Боғҳои нав доман мекушоянд

Бунёди боғ аз қадимулайём яке аз корҳои хайр ба шумор меравад. Парвариш кардани дарахтон, ба даст овардани ҳосили фаровон ва пешкаши мардум намудан мақсадест, ки баҳри он боғбон пайваста меҳнати пурмаҳсул мекунад. Боғу токпарварӣ яке аз самтҳои муҳими соҳаи кишоварзӣ аст.

Имрӯз «Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020»-ум амалӣ шуда истодааст. Дар робита бо амалигардонии барномаи мазкур дар парвариш ва истеҳсолот ҷорӣ намудани дастовардҳои илм ва таҷрибаи пешқадам боз ҳам вусъат меёбад. Инчунин бунёд намудани боғҳо бо истифодаи технологияи интенсивӣ, обёрии қатравӣ ва дигар усулҳои самараноки соҳаи кишоварзӣ ҷараён доранд.

Тибқи иттилои Сарраёсати кишоварзии вилоят дар давоми солҳои 2016-2020 бунёди боғу токзорҳои нав дар майдони 5402 гектар пешбинӣ гардидааст. Аз 4742 гектар 660 гектарро бояд токзор ташкил диҳад.

Соли равон дар ҳудуди вилоят бунёд намудани 1035 гектар боғу токзорҳои нав ба нақша гирифта шуда, иҷрои он ба 1 декабри соли ҷорӣ 1116,7 гектарро ташкил додааст, ки 107,9 фоизи нишондод мебошад. 826 гектари боғҳои бунёдгардида дарахтони меваҳои донакдор, 166,2 гектар дарахтони тухмидор, 39,7 гектар мағздор ва 9 гектарро майдони боғи субтропикӣ ташкил додаанд.

Айни ҳол таваҷҷуҳи кишоварзон ва боғпарварон барои бунёди боғҳои интенсивӣ зиёд гардида, ин имконият медиҳад, ки дар муддати кӯтоҳ бо истифода аз обмонии қатравӣ ҳосили фаровон ба даст оварда шавад. То 1 декабри соли равон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 21,2 гектар боғҳои интенсивӣ бунёд гардидаанд.

Дар шаҳру ноҳияҳои Исфара 10 гектар, Шаҳристону Спитамен 3 гектарӣ, Деваштич 2,2 гектар, Панҷакент, Бобоҷон Ғафуров ва Конибодом 1 гектарӣ боғҳои интенсивӣ қомат рост карданд.

Инчунин, аз тарафи кишоварзон дар талу теппаҳо барои бунёди боғ корҳо рафта истодаанд, ки аз 202 гектар боғҳои бунёдгардида 59 гектари онро токзор ташкил медиҳад. Дар доираи «Барномаи рушди боғу токпарварӣ барои солҳои 2016-2020» аз нав барқарор кардани боғу токзорҳои кӯҳна низ ба назар гирифта шудааст. Аз ин лиҳоз, бо меҳнати боғпарварон 1055 гектар боғу токзор нав карда шуд. Дар ҳудуди вилоят барқароркунии 999 гектар боғҳои кӯҳна ба роҳ монда шуд, ки нисбат ба соли пешин 368 гектар зиёд мебошад. Ҳамзамон, барқароркунии боғҳои кӯҳна дар майдони 56,4 гектар ба иҷро расидааст.

Бунёди боғу токзор барои ноил гардидан ба ҳадафи стратегии мамлакат-таъмини амнияти озуқаворӣ, ғанӣ гардонидани бозори дохилӣ бо меваю ангур ва содироти маҳсулот ба хориҷи кишвар мусоидат менамояд. Афзун намудани парвариши дарахтони мевадиҳанда ва ток ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, паст намудани сатҳи камбизоатӣ ва таъмини аҳолӣ бо ҷойи кор боис мегардад.

Албатта, ҳосили фаровон самараи меҳнати софдилонаи боғбон аст ва саҳмгузорӣ дар бобаракот гардонидани дастархони мардум боиси сарфарозист.

Улуғбек ХУДОЙБЕРДИЕВ,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh