зиёд мебошад. Бино ба маълумоти масъулин соли равон хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия дар 2638,5 гектар ва хоҷагиҳои аҳолӣ дар 1137 гектар картошка коштанд. Ин аз дурнамои ба нақша гирифташудаи кишти картошка дар хоҷагиҳои кишоварзӣ 38,5 гектар ва дар хоҷагиҳои аҳолӣ 85 гектар зиёд аст. Дар маҷмўъ, майдони кишти картошка дар ноҳия 3775,5 гектарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба дурнамо 125 гектар зиёд мебошад.

Хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия то ин дам зиёда аз 33000 тонна сабзавот ва беш аз 69000 тонна картошка истеҳсол намуданд. Инчунин, парвариш ва ҷамъоварии 1700 тонна мева ва 1000 тонна ангур дар назар дошта шудааст, қайд намуд номбурда.

Айни ҳол дар ноҳия оид ба бунёди гармхонаҳо барои парвариши навъҳои нави серҳосили сабзавот ва сохтмони сардхонаҳо корҳои муайян рафта истодаанд, вале то ҳол сардхонаҳои замонавӣ мавҷуд нестанд.

Чаро нархи картошка баланд?

Имрўзҳо дар миқёси ҷумҳурӣ болоравии нархи картошка ба назар мерасад. Як килограмм нархи ин маҳсулоти ватанӣ дар бозор то 4 сомонӣ аст, ҳол он ки соли гузашта аз 1,50 то 2 сомонӣ арзиш дошт. Барои болоравии нархи картошка кадом омилҳо сабаб шуданд? Бо чунин савол ба саркишоварзи ноҳия Баҳром Яҳёев муроҷиат намудем.

Мавсуф сабабҳои асосии болоравии нархи картошкаро дар баланд шудани нархи сўзишворӣ, нуриҳои минералӣ, поруҳои маҳаллӣ ва барқ, ки барои насосҳои обкашӣ пардохт карда мешаванд, унвон кард. Ҳамчунин, илова намуд, ки имрўз кишоварзони ноҳия дар сурати бо нархи паст ба фурўш баровардани маҳсулоти хеш хароҷоте, ки то пухта расидани картошка масраф намудаанд, рўйпўш карда наметавонанд…

Таҳхона ба ҷои сардхона

Дар ноҳия ба ҷои сардхонаҳо таҳхонаҳои бобоӣ мавҷуд аст, ки маҳсулоти кишоварзиро захира мекунанд. Ин дар ҳолест, ки қисми зиёди заминҳои кишоварзии серҳосил дар минтақаҳои наздикўҳӣ ҷойгир мебошанд. Аз ин лиҳоз, аз сабаби сард гардидани иқлим ниёз ба сардхонаҳо намемонад.

Маҳсулоти кишоварзии истеҳсолшуда имрӯзҳо аз тарафи саҳмдорони хоҷагӣ дар таҳхонаҳо захира карда мешаванд. Ҳар сол дар таҳхонаҳои миқёси ноҳия барои дар мавсими зимистон таъмин намудани бозорҳои дохилӣ зиёда аз 3 ҳазор тонна картошка, ҳазор тонна пиёз, 3 ҳазор тонна сабзӣ захира карда мешаванд. Ғунҷоиши ҳар як таҳхонаи шахсии аҳолӣ аз 30 то 150 тонна мебошад. Дар минтақаи Калининобод чунин таҳхонаҳо наздик 500 ададанд.

Ҳамзамон, мавсуф иброз намуд, ки тухмиҳои хушсифати картошка асосан дар минтақаи деҳаи Овчии Ҷамоати деҳоти Ваҳдат парвариш ва дар таҳхонаҳо захира мешаванд. Ин минтақа барои парвариши тухмиҳои хушсифати ватанӣ хеле мусоид буда, кишоварзони вилоят ва ҳатто ҷумҳуриро таъмин мекунад. Қисми зиёди таҳхонаҳо дар се хоҷагии калон, аз ҷумла, Кооперативи истеҳсолии “Овчӣ – Ғончӣ”-и деҳаи Овчӣ, “Хўҷаҳо”-и деҳаи Хўҷаҳо ва ба номи Ҳотам Қурбонови деҳаи Басманда ҷой гирифтаанд.

Майдони гармхонаҳо меафзояд

Чуноне зикр гардид аз тарафи хоҷагиҳои кишоварзӣ 0,62 гектар гармхона бунёд карда шудааст, ки дар фасли зимистон барои таъмини аҳолӣ бо сабзавоти тару тоза истифода бурда мешавад. Сол аз сол майдони гармхонаҳо ва бунёди онҳо аз ҳисоби соҳибкорон ва шахсоне, ки ба истеҳсоли сабзавоти барвақтӣ машғуланд, зиёд мегарданд.

Бунёди 1,5 гектар боғ. Оё ин кам нест?

Имсол дар ноҳияи Деваштич мувофиқи дурнамо мебоист дар майдони 2,23 гектар боғи интенсивӣ бунёд мешуд, вале соли ҷорӣ дар майдони 1,5 гектар чунин боғ бунёд шудаасту халос. Сабаби иҷро нагардидани нақшаи бунёди боғҳо пеш аз ҳама дастрас набудани ниҳолҳо ва гаронии арзиши онҳо мебошанд. Ба ин нигоҳ накарда боғпарварон дар майдони 1,5 гектар боғи интенсивиро бо ниҳолҳои себи навъи семеренко, шакарсеб ва дигар навъҳо бунёд намуданд.

Кишоварзони ноҳия мақсад доранд, ки дар таъмини амнияти озуқавории кишвар ва вилоят саҳмгузор бошанд.

 Улуғбек ХУДОЙБЕРДИЕВ,
Истамҷони НАҶМИДДИН,
 “Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh