Таъмири канал: Раҳоӣ аз беобӣ

Азхудкунии заминҳои обӣ ва бекорхобида дар миқёси вилоят аз ҷониби кишоварзон идома ёфта, дар он зироатҳои ғалладонагӣ ва полезӣ кишт карда мешаванд.

Кишоварзони шаҳри Истаравшан, бахусус дар мавзеи Сексарӣ аз оби полезӣ танқисӣ доранд. Бино ба маълумоти Раёсати кишоварзии шаҳр дар ин мавзеъ 3 ҳазор гектар замини корам мавҷуд буда, аз ин 632 гектар захираи махсус ва 563 гектар замини захираҳои давлатиро ташкил медиҳанд. Асосан дар заминҳои дашти Сексарӣ кишоварзони чаҳор Ҷамоати деҳоти шаҳр, аз ҷумла Зарҳалол, Қалъачаи Калон, Қалъаи Баланд ва Ҷавқандак зироат кишт мекунанд. Имсол дар ин мавзеъ бо сабаби нарасидани оби полезӣ 1279 гектар замин аз кишт бозмонд. Дар майдони 21 гектар боғ бунёд гардида буд, ки аз нарасидани об дарахтон аз афзоиш монданд.

Сардори Раёсати кишоварзии шаҳри Истаравшан Тоҳир Абдувоҳидов иброз дошт, ки алҳол дар ин мавзеъ корҳои таъмири каналҳои обгузар ҷараён дорад. Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд аз ҷониби кормандони Идораи сохтмони асосии вилоят таъмири канали СМКА - 1 ва КНС – 4 идома дошта, ҳудуди наздик 200 метри он тавассути семент мустаҳкам ва барои обёрӣ намудани заминҳои кишт омода шуда истодаанд.

Тоҳир Абдувоҳидов иброз дошт, ки пойгоҳи обкашии КНС- 4 борҳо таъмир гардида бошад ҳам, ҳанӯз ба тармим ниёз дорад. Норасоии оби полезӣ мушкилии асосии ин мавзеъ ба ҳисоб рафта, дар сурати идома ёфтани чунин вазъият садҳо гектар замини кишти ин мавзеъро метавон аз даст дод.

Истамҷони НАҶМИДДИН,
"Ҳақиқати Суғд"

Add comment


Security code
Refresh