Заминро ба эҳтиёҷмандон бояд дод!

Прокуратураи вилоят ҳолати иҷрои қонунгузории марбут ба заминро мунтазам мавриди санҷиш қарор дода, ҳолатҳои самаранок ва оқилона истифода бурдани замин, бахусус заминҳои корами обиро зери назорати қатъӣ гирифтааст.

Санҷишҳои прокурорӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки аксари раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳангоми таҳия ва қабули қарорҳо оид ба қонунгузории замин, бахусус, ҳангоми ҷудо намудани қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ба шаҳрвандон, ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои сохтмони ҳар гуна иморату иншоот ва ташкили хоҷагиҳои деҳқонию кооперативҳои истеҳсолӣ ба қонунвайронкуниҳои ҷиддӣ роҳ доданд, ки ин ҳолат боиси қабули қарорҳои ғайриқонунии онҳо мегардад.

Дар ин давра аз ҷониби мақомоти прокуратураи вилоят ба 194 қарори раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят вобаста ба замин эътироз оварда шудааст, ки ба шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров, Истаравшан, Исфара, Спитамен, Ашт, Зафаробод ва Деваштич, Мастчоҳ, Конибодом, Ҷаббор Расулов, Айнӣ, Панҷакент, Шаҳристон, Истиқлол, Бўстон, Гулистон ва Кўҳистони Мастчоҳ рост меояд.

Санҷишҳо муайян намуданд, ки фаъолияти комиссияҳои ҷамъиятии шаҳру ноҳияҳо оид ба тақсимоти заминҳои наздиҳавлигӣ ба оилаҳои эҳтиёҷманд то ҳанўз ба талаботи қонунгузории ҷорӣ ҷавобгў нест. Масалан, фаъолияти комиссияи ҷамъиятии шаҳрҳои Исфара ва Истаравшан аз ҷониби кормандони дастгоҳи Прокуратураи вилоят мавриди санҷиш қарор дода, муайян карда шуд, ки дар асоси қарорҳои ғайриқонунии раисони шаҳрҳои мазкур дар давраи соли 2016 ба 23 нафар сокини Ҷамоатҳои деҳоти Чоркўҳ ва Сурхи шаҳри Исфара ва 12 нафар сокини Ҷамоатҳои Гули Сурх ва Зарҳалоли шаҳри Истаравшан бо пешниҳоди комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба тақсимоти заминҳои наздиҳавлигӣ, қитъаи замини наздиҳавлигӣ ғайриқонунӣ ҷудо ва вобаста карда шудааст, ки дар асоси санадҳои эътиноии прокурорӣ қарорҳо бекор ва масъулини комиссияи ҷамъиятии тақсимоти заминҳои наздиҳавлигии ҷамоатҳои деҳоти зикргардида ба ҷавобгарии интизомӣ кашида шуданд.

Дар ин давра, дар маҷмуъ ба 14 қарори раисони шаҳру ноҳияҳо ва комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба ҷудо намудани қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ эътироз оварда шуда, 106 нафар аз рўйхати эҳтиёҷмандон барои гирифтани қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ бинобар воқеан эҳтиёҷманд набуданашон хориҷ карда шуда, ба ҳисоби миёна зиёда аз 8,48 гектар қитъаи замин ба заминистифодабарандаи аввалиндараҷа (мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо) баргардонида шуданд.

Дар ин давра аз ҷониби прокуророни шаҳру ноҳияҳои вилоят зиёда аз 145 парвандаи ҷиноятӣ оид ба худсарона ишғол намудани қитъаи замин ва сохтмони ғайриқонунӣ дар ин қитъаҳои замин бо қисми 2, моддаи 338 Кодекси ҷиноятӣ оғоз ва тафтиш карда шудааст.

Вобаста ба бартараф намудани қонунвайронкуниҳои ҷойдошта ва сабабу шароитҳои ба он мусоидаткунанда, аз ҷониби Прокуратураи вилоят ба унвонии раиси Кумитаи идораи замини вилоят ва раисони шаҳру ноҳияҳо пешниҳодҳо ирсол гардида, аз натиҷаи баррасии ин пешниҳодҳо 8 нафар масъулини кумитаҳои идораи замини шаҳру ноҳияҳо ва 32 нафар шахсони масъули мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳои деҳот ба ҷавобгарии интизомӣ кашида шудаанд.

Ҳамзамон, тавассути чораҳои андешидашудаи прокурорӣ дар маҷмуъ 2086,18 гектар қитъаи замин, аз ин 1302,53 гектар замини кишоварзӣ, 749,3 гектар фонди давлатии ҷангал, 24,35 гектар маҳалли аҳолинишин ва 10 гектар фонди об ба ҳолати аввала баргардонида шуданд.

 С.ҶАЛОЛЗОДА,
прокурори калони шуъбаи назорати умумии
Прокуратураи вилояти Суғд,
мушовири адлияи дараҷаи 2,
Нодир ТУРСУНЗОДА,
“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh