Раванди хушзотгардонӣ бояд пеш равад!

Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд 11 ноябри соли ҷорӣ дар бозори «Дӯстӣ»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров намоиш ва фурӯши чорвои зотӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ муовини Раиси вилоят Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ, намояндаи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори муассисаи ҷумҳуриявии зотпарварӣ, хушзоткунӣ ва хариду фурӯши чорвои зотӣ – Мирзозода Музафар Бурҳон, намояндагони раёсатҳои кишоварзии шаҳру ноҳияҳо ва меҳмонон аз манотиқи гуногуни вилоят иштирок доштанд.

Дар ибтидо Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ қайд кард, ки баргузор намудани намоиш ва фурӯши чорвои хушзот ва бо ин роҳ тарғиб намудани дастовардҳои соҳаи чорводорӣ минбаъд барои афзун гардонидани саршумори чорвои зотӣ хусусан дар хоҷагии аҳолӣ ва зиёд шудани истеҳсоли маҳсулоти чорводорӣ заминаи мусоид фароҳам меоварад. Инчунин ӯ илова намуд, ки тибқи маълумоти филиали муассисаи зотпарварӣ, хушзоткунӣ ва хариду фурӯши чорво дар миқёси вилояти Суғд соли равон 6710 сар чорво бо истифода аз ҷиҳозҳои замонавии чорводорӣ хушзот гардонида шуданд. Аз ҳисоби ба таври сунъӣ бордор намудани чорво 4713 сар гӯсолаҳои зотии солим ба даст оварда шудаанд, ки 2173 сари он ба сектори ҷамъиятӣ ва 2500 сараш ба сектори аҳолӣ рост меояд. Айни замон дар миқёси вилоят 97 нуқтаҳои хушзотгардрнии сунъӣ фаъолият дошта, аз онҳо 10 ададашон нуқтаҳои сайёр мебошанд.

Барои боз ҳам рушду равнақ додани соҳаи чорводорӣ дар доираи иҷрои супориши Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ то ин давр дар шаҳру ноҳияҳо 90 нуқтаи хизматрасонии зообайторӣ ташкил карда, мавриди истифода қарор дода шудаанд.

Ҳамчунин аз намоиш ва фурӯши чорвои зотӣ маълум гардид, ки имрӯзҳо дар фермаҳо ва хоҷагии аҳолии вилоят парвариши чорвои зотҳои сегменталӣ, шведӣ ва сиёҳало вусъат ёфта истодааст. Аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати  вилоят бошад «Барномаи рушди соҳаи зотпарварӣ ва хушзоткунии чорво дар вилояти Суғд барои солҳои 2016-2020» мавриди амал қарор гирифта, нақшаи чорабиниҳо пайваста аз ҷониби масъулин иҷро карда мешаванд.

Мирзозода Музаффар Бурҳон аз номи роҳбарияти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд доир намудани намоиш -фурӯши чорво ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд арзи сипос намуда, изҳор дошт, ки чунин чорабиниҳо барои афзун гардидани саршумори чорвои хушзот ва ҷалби таваҷҷӯҳи бештари аҳолӣ ба пешкаш намудани чорвои зотӣ мусоидат менамояд.

Иштирокчиёни фаъол дар номминатсияҳои буқаи бузургҷусса, гови ширдеҳи сермаҳсули хушзот, ҷавонаҳои хушзот, гўсфанди калонтарин, меши беҳтарин ва ғайраҳо бо тӯҳфаҳо ва мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонида шуданд. Намояндагони шаҳру ноҳияҳо ва соҳибкорони инфиродие, ки дар намоиш фаъолона иштирок намуданд, низ бо ифтихорнома ва тӯҳфаҳо қадрдонӣ шуданд.

Ҳамин гуна чорабинӣ-намоиш ва фурӯши чорвои зотӣ дар вилояти Хатлон низ доир карда шудааст.

Улуғбек ХУДОЙБЕРДИЕВ,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh