Сайҳун шодоб мегардад

Чуноне ҳамагон огаҳӣ доранд, бо иқдом ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар мавзеи Сомғори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷиҳати истифодаи босамари заминҳои бекорхобида ва бунёди шаҳраки замонавӣ тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ мегарданд.

-Барои бунёди ин шаҳрак ва обёрию ободонии он тибқи лоиҳа се пойгоҳи обкашӣ сохта мешавад. Айни ҳол 2 адади он мавриди истифода қарор дода шудааст, - гуфт зимни суҳбат сармутахассиси Идораи сохтмони асосии вилоят Абдуғаффор Ҳайдаров.

Ҳамчунин ў афзуд, ки оби полезӣ ба шаҳрак аз дарёи Сир бароварда шуда, дар ин раванд фаъолияти пойгоҳҳои обкашии «Сайҳун-1» ва «Сайҳун-2» бомаром идома доранд. Дар ин мавзеъ боғҳои интенсивӣ аз тарафи ташкилоту хоҷагидорон ва сокинон бунёд гардида, сохтмони биноҳои баландошёнаву коттеҷҳои замонавӣ ҷараён дорад. Барои ба боғҳои интенсивӣ бурдани хатти обгузаронӣ аз пойгоҳи обкашии «Сайҳун -1» то «Сайҳун -2» бо қубурҳои қутраш 1020 мм ба масофаи зиёда аз 7 ҳазор метр корҳо рафта истодааст. Аз пойгоҳи обкашии «Сайҳун -2» ба яке аз нуқтаҳои баландтарини ин мавзеъ дар марҳилаи аввал бо қубури қутрашон 720 мм обро кашида, дар ҳавзи ҳаҷмаш 20 ҳазор мукааб метр сохташуда захира мегардад.

Ҳамчунин барои беҳтар намудани вазъи обтаъминкунии шаҳраки навбунёду боғҳои интенсивӣ бунёди хатти баландфишори обтаъминкунӣ бо қубурҳои оҳанини қутраш 720 мм ба масофаи зиёда 15 ҳазор метр идома дорад.

-Алҳол дар ин мавзеъ сокинону хоҷагидорон корҳои сохтмониву бунёди боғу боғдориро вусъат бахшидаанд ва аз ин лиҳоз талабот ба об зиёд гаштааст. Бинобар ин мутахассисони мо аз пойгоҳи обкашии «Сайҳун -2» ба ин минтақа  ба масофаи 6 ҳазору 400 метр хатти баландфишори оби полезӣ кашида, мавриди истифодаи сокинон қарор доданд. Ҳамчунин барои бонизом ба роҳ мондани кори қубурҳои обрасонӣ барои боғҳои интенсивӣ дар байни боғот хатҳои баландфишори обтақсимкунӣ сохтем ва дар ин самт низ корҳо идома дорад, изҳор дошт мавсуф.

Имрўзҳо алакай сокинони зиёде дар шаҳрак бо истифода аз имконоти мавҷуда ҷиҳати ободонӣ, бунёди манзилу боғотазму талош доранд. Бо оби нўшокиву полезӣ таъмин гаштани ин мавзеъ ба ободию сарсабз гаштани шаҳрак мусоидат намуда, бино ба гуфти масъулин рўзҳои наздик маҳаллаҳои он пурра бо об таъмин мегарданд.

Нодир ТУРСУНЗОДА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh