Гармхонаҳо: Беэътиборӣ ба парвариши сабзавот

Дар 4 гармхонаи Ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Бобоҷон Fафуров танҳо кабудию пиёз кишт шудаасту халос!...

Дар фаслҳои тирамоҳу зимистон бобати таъмини талаботи аҳолӣ ба сабзавоти тару тоза саҳми гармхонаҳо назаррас арзёбӣ мегардад.

Тибқи иттилои расмии Сарраёсати кишоварзӣ дар вилоят 445 гармхона мавҷуд мебошад. Миқдори аз ҳама зиёди гармхонаҳо дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буда, 131 ададро ташкил медиҳанд, ки танҳо 114 адади он фаъолият бурда, боқимонда 17 адад дар ҳолати ғайриистифода қарор доранд. Аз 24 гармхона як гармхонаи хоҷагии ба номи Раҳмон Набиеви ноҳия дар ҳолати садамавӣ қарор дошта, ду адади дигар умуман истифода нашудааст.

Аз 20 гармхонае, ки дар Ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳия фаъолият доранд, дар се адад кабудӣ ва дар яке пиёзи хитоӣ кишт шудааст. Ин дар ҳолест, ки гармхонаҳо мебояд асосан барои кишти сабзавот, яъне помидору бодиринг истифода шаванд. Албатта кабудӣ ҳам лозим аст, аммо ба кишти сабзавот боястӣ аҳамияти аввалиндараҷа дода шавад.

Мақсади асосии ташкил намудани гармхонаҳо дар вилоят ин дар фасли сармо таъмин намудани аҳолӣ бо маҳсулоти тару тоза буда, бояд нархи онҳо ба аҳолӣ дастрас бошад. Ба гуфти соҳибкор Ибодат Қаюмова, ки дар гармхонаи хоҷагии ба номи Раҳмон Набиев фаъолият дорад, айни ҳол бодиринг аз гармхонаҳо ба бозор бо арзиши 7-8 сомонӣ ба фурўш бароварда мешавад.

Парвариш намудани маҳсулот дар гармхонаҳо, фароҳам овардани шароит барои инкишофу нашъунамои сабзавот танҳо як тарафи масъала аст, аммо ба аҳолӣ бо нархи дастрас пешниҳод намудани он низ бояд мавриди таваҷҷуҳи аввалиндараҷаи масъулини соҳаи кишоварзӣ қарор бигирад. Зиёд шудани шумораи гармхонаҳо ва фаъолияти самараноки онҳо имкон медиҳад, ки маҳсулот дарвоқеъ бо арзиши дастрас пешкаш карда шаванд.

Фаъолияти соҳибкорон дар гармхонҳо иқдоми нек аст ва ҳадаф бояд на танҳо ба даст овардани фоида, балки таъмини аҳолӣ бо сабзавоти тару тоза мебошад.

Улуғбек ХУДОЙБЕРДИЕВ,
«Ҳақиқати Суғд»
Суратгир И.РАБИЕВ

Add comment


Security code
Refresh