Қаламчаи гули садбарг ва маҷнунбед

ё дастуре ба гулпарварон

Шинондану нигоҳубини  гулҳои гуногуни тирамоҳиву зимистона дар қаламрави вилоят бомаром идома дорад. Бояд гуфт, ки шинонидани гул нишонаи зебоипарастиву фарҳанги воло доштани мардумро нишон медиҳад.      

Садбарг гули зебо буда, аз қадимулайём онро мардум ҳамчун нишонаи меҳру муҳаббат ва самимияти афзун дониста, ба ҳамдигар тақдим менамоянд ва зеби маҳфилу ҷашнҳо мешуморанд. Тибқи маълумотҳо алҳол 293 намуди гули садбарг дар Ҷумҳурии Тоҷикистон парвариш карда мешавад.

Парвариши гули садбарг ва ба тарзи қаламча зиёд кардани он кори басо заҳматталаб буда, нигоҳубини хоссаро мехоҳад. Доир бо ин усул афзоиш додани гул боғбон Умаралӣ Боймирзоев чунин гуфт:

- Парвариш ва афзун намудани гули садбарг тарзҳои гуногун дорад, лекин бо усули қаламча шинонидани он дастрас аст. Бо ин роҳ дар давоми як сол метавонем, миқдори зиёдтари гулҳои зебои садбаргро парвариш кунем. Қаламча кардани гули садбарг аз моҳи ноябр оғоз меёбад, зеро нартҳои гули садбарг дар ҳамин моҳ пухта мерасанд. 

Барои қаламчаи гули садбарг ҷойи аз ҳар ҷиҳат мувофиқро муайян ва интихоб кардан лозим аст. Парвариши он зери плёнкаи полиэтиленӣ сурат гирифта бараш бояд як - ду метр бошад, яъне ба паҳноии плёнка муносиб бояд бошад. Аввал хокро побел карда, ба болои он пору мепошем. Сипас, ҷўяк мекушоем, паҳноии ҷойи қаламчашинонӣ бояд 20 см бошад ва ғунҷоиши чор қатор қаламчаи гули садбарг ба он мувофиқ ояд. Заминро  нарм карда, қаламчакуниро оғоз мекунем. Қаламчаро аз гули садбарги кўҳнаи шукуфта гирифта, онро як шабонарўз дар маҳлули перманганати калий нигоҳ медорем. Мақсади коркард бо ин маҳлул эмин доштани буттаҳои гул аз ҳашароти зараррасон мебошад. Пас аз ба анҷом расонидани корҳои зарурӣ ба хоки пештар коркардшуда, қаламчаро гузошта мешинонем. Гули садбарг тақрибан аз 9 май ба шукуфтан оғоз карда, то 15 ноябр меистад ва муҳити зисти моро зебу таровати хосса медиҳад.

Боиси зикр аст, ки имрўз аллакай гулпарварони Боғи истироҳатию фароғатии Камоли Хуҷандӣ, аз ҷумла Улбўсин Алиқулова, Заррина Мансурова, Муҳаббат Алиёрова, Мастона Шодибекова, Умаралӣ Боймирзоев ва дигарон 7 ҳазор қаламчаро дар гармхонаҳои зериплёнкавӣ шинонидаанду тибқи нақша бояд шумораи онро то 11 ҳазор расонанд. Гулпарварони моҳир  кўшиш ба харҷ дода истодаанд, ки соли оянда гулҳои зебову шукуфони садбарг намои Хуҷандшаҳрро бо зебогиаш дигаргун созад.  

Тавре директори боғи фарҳангӣ фароғатии Камоли Хуҷандӣ Абдусалом Шодибеков изҳор дошт, қаламчаҳои гули садбаргро асосан аз маҳаллаҳои шаҳр гирифтаанду пас аз омодашавии қаламчаи гули садбарг ба таври ороишӣ онро ба мавзеъҳои шаҳри Хуҷанд, алалхусус, дар назди Осорхонаи таърихиву кишваршиносии вилоятӣ  мешинонанд. Алҳол парвариши се намуди гули садбарг - сафед, сурх ва заррина ба роҳ монда шудааст, ки ин намуд гули садбарг хеле зебо ва диққатҷалбкунанда мебошад. Ҳамчунин тибқи дастури Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ нақша дорем, ки то охири сол парвариши қаламчаи дарахти маҷнунбедро низ ба таври васеъ дар гармхонаҳои махсус ба роҳ монем. Қаламчаи маҷнунбед ҳам мисли гули садбарг аст, шохаҳои дарахтро бурида, дар гармхона нигоҳубин карда, пас аз 6 моҳ ба шинонидан оғоз мекунем.

Боиси зикр аст, ки қаламчакунии гули садбарг дар қаламрави вилоят идома дошта, гулпарварону боғбонон барои сари вақт дастрас кардани гул ва ободу зебо гардидани мавзеъҳои вилоят ҷидду ҷаҳд доранд.  

Шаҳбонуи СИДДИҚ,
Суратгир Инъомҷони РАБИЗОД
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh