Аз кишт берун мондани заминҳои корами обӣ: Сабаб ва паёмадҳо

Прокуратураи вилояти Суғд ҳолати истифодаи заминҳои обӣ ва сабабҳои аз кишт берун мондани онҳоро дар ҳудуди вилоят мавриди таҳлил қарор дод. Муайян карда шуд, ки дар ҳудуди вилоят дар маҷмуъ 4036 гектар, аз он 370 гектар замини корами обӣ ва 329,25 гектар замини корами лалмӣ аз кишт берун мондаанд.

Аз шумораи умумии заминҳои обии аз гардиши кишоварзӣ берун монда, 3094,81 гектар замин бинобар набудани об барои обёрӣ, 402,94 гектар бинобар корҳои ғайриқаноатбахши ташкилии хоҷагидорӣ аз ҷониби заминистифодабарандагон, 94,46 гектар дар натиҷаи селоб зер кардани заминҳо (Панҷакент), 72 гектар бинобар шўршавию ботлоқшавӣ (Ашт) ва 67 гектар бинобар кор накардани пойгоҳҳои обкашӣ (Ашт) мебошад.

 Аз шумораи умумии заминҳои обии аз кишт берун монда, 402,94 гектар қитъаи замин бо сабаби ғайриқаноатбахш ба роҳмондани корҳои хоҷагидорӣ аз кишт берун мондааст. Замин барои кишт пурра омодааст, аммо заминистифодабарандагон бо баҳонаҳои гуногун, аз ҷумлаи имконияти молиявӣ надоштан, кам будани оби полезӣ ё қобилияти корӣ надоштан дар масоҳати замини мазкур кишт накардаанд.

Санҷиш муайян намуд, ки дар ҳудуди ноҳияи Ашт аз ҷониби масъулини хоҷагиҳои деҳқонии “Шамсиев-2”, “Шамсиев-4”, “Бародарон-2”, “Бародарон-3”, “Шамсиддин”, “Ниёзматов Ш.” ва “Шамсиев-1” замини обии кишоварзӣ мувофиқи мақсад мавриди истифода қарор дода нашуда, ин заминҳо ба чарогоҳи чорвои хурду калони шохдор табдил дода шудааст.

Ё ин, ки дар ҳудуди ноҳияи Спитамен аз ҳисоби заминҳои хоҷагиҳои деҳқонии “Нур-Темур” 121,57 гектар ва “Меҳри Далён” 20 гектар замини корами обӣ, бинобар фаъолияти ғайриқаноатбахши хоҷагидорӣ ва нагузаронидани корҳои мелиоративӣ аз гардиши кишоварзӣ берун мондаанд. Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бошад, 30 гектар замини обии ҶДММ “Рушди кишоварзӣ”, 25 гектар замини ҶДММ “Сохтмон” ва 10 гектар замини ҶДММ “Фатҳ-М” аз гардиши кишоварзӣ берун мондаанд.

Ба ҳамин монанд, дар ноҳияи Зафаробод бе сабабҳои асоснок заминҳои корами обии хоҷагиҳои деҳқонии “Муъмин-2014”1 гектар, “Ҳомидиён-2017”9 гектар, “Сапидулло” 4,50 гектар ва “Ғолиб” 21,70 гектар аз гардиши кишоварзӣ берун мондаанд.

Аз ин рў, аз ҷониби Прокуратураи вилоят нисбат ба масъулини хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамъиятҳои дар боло зикргардида бо моддаи 156 қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бе сабаб истифода набурдани заминҳои кишоварзӣ парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз шуда, ашхоси гунаҳгор ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд.

Ҳамзамон, санҷиш нишон дод, ки дар ноҳияи Ашт дар маҷмуъ 72 гектар замини корами обӣ, бинобар бемасъулиятии заминистифодабарандагон ва иҷро накардани уҳдадориҳояшон ба ботлоқшавӣ ва шўршавӣ мубаддал гардида, аз гардиши кишоварзӣ берун мондаанд, ки хоҷагиҳои деҳқонии “Меҳрон-1”, “Шамсиддин”, “Малоҳат”, “Комрон”, “Сурайё”, “Н.Ҳувайдуллоев”, “Холматов А”, “Мирзоалиев А”, “Адолат”, “Баҳористон”, “Муродҷон”, “Раҳмонқул” ва “Акмал” мебошанд.

Нисбат ба раисони хоҷагиҳои деҳқонии дар боло зикргардида аз ҷониби Прокуратураи вилоят бо моддаи 142 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои риоя накардани тартиби ҳифз ва истифодаи замин нисбати шахсони масъули хоҷагиҳои кишоварзӣ 42 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шуда, баҳри бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта пешниҳодҳо ирсол гардиданд.

С.ҶАЛОЛЗОДА,
прокурори калони шуъбаи назорати
умумии Прокуратураи вилояти Суғд,
мушовири адлияи дараҷаи II
Нодир ТУРСУНЗОДА,
“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh