Боғдорӣ сердаромадтарин соҳаи кишоварзист!

Бо мақсади рушди соҳаи боғу токпарварӣ, ғанӣ гардонидани бозори дохилӣ бо мева, зиёд намудани ҳаҷми содироти маҳсулот, таъмини амнияти озуқаворӣ яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар маҳсуб ёфта, ин нукта ба таври ҳамешагӣ дар баромадҳои роҳбарияти ҷумҳурӣ таъкид мегардад.

Дар ин замина бобати рафти иҷрои барномаҳои марбутаи соҳа бо мудири шуъбаи мевапарварии филиали суғдии Институти боғпарварию сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии ҷумҳурӣ Тоҷибой Бойматов суҳбат намудем:

- Воқеан чанд сол инҷониб дар баробари пешрафти соҳоти мухталиф ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти рақами 793 аз 30 декабри соли 2015 «Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 – 2020» тасдиқ гардид. Тибқи ин барнома мо масъулину олимони соҳа дар самти инкишофи боғдорӣ дар мавриди ба назар гирифтани дастовардҳои илмӣ, хусусияти табиати ҳар як минтақа ва ноҳияҳои мевапарварӣ, бо мақсади оқилона шинонидану парвариши навъҳои дарахтони мевадиҳанда эътибори ҷиддӣ диҳем. Алҳол таҷриба тақозо дорад, ки ба навъҳои ниҳоли дергулкуни табиӣ ва тобоварии касаливу ҳашаротҳо диққати бештар диҳем. Шинонидани ин гуна навъҳои зардолу имконият медиҳад, ки баъди гузаштани хунукиҳои аввали баҳор онҳо ғӯра баста, ба гирифтани ҳосили дилхоҳ оварда мерасонад.

-Дар кадом минтақа навъи ниҳолҳо шинонида шуда, бештар ба чӣ гуна омилҳо бояд диққат дод?

- Натиҷаи корҳои илмию тадқиқотии мутахассисон нишон доданд, ки ҳар сол ба ҳисоби миёна 5-8 фоизи боғҳои кӯҳнаи ҳоҷагиҳои вилоят ба азнавбарқароркунӣ эҳтиёҷ доранд. Тибқи тадқиқоти муҳаққиқон масоҳати майдони боғҳои интенсивии меваҳои тухмидор бештар дар шаҳру ноҳияҳои наздикӯҳӣ-Панҷакент, Деваштич, Истаравшан, Исфара ва Ашт, боғҳои интенсивии донакдор дар ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Конибодом, Спитамен, Ҷаббор Расулов ба таври васеъ бояд ҷорӣ карда шаванд.

Дар бунёди боғҳо ба омилҳое, монанди интихоби замин, кӯчати аълосифат, реҷаи шинонидан ва шаклдарории дарахтон аҳамият додан зарур аст,

Ҳамчунин, дар боғҳои воқеъбуда дар фаслҳои тирамоҳу зимистон яхобмонӣ (як дараҷа нобуд кардани ҳашаротҳои зараррасон, зиёд намудани захираи намии замин, эмин доштани гулҳои дарахтон аз хуникиҳои аввали баҳор, кам кардани тухмиҳои алафҳои бегона ва ғайра) манфиати бештар дорад. Бурридан ва ба шаклдарории шохҳои дарахтон яке аз тадбирҳои асосӣ ҳисоб меёбад. Хусусиятҳои хоси биологии дарахтони мевадиҳандаро ба назар гирифта, байни шохсор шамол ва нури офтоб барои таъмини фаъолияти ҷараёни сабзиш зарур мебошад. Шохҳои хушкшуда ва касалро ҳатман мебуранд, то ки ниҳолҳо устувор гарданд.

- ғизонокии замини боғҳо ва таъминот бо нурии минералӣ дар серҳосилии боғҳо нақши муҳим дорад...

- Бале, додани меъёри муқарраршудаи нуриҳои минералӣ ва органикӣ ҳосилнокиро баланд мебардорад, дар хок миқдори зарури элементҳои ғизоӣ таъмин мегардад. Заминҳои санглоху регдор бошанд, камғизо буда, ҳосилнокиашон паст, қобилияти баланди филтркунӣ дошта, ба миқдори пурра додани нуриҳои минералӣ ва органикиро талаб мекунанд. Дар боғҳои ҳосилдеҳ нуриҳои минералӣ бо меъёрҳои N-200 кг, Р-180кг, К-120 кг, дар боғҳои ҷавон бошад, ду баробор кам дода мешавад. Нуриҳои минералии фосфорӣ ва калийдорро ҳангоми шудгори замин дар чуқурии 20-25 см, нурии азотиро бошад, дар ду маврид: якум, баъд аз гулкунӣ дар аввали моҳи апрел, дуюм, дар аввали моҳи июн ворид намудан лозим аст. Нуриҳои органикиро ба боғот бо меъёри 30-40 тонна ба ҳар гектар дар се сол як маротиба додан зарур аст.

-Мехостем, бобати раванди иҷрои бунёди боғҳои интенсивӣ, нигоҳубин ва афзалияти он маълумот диҳед?

-Дуруст таъкид намудед, барои иҷрои қарори Раиси вилоят аз санаи 22 январи соли 2015 оид ба бунёди боғи интенсивӣ дар мавзеи Сомғор зиёда аз 1000 га бо усули обёрии қатрагӣ корҳои зиёде амалӣ шудаанд. Зичии ғунҷоиши ниҳолҳои дар як гектар зиёд барои дарахтони донакдор ҳосил на кам аз 25-30 тонна, тухмидор (себ, нок) зиёда аз 70 тонна мебошад. Дар боғи интенсивӣ корҳои агротехникӣ - шаклдарорӣ, бурридан, чидани мева ва коркарди кимиёвӣ бар зидди касалиҳо ва ҳашаротҳои зараррасон осон ва пурра гузаронида мешавад. Боғи интенсивӣ талаботҳои худро дорад: бояд хоки боғи бунёдшаванда серғизо, ҳосилхез бошад, чунки тагпайванди дарахтон вегитативӣ, решаҳояшон патакреша буда, на он қадар ҷукур ҷойгир мешаванд, барои ҳамин озуқаи зиёдро талаб мекунанд. Соли аввал бояд ба ҳар як бех ниҳол на кам аз 150 г суперфосфат, 60-80 г калий дар вақти тирамоҳ пеш аз шудгор ворид кардан лозим мебошад. Дар обдиҳии қатрагӣ бошад, намнокии замин 65-70 фоиз бояд таъмин гардад. Дар вақти нашъунамои дарахтон озуқаи иловагӣ додан лозим аст. Пас аз ба ҳосил даромадан ду бор озуқаи азотӣ додан ба максад мувофиқ мебошад. Бунёди боғҳои интенсивӣ дар мавзеи Сомғор соли 2015 дар масоҳати 1070 гектар оғоз ёфт. Соли равон дар масоҳати 850 гектар боғи нави интенсивӣ бунёд гардид. Ин мавзеъ асосан ба парвариши дарахтони мевадиҳанда, аз ҷумла зардолу, олу, шафтолу, бодом, ток мутобиқ буда, онҳо хуб нашъунамо ёфта, ҳосили баланд медиҳанд.

Мо, кормандони соҳа, минбаъд низ баҳри амалигардонии дастуру супоришҳо боз ҳам фаъолиятро ҷоннок намуда, ҷиҳати тайёр намудани мутахассисони ҷавони соҳаи боғдорӣ ва рушди он чораҳои зарурӣ меандешем.

Маъмурахон САМАДОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh