Шиносоии Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни омодагиҳо ба мавсими нави киштукор дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати андешидани чораҳои иловагӣ ба хотири омодагӣ ба мавсими нави киштукор дар вилояти Суғд тадбирҳои зарурӣ амалӣ мешаванд.

Бо мақсади иҷрои супоришҳои Сарвари давлат ва дар асоси амри роҳбари вилоят ситоди доимамалкунанда вобаста ба ташкилу назорати яхобмонӣ ва шуршӯӣ таъсис дода шуда, ин масъала таҳти таваҷҷуҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят қарор дорад.

Нимаи дуюми рӯзи 16 январ иҷрокунандаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни омодагии соҳаи кишоварзӣ ба киштукори баҳорӣ аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров боздид намуд. Ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз минтақаҳои аграрии вилоят ба ҳисоб рафта, самаранок истифода бурдани захираву имкониятҳои истеҳсолӣ ва ба роҳ мондани маданияти заминдорӣ метавонад ҳиссаи ин ноҳияро дар рушди иқтисодии вилоят афзунтар гардонад. Аммо боздиди корӣ нишон дод, ки на дар ҳамаи хоҷагиҳои ноҳия нисбат ба масъалаи истифодаи оқилонаи замин муносибати ҷиддӣ ба роҳ монда шудааст. Масалан, дар мисоли хоҷагии Пӯлод Бобокалонови Ҷамоати деҳоти Ғозиён заминҳо ҳанӯз аз ғӯзапоя тоза карда нашуда, ақибмонии шудгор ба назар мерасад. Илова бар ин, ҳолати тозагии ҷӯйборҳо ва тартиби дарахтон ба талаботи меъёрҳои экологӣ ҷавобгӯ набуда, рафти тайёрӣ ба мавсими кишт ғайриқаноатбахш арзёбӣ гардид.

Хоҷагии Пӯлод Бобокалонов дорои 1800 гектар замин, аз ҷумла 1400 гектар замини обӣ буда, дар 900 гектари он хоҷагиҳои деҳқонӣ  ташкил карда шудаанд. Иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва масъулини соҳа дар ин самт эроди ҷиддӣ гирифта, ба  роҳбарияти ноҳия, кумитаи замин, раёсати кишоварзӣ,  шуъбаи ҳифзи муҳити зист ва раиси ҷамоат супориш дод, ки камбудиҳои ҷойдоштаро дар самти оқилонаю самаранок истифода бурдани замин, тоза кардани он аз ғӯзапоя, вусъати маъракаи шудгор ва яхобмонию шуршӯӣ,  тоза кардани ҷӯйборҳо ва ба тартиб даровардани дарахтон дар муҳлати 10 рӯз бартараф намоянд. Дар акси ҳол, нисбати масъулини соҳа ва худи заминистифодабарандагон аз рӯи талаботи кодекси замин чора андешида хоҳад шуд. Идораи ҳифзи муҳити зисти вилоят дар якҷоягӣ бо идораи замини вилоят вазифадор карда шуданд, ки ҷиҳати самаранок истифодабарии заминҳои обӣ санҷиш гуазронида, нисбати хоҷагидорони бемасъулият чораандешӣ то бозпас гирифтани замини кишоварзиро амалӣ намоянд. Барои саривақт ба анҷом расондани  шудгори замин тавсия дода шуд, ки трактори тамғаи “К 700” ҷалб карда шавад.

Вазъи заминҳоро роҳбари вилоят дар хоҷагиҳои дигари ноҳия низ мавриди назар қарор дод. Дар хоҷагии Ҷаббор Расулови Ҷамоати деҳоти Ёва омодагии хоҷагидорон ба мавсим қаноатбахш аст. Дар аксари заминҳои ин хоҷагӣ шудгор ба роҳ монда шуда, маъракаи яхобмонӣ ва шуршӯӣ идома дорад. Саҳмдорони ин хоҷагӣ асосан ба пахтакорӣ машғул буда, соли гузашта 25 сентнерӣ ҳосил  ба даст овардаанд. Дар шароити кунунӣ дар заминҳои обӣ кам кардани кишти ғалла  ва афзун намудани майдони пахта, инчунин ташкили семинарҳои дастурдиҳӣ ҷиҳати фаҳмонидани усулҳои зиёд намудани ҳосил ба деҳқонон мувофиқи матлаб арзёбӣ гардид.

Роҳбари вилоят ба кишоварзон тавсия дод, ки аз тухмиҳои серҳосил истифода бурда, роҳу усулҳои манфиатбахшро ҷиҳати афзун намудани ҳосилнокии пахта истифода баранд. Дар ин замина, ба масъулони Ассотсиатсияи илмию истеҳсолии Раҳмон Набиев дастур дода шуд, ки дар ҳамкорӣ бо олимону мутахассисони соҳа ҷиҳати дарёфти навъҳои наву ҳосилдеҳи тухмиҳо чораандешӣ кунанд. Вазъи бошишгоҳи трактории хоҷагии Раҳмон Набиеви ноҳия низ беҳбудиро тақозо дорад. Роҳбари вилоят дар мисоли ин бошишгоҳ супориш дод, ки гуруҳи корӣ ташкил карда шуда, ҳолати тамоми паркҳои тракторӣ омӯхта ва ҷиҳати барқарорсозии онҳо тадбир андешида шавад. Зеро дар шароити кунунӣ бе мавҷудияти техникаи замонавӣ пеш бурдани соҳаи кишоварзӣ душвор мебошад. Дар ин самт таҳияи лоиҳаҳои мушаххаси имтиёзнок барои воридоти техникаи киштварзӣ мусоидат хоҳад кард. Рафти омодасозии заминҳо ба кишти баҳорӣ дар хочагии Абдураҳим Ҷумъаев  низ хуб ба роҳ монда шуда, деҳқонон ба яхобмонии майдонҳо машғуланд. Раҷаббой Аҳмадзода аз фаъолияти деҳқонони ин хоҷагӣ қаноатманд шуда, таъкид кард, ки ҳар нафари заминдор бояд ба ин неъмати ризқофар дилсӯзона муносибат кунад ва онро оқилона истифода барад.

Роҳбари вилоят ба вазъи обрасонии ноҳия низ дар мисоли канал ва пойгоҳи обкашии Хоҷабоқирғон таваҷҷуҳ зоҳир намуд. Манбаи оби сойи Хоҷабоқирғон асосан хоҷагиҳои Раҳмон Набиев, Пӯлод Боокалонов ва Ҷаббор Расуловро бо оби худҷорӣ таъмин мекунад. Пойгоҳи обкашии Хоҷабоқирғон -1 бошад, соли 1958 сохта шуда, беш аз 14 ҳазор гектар заминҳои ноҳияро шодоб менамояд. Ин пойгоҳ аз се иншоот иборат буда, дар маҷмуъ 24 дастгоҳ дорад, ки 14 адади он  аз таъмир бароварда шудааст. Дар пойгоҳ айни замон 62 нафар фаъолият мебаранд. Бо назардошти ба миён омадани зарурати яхобмонӣ тибқи супориши Сарвари давлат, роҳбари вилоят мутасаддиёни ноҳияро дастур дод, ки омодасозии  пойгоҳҳоро ба зудӣ анҷом дода, дар ин замина ҷиҳати дарёфти қисмҳои эҳтиётӣ, таъмиру  рангубори иншоот ва риояи қоидаҳои бехатарӣ чораҳои зарурӣ андешанд. Бо ин мақсад дастур дода шуд, ки дар сатҳи вилоят ситоди корӣ ташкил ва ҳолати воқеии тамоми пойгоҳҳои қаламрави вилоят омӯхта, барои фаъолияти бонизоми онҳо тадбир андешида шавад. Зеро пешрафти соҳа асосан аз кори пойгоҳҳо вобаста буда, таъминоти саривақтии об ба ҳалли масъалаи амнияти озуқаворӣ таъсири мусбат хоҳад расонид.

Дар маҷмуъ, кишоварзони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соли равон дар майдони зиёда аз 24100 гектар кишти зироатҳоро ба  нақша гирифтаанд, ки 1120 гектарашро кишти тирамоҳӣ ва боқимондаашро кишти баҳорӣ ташкил медиҳад. Аз ҷумла, майдони пахта 7500 гектар ва  майдони сабзавот наздик 3 ҳазор гектар, аз ҷумла пиёз 1700 ва картошка 190 гектарро фаро мегиранд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh