Вазъи истгоҳҳои обкашӣ дар чӣ ҳол аст?

«Фақат ҳамкории мутақобилаи судманд дар соҳаи захираҳои об ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва ҳифзи табиати минтақа, ба нафъи ҳамаи мардумони сокини он мусоидат хоҳад кард».

Эмомалӣ Раҳмон

Мо бояд об - неъмати бебаҳои табиатро сарфакорона истифода бурда, андоз ва арзиши истифодаи барқеро, ки барои он масраф мешавад, саривақт пардохт намоем.

Оре, об манбаи ҳастии ҳамаи мавҷудоти олам аст. Об захираи бузургест, ки воқеияти он ҷаҳону зиндагиро таровату зебоӣ ва сарсабзиву озодагӣ мебахшад. Ҳастии гулу гиёҳ, ҳайвоноту наботот, рустаниву инсоният, хоса зиндагии осоиштаву ободӣ ва озодагиву пурбаракатӣ ҳама аз об вобастагӣ дорад. Обро инсон барои нӯшидан, пухтани хӯрок, шустушӯю сохтани манзил, тозагии кӯчаҳо ва обёрии заминҳо фаровон истифода мебарад.

Аз ин рӯ, давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки пеш аз ҳама, ҳар пораи замини кишоварзӣ ва ҳар сокини кишвар бо ин неъмати табиат таъмин бошанд.

Дар тавозуни Идораи беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳои вилоят зиёда аз 250 ҳазор гектар замини кишоварзӣ мавҷуд буда, аз ин миқдор 175 ҳазор гектараш тавассути обёрии мошинӣ ва 75 ҳазор гектар тавассути ҷӯйбори худҷорӣ обёрӣ мешаванд. Дар 13 идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳои вилоят 174 пойгоҳи обкашӣ ва 116 дастгоҳ дар хизмати марди деҳқон ва кишоварз қарор доранд. Дар мавсими обёрии соли 2017 масъулини соҳа ба миқдори 1 миллиарду 668 миллиону 300 мукаабметр обро барои истифода додаанд.

-Дар баробари дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани хизматрасонӣ дар давраи тирамоҳу зимистони имсола бояд барои мавсими обёрии оянда омодагии ҳамаҷониба дид. Барои ин таъмири истгоҳҳои обкашӣ, дастгоҳҳо, чоҳҳои амудӣ, зеристгоҳҳо, трансформаторҳо, сулул (ячейкаҳо) ва хатҳои барқӣ хуб ба роҳ монда шуда, айни ҳол корбарӣ дар ин самт ҷараён дорад, - иброз дошт муовини сардори Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилоят Абдуллоҷон Солиҷонов.

Дар ноҳияи Бобоҷон Fафуров 12 пойгоҳи обкашӣ дорои 39 дастгоҳ буда, дар мавсими обёрӣ заминҳои кишоварзиро шодоб намудаанд. Азбаски соли баистифодадиҳии пойгоҳҳои обкашии «Оқтош», «Оқтош-1», «Оқтош-2», «Камартӯқай-2», «Фарҳод-1», «Фарҳод-2», «Фарҳод-3», «Фарҳод-4», «А.Неъматов», «Сумчак»-и ноҳияи Бобоҷон Fафуров, «Горизонт-1», «Исфисор-2», «И.Қоҳиров», «Ёва Арал-1», «Юбилейная-1»-и ноҳияи Исфара, «Маҳрам-1», «Ҷигдалик», «Ниёзбек», «Новостройка»-и шаҳри Конибодом, «Дилварзин-1», «ВДК Фирдавсӣ», «Янтоқ»-и ноҳияи Мастчоҳ, «Деҳмой-1», «Родник-1», «Томчисой-2»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов ва дигар пойгоҳҳои обкашии шаҳру ноҳияҳо ба солҳои баъдиҷангии 1946 то солҳои 1990-ум рост меояд, онҳо таъмирталаб гашта, дар сурати сари вақт таъмир нашудан аз истифода баромаданашон аз эҳтимол дур нест. Бинобар он масъулини соҳа кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки барои нигаҳдошти ҳолати пойгоҳҳои обкашӣ чораандешӣ намоянд. Дар шабакаҳои байнихоҷагӣ мувофиқи идораҳои беҳдошти замин ва обёрӣ то 20-уми ноябри соли 2017 дар ноҳияҳои Ашт 9 адад, Айнӣ 6, Бобоҷон Fафуров 26, Зафаробод 5, Исфара 8, Конибодом 4, Мастчоҳ 11, Панҷакент 6, Спитамен 10, Ҷаббор Расулов 24 ва Истаравшан 1 адад дастгоҳ таъмир гардида, дар маҷмӯъ 396 дастгоҳ аз таъмир бароварда шуд. Ҳамчунин, то ин давра 20 чоҳи амудӣ, 10 зеристгоҳ, 15 трансформатор, 89 сулул (ячейка), 2,3 километр хатти барқ, 2,4 километр хатти обёрии пӯшида, 1 километр новаҳо, 54 адад иншооти гидротехникӣ, 51 адад воситаи ченаки об, 15 экскватор ва 7 булдозер таъмир гардида, айни ҳол корбарӣ дар ин самт бомаром ҷараён дорад. Масъулини идораҳои беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳои вилоят дар баробари корҳои таъмир тоза намудани хатти шабакаҳои обёрӣ ва заҳбуру заҳканҳоро ба иҷро расонида, то ин имрӯз 62,7 ҳазор мукаабметр заҳбуру заҳкан ва 142,1 ҳазор мукаабметр хатти шабакаҳои обёриро тоза намуда, ба мавсими навбатӣ омода шуданд.

Ҳарчанд дар соҳаи обрасонӣ мушкилиҳо дида мешаванду идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ ҷиҳати сари вақт андешидани чораҳои зарурӣ дар ин самт корбарӣ доранд, аммо имрӯз ҳам аҳолӣ ва ҳам корхонаҳои саноатию соҳаи кишоварзӣ ва хоҷагидорон бояд дарк намоянд, ки пардохти саривақтии маблағи обу ташноб имконияти кафолати таъминоти мунтазам ва босифати обро дорост.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки бо вуҷуди андешидани чораҳои зарурӣ бархе аз шаҳру ноҳияҳо дар пардохти ҳаққи хизмати обрасонӣ ва барқ ба саҳлангорӣ роҳ дода, бемасъулиятӣ зоҳир менамоянд. Ин аст, ки агар қарзи умумии истифодаи об то 20-уми ноябри соли 2017 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 38986,5 ҳазор сомониро ташкил диҳад, дар Зафаробод 12901,1 ҳазор сомонӣ, Мастчоҳ 12725,6, Бобоҷон Fафуров 3549,5, Спитамен 2311,8, Конибодом 1480,4, Панҷакент 1507,4, Ҷаббор Расулов 1037 ҳазор сомонӣ аз ҳаққи истифодаи об қарздоранд.

Албатта, обрасонӣ тавассути пойгоҳҳои обкашӣ ва дастгоҳҳо сурат гирифта, барои идора кардани он қувваи барқи зиёд масраф хоҳад шуд. Дар сурати сари вақт пардохт кардани маблағи ҳаққи истифодаи барқ низ идораҳои беҳдошти замин ва обёрии шаҳру навоҳӣ тадбирандешӣ намуда бошанд ҳам, пардохти ҳаққи хизмати истифодаи барқ то ҳанӯз нигаронкунанда боқӣ мондааст. «Кори имрӯзаро ба фардо нагузор», мегӯянд дар урфият. Ин гуфтаҳо то андозае ҷой доранд, ки аз напардохтани ҳаққи истифодаи барқ миқдори маблағи супурдашаванда рӯз то рӯз меафзояд. Ба ин рӯйхат шаҳру ноҳияҳои Зафаробод 32242,4 ҳазор сомонӣ, Бобоҷон Fафуров 22982,9, Ашт 22738,5, Мастчоҳ 17170,4, Исфара 1439,3, Айнӣ 1085,9 ҳазор сомонӣ, Конибодом 2447,4 ҳазор сомонӣ ва ғайраҳо ворид мешаванд, ки дар маҷмуъ 109665,5 ҳазор сомонӣ гардидааст. Мебояд, ки масъулини соҳа барои ҳалли ин масъала талаботро пурзӯр ва корбариро ҷоннок намуда, барои ҳарчӣ тезтар кам кардани пардохти ҳаққи истифодаи об ва қувваи барқ чораҳои зарурӣ андешанд, то дар мавсими навбатӣ ин неъмати бебаҳои табиатро ба қадри кофӣ истифода бурда тавонанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ ҳамаи моро ҳушдор медиҳанд, ки барои муҳофизат ва оқилона истифодабарии захираҳои об бо дарки масъулиятшиносӣ ҷаҳду талош намоем.

Шоира САЛИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh